Инҷили Матто 7 Боб
1 Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор накунед, то ки худ айбдор ҳисоб нашавед.
2 Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор кунед, ҳамон тавр шумо низ айбдор ҳисоб мешавед ва бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд.
3 Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед?
4 Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, ҳол он ки дар чашми худатон кунда доред?
5 Эй дурӯяҳо! Аввал кундаро аз чашми худатон бароред, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
6 Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон напартоед, то ки марворидро поймол карда, шуморо надаранд.
7 Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад.
8 Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
9 Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг диҳад?
10 Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мор медиҳад?
11 Агар шумо бо вуҷуди дилсиёҳиатон ба фарзандони худ додани чизҳои хубро донед, чӣ қадар Падари осмонии шумо тайёр аст чизҳои хубро ба онҳое диҳад, ки аз Ӯ металабанд.
12 Ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед. Зеро асоси шариати Мусо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст.
13 Аз дарвозаи танг дароед, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва касоне, ки аз он мегузаранд, бисёр ҳастанд.
14 Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд.
15 Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо дар намуди гӯсфандон меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони даранда ҳастанд.
16 Шумо онҳоро аз рӯйи амалашон мешиносед. Оё аз буттаи хор ангур ё анҷир мечинанд?
17-18 Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти бад меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад.
19 Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд.
20 Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз амалашон мешиносед.
21 На ҳама касоне, ки Маро доимо Хоҷаи худ меноманд, ба Подшоҳии Худо медароянд. Фақат онҳое, ки хости Падари Маро, ки дар осмон аст, иҷро мекунанд, ба Подшоҳии Худо медароянд.
22 Ҳангоме ки рӯзи қиёмат фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Хоҷа! Магар мо ба номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар ба номи Ту ҷинҳоро ронда, муъҷизаҳои зиёд нишон намедодем?“
23 Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам!“
24 Пас ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди марди дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд.
25 Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бошиддат бар он хона вазид, лекин хона фурӯ нарафт, чунки дар болои санг сохта шуда буд.
26 Вале ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онро иҷро намекунад, монанди марди беақлест, ки хонаашро дар болои рег сохта буд.
27 Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бошиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд».
28 Вақте ки Исо суханони Худро ба охир расонд, мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд,
29 зеро Ӯ на ба монанди устодони шариат, балки чун шахси соҳибқудрат онҳоро таълим медод.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28