Инҷили Матто 16 Боб
1 Баъд аз чанд вақт ба назди Исо баъзе аз фарисиён ва саддуқиён омаданд. Онҳо Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки барояшон аз ҷониби Худо аломате диҳад.
2 Аммо Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар шомгоҳон осмон кушода бошад, шумо мегӯед, ки пагоҳ ҳавои нағз мешавад.
3 Агар субҳидам осмон тираву гирифта бошад, мегӯед, ки имрӯз шамолу борон мешавад. Шумо аломатҳои осмонро дида, боду ҳаворо фаҳмида метавонеду аломатҳои замонаро дида, онҳоро муайян карда наметавонед.
4 Фақат насли баду бевафо аломат талаб мекунад! Худо ба ин насл ба ғайр аз аломате, ки ба Юнус пайғамбар рӯй дод, аломати дигаре намедиҳад». Инро гуфта, Ӯ аз наздашон рафт.
5 Вақте ки шогирдон ба тарафи дигари баҳр расиданд, диданд, ки бо худ нон гирифтанро фаромӯш кардаанд.
6 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт кунед».
7 Он гоҳ шогирдонаш ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби бо худ нон нагирифтанамон инро гуфт».
8 Лекин Исо инро фаҳмида гуфт: «Имонатон суст аст! Чаро шумо нон нагирифтанатонро фикр мекунед?
9 Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар якчанд сабад ҷамъ кардед?
10 Ё он ҳафт нонро, ки чор ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар якчанд сабад ҷамъ кардед, дар ёд надоред?
11 Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!»
12 Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ на аз хамиртуруши нон, балки аз таълимоти фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шуданро дар назар дошт.
13 Исо бо шогирдонаш ба вилояте рафт, ки дар атрофи шаҳри Қайсарияи Филиппус ҷойгир шуда буд. Дар он ҷо Ӯ ба онҳо савол дод: «Одамон Писари Одамизодро кӣ мегӯянд?»
14 Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз пайғамбарони гузаштаи дигар омадааст».
15 Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?»
16 Шимъуни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ва Писари Худои зинда ҳастӣ».
17 Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Ту хушбахт ҳастӣ, Шимъун, писари Юнус! Чунки инро ба ту на одамон, балки Падари Ман ки дар осмон аст, кушодааст.
18 Бинобар ин, ба ту мегӯям, ки ту Петрус, яъне санг ҳастӣ ва дар болои ин санг Ман ҷамоати Худро бино менамоям, ки онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд.
19 Ман ба ту калидҳои Подшоҳии Худоро медиҳам ва ҳар чиро ки ту дар замин манъ кунӣ, Худо онро аз осмон манъ мекунад ва ба ҳар чи ки иҷозат диҳӣ, Худо ба он аз осмон иҷозат медиҳад».
20 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш таъкид кард, ки Масеҳ будани Ӯро ба касе нагӯянд.
21 Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш ошкоро мегуфт, ки бояд ба Уршалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат бисёр азоб кашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз зинда мешавад.
22 Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда, сарзаниш карда, гуфт: «Эй Хоҷа, Худо нишон надиҳад! Он чи гуфтӣ, ба сарат наояд!»
23 Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда, гуфт: «Дур шав аз Ман, эй шайтон! Ту пеши роҳи Маро мегирӣ, чунки ту на мисли Худо, балки мисли инсон фикр мекунӣ!»
24 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад.
25 Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
26 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Магар одамизод бар ивази ҷони худ товоне дода метавонад?
27 Писари Одамизод бо шӯҳрату ҷалоли Падараш ҳамроҳи фариштаҳои Худ омада, ба ҳама мувофиқи амалашон подош медиҳад.
28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, Писари Одамизодро мебинанд, ки барои подшоҳӣ кардан меояд».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28