Инҷили Матто 1 Боб
1 Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд:
2-11 Аз замони Иброҳим то замони шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Яъқуб, писарони Яъқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Порасу Зараҳ (модари онҳо Томор буд), писари Порас Ҳесрун, писари Ҳесрун Ром, писари Ром Амминодоб, писари Амминодоб Наҳшун, писари Наҳшун Салмун, писари Салмун Буаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Буаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Ишой ва писари Ишой шоҳ Довуд.
(6б-11) Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештар зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Юшофот, писари Юшофот Юром, писари Юром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омун, писари Омун Юшиё ва писарони Юшиё Якунёву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиёнро асир гирифта, ба сарзамини Бобил бурданд.
12-16 Аз замони ба сарзамини Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Якунё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Яъқуб ва писари Яъқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо мебошад.
17 Инак, аз Иброҳим то шоҳ Довуд ҳамагӣ чордаҳ насл ва аз шоҳ Довуд то замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён чордаҳ насл ва аз замони асирӣ то Масеҳ чордаҳ насл гузаштааст.
18 Таваллуди Исои Масеҳ чунин буд: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз хонадоршавӣ дар батни Марям аз қудрати Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо кӯдак пайдо шуд.
19 Азбаски Юсуф некукор буд, нахост, ки Марямро дар пеши мардум шарманда кунад. Барои ҳамин ӯ ба хулоса омад, ки пинҳонӣ аз вай ҷудо шавад.
20 Ҳангоме ки ӯ дар чунин фикр буд, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф, насли шоҳ Довуд! Аз оиладор шудан бо Марям натарс, чунки ин кӯдак дар батни ӯ аз қудрати Рӯҳулқудс пайдо шудааст.
21 Ӯ Писар таваллуд мекунад ва ту бояд ба Ӯ Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи Худро аз гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод».
22 Ҳамаи ин воқеаҳо барои ба амал омадани гуфтаҳои Худованд, ки аллакай ба воситаи пайғамбар пешгӯйӣ шуда буданд, рӯй доданд:
23 «Духтаре ҳомиладор мешавад ва писаре таваллуд мекунад, ки ба Ӯ Имонуил, яъне „Худо ҳамроҳи мо“ ном медиҳанд».
24 Юсуф аз хоб бедор шуда, фармони фариштаи Худовандро ба ҷо овард. Ӯ Марямро ба занӣ гирифт,
25 вале то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамбистар нашуд. Вақте ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28