Инҷили Луқо 18 Боб
1 Баъд Исо ба онҳо масалеро нақл кард, то бидонанд, ки бояд ҳамеша дуо бигӯянд ва ҳеҷ вақт рӯҳафтода нагарданд.
2 Ӯ гуфт: «Дар як шаҳр қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошту на шарме аз мардум.
3 Дар он шаҳр бевазане низ буд, ки ҳамеша ба назди ӯ омада мегуфт: „Ин масъалаи маро бо душманам ҳал кун“.
4 Қозӣ муддати дурудароз талаби ӯро рад мекард, вале дар охир ба худ гуфт: „Гарчанде ман на тарсе аз Худо дораму на шарме аз мардум,
5 вале, азбаски ин бевазан маро ба ҳолам намегузорад, ӯро ҳимоя мекунам, то ҳар гоҳ омада, маро безор накунад“».
6 Сипас, Худованд Исо пурсид: «Шумо шунидед, ки ин қозии беадолат чӣ мегӯяд?
7 Наход Худо интихобкардагони Худро, ки шабу рӯз ба даргоҳаш зорию тавалло мекунанд, муҳофизат накунад? Магар Худо дер мекунад?
8 Ба шумо мегӯям, ки Худо онҳоро зуд муҳофизат мекунад. Вале оё Писари Одамизод вақти омаданаш дар рӯйи замин имонро ёфта метавонад?»
9 Баъд Исо ба онҳое, ки дар бегуноҳ будани худ шубҳа надоштанд ва дигаронро паст мешумурданд, чунин масалро нақл кард:
10 «Ду кас барои дуогӯйӣ ба маъбади Худо даромаданд. Яке фарисӣ буду дигаре андозгир.
11 Фарисӣ рост истода, дар дилаш чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки мисли одамони дигар дузд, бадкор ё зинокор ва ҳам монанди ин андозгир нестам.
12 Ман ҳар ҳафта ду бор рӯза мегирам ва аз ҳар даромаде, ки дорам, ҳиссаи даҳумашро месупорам“.
13 Вале андозгир дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки сарашро боло карда, ба осмон нигарад. Вай танҳо бар қафаси синааш мушт зада мегуфт: „Худоё! Ба мани гунаҳкор раҳм кун!“
14 Ба шумо мегӯям, ки на фарисӣ, балки ҳамин андозгир сафед шуда, ба хонааш баргашт. Зеро ҳар кӣ худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор месозад, сарбаланд мешавад».
15 Одамон ҳатто кӯдакони хурдсолашонро ба назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузорад. Вале шогирдон инро дида, мардумро сарзаниш карданд.
16 Исо кӯдаконро ба наздаш ҷеғ зада, гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд.
17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он намедарояд».
18 Яке аз сардорон аз Исо пурсид: «Эй Устоди нек! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?»
19 Исо аз ӯ пурсид: «Чаро Маро нек мегӯйӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас нек нест.
20 Ту фармоишҳои Худоро медонӣ: „зино накун, қатл накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“».
21 Вай ба Исо ҷавоб дод: «Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам».
22 Исо инро шунида гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад. Ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ дороӣ дар осмон пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
23 Вале он мард инро шунида, бисёр ғамгин шуд, чунки хеле сарватманд буд.
24 Исо ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани одамони доро бениҳоят душвор аст.
25 Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд».
26 Онҳое, ки Ӯро мешуниданд, пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»
27 Исо ҷавоб дод: «Ҳар чизе, ки барои одамизод ғайриимкон бошад, барои Худо имконпазир аст».
28 Он гоҳ Петрус гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем».
29 Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири Подшоҳии Худо аз баҳри хона, ё зан, ё бародарон, ё падару модар, ё фарзандон гузашта бошад,
30 дар ин дунё ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар пайдо мекунаду дар он дунё ҳаёти абадӣ насибаш мегардад».
31 Исо он дувоздаҳ шогирдро ба як тараф бурда, ба онҳо гуфт: «Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе, ки пайғамбарон дар бораи Писари Одамизод навиштаанд, ба амал хоҳад омад.
32 Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. Онҳо Ӯро масхара ва ҳақорат карда, ба Вай туф мекунанд
33 ва қамчинкорӣ намуда, ба қатл мерасонанд, вале Ӯ дар рӯзи сеюм зинда мешавад».
34 Лекин шогирдон аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд. Маънои суханони Исо аз онҳо пӯшида монд ва онҳо намефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ сухан меронад.
35 Вақте ки Исо ба шаҳри Ариҳо наздик мешуд, марди нобиное дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид.
36 Чун нобино шунид, ки аз наздаш мардуми зиёде мегузаранд, пурсид: «Чӣ гап шудааст?»
37 Ба вай гуфтанд, ки аз он ҷо Исои Носирӣ гузашта истодааст.
38 Он нобино фарёд зада, гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кун!»
39 Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда, мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ боз баландтар дод зада, мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кун!»
40 Исо аз роҳаш бозистода, фармуд, ки он нобиноро ба наздаш биёранд. Вақте ки ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид:
41 «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Вай ҷавоб дод: «Хоҷа! Мехоҳам чашмонам бино шавад».
42 Исо гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо дод».
43 Худи ҳамон лаҳза чашмони вай бино шуд ва ӯ Худоро ситоишкунон аз паси Исо рафт. Тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано мехонданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24