Инҷили Матто 27 Боб
1 Саҳарии барвақт ҳамаи коҳинони калон ва пирони қавм маслиҳат карданд, ки Исоро ба қатл мерасонанд.
2 Бо фармони онҳо Исоро даст баста, аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд.
3 Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш пушаймон шуд. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро ба коҳинони калон ва пирон баргардонда,
4 ба онҳо гуфт: «Ман ба одами бегуноҳ хиёнат карда, гуноҳ кардам». Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат».
5 Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯйи фарши маъбади Худо партофту аз он ҷо рафта, худро овехт.
6 Коҳинони калон он тангаҳоро гирифта, гуфтанд, ки аз рӯйи қонун ин пулро ба хазинаи маъбади Худо андохтан мумкин нест, чунки бар ивази ин пул хуни одам рехта шудааст.
7 Баъд бо розигии ҳама онҳо замини кӯзагарро хариданд, то ки он қабристони мусофирон бошад.
8 Барои ҳамин, он замин то имрӯз «Замини Хунин» номида мешавад.
9-10 Ҳамчунин, пешгӯйии Ирмиё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд: «Аз рӯйи фармоне, ки Худованд ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағеро, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, барои харидани замини кӯзагар сарф карданд».
11 Акнун, ки Исо дар назди ҳокими румӣ меистод, ҳоким аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?»
Исо ҷавоб дод: «Ту ҳамин тавр мегӯйӣ».
12 Лекин ҳангоме ки коҳинони калон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод.
13 Пас Пилотус ба Ӯ гуфт: «Магар намешунавӣ, ки Туро то чӣ андоза айбдор мекунанд?»
14 Аммо Вай ба ҳеҷ яки ин айбдоркуниҳо ҳам ҷавобе надод. Ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид.
15 Ҳокими румӣ одате дошт, ки ҳар иди Наҷот маҳбусеро, ки халқ талаб мекард, озод намояд.
16 Он вақт як маҳбуси номдоре буд, ки Бараббо ном дошт.
17 Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Барабборо ё Исоеро, ки Масеҳ меноманд?»
18 Зеро Пилотус хуб медонист, ки Исоро аз рӯйи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
19 Ҳангоме ки ҳоким дар курсии ҳукмбарорӣ менишаст, ҳамсараш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Бар зидди ин Одами бегуноҳ ҳеҷ кор накунед, чунки имшаб дар хобам ба хотири Вай бисёр азоб кашидам».
20 Дар ин вақт коҳинони калон ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббо ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд.
21 Ҳоким бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳар дуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?» Онҳо ҷавоб доданд: «Барабборо!»
22 Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо Исое, ки Ӯро Масеҳ меноманд, чӣ кор кунам?» Ҳамаи онҳо ҷавоб доданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»
23 Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст?» Мардум бошанд, боз баландтар фарёд заданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!»
24 Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд. Ӯ дар пеши назари тамоми мардум об гирифта, дастонашро шуста гуфт: «Ман хуни Ӯро ба гардан намегирам! Ин кори худатон!»
25 Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Хуни Ӯ ба гардани мову фарзандонамон аст!»
26 Бинобар ин, Пилотус барояшон Барабборо озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
27 Сарбозони ҳоким Исоро ба саҳни дарбор бурданд ва аскарони зиёд он ҷо гирд омаданд.
28 Онҳо Ӯро бараҳна карда ба танаш ҷомаи суп-сурхро пӯшонданд.
29 Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи яҳудиён!» гуфта, дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд.
30 Сарбозон ба Исо туф карда, бо чӯб ба сараш задан гирифтанд.
31 Вақте ки онҳо масхара кардани Ӯро бас карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд. Сипас Ӯро барои ба салиб мехкӯб кардан бурданд.
32Д ар роҳ онҳо бо Шимъун ном марде аз шаҳри Қайравон дучор омаданд ва ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад.
33 Вақте ки онҳо ба ҷое бо номи Ҷолҷото, ки маънояш «Ҷойи косахонаи сар» аст, расиданд,
34 сарбозон ба Исо майи бо моддаи талх омехташударо доданд. Ӯ аз он чашида, дигар нӯшидан нахост.
35 Онҳо Ӯро ба салиб мехкӯб карда, барои тақсим кардани либоси Исо қуръа партофтанд.
36 Сипас, нишаста Вайро назорат карда истоданд.
37 Дар болои сари Исо айбномае навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи яҳудиён аст».
38 Ҳамроҳи Ӯ ду роҳзанро низ ба салибҳои дигар аз тарафҳои чапу росташ мехкӯб карданд.
39 Роҳгузарон Ӯро дашном дода, сар ҷунбонда
40 мегуфтанд: «Ту ки маъбади Худоро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месохтӣ, Худатро наҷот деҳ! Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фуруд ой!»
41 Коҳинони калон, устодони шариат ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд:
42 «Дигаронро наҷот медоду Худро наҷот дода наметавонад. Агар Ӯ Шоҳи Исроил бошад, аз салиб пойин, фарояд, баъд мо ба Вай имон меорем.
43 Ӯ ба Худо умед мебаст, агар дар ҳақиқат писанди Худо бошад, бигзор Худо Ӯро наҷот диҳад, зеро мегуфт, ки „Ман Писари Худо ҳастам“».
44 Ҳатто роҳзаноне, ки ҳамроҳаш ба салибҳо мехкӯб шуда буданд, монанди дигарон Ӯро дашном медоданд.
45 Нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт.
46 Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада, гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама сабақтанӣ!», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!»
47 Баъзе аз ҳозирон инро шунида гуфтанд, ки Ӯ Илёс пайғамбарро садо мекунад.
48 Он гоҳ яке аз онҳо давида рафту латтаеро гирифта, ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда, онро ба Исо нӯшонданӣ шуд.
49 Лекин дигарон гуфтанд: «Истед, бинем, ки оё Илёс омада Ӯро наҷот медиҳад?»
50 Исо бори дигар бо овози баланд дод зада, ҷон дод.
51 Дар он лаҳза пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, аз боло то пойинаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо пора шуданд.
52 Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр муқаддасон зинда гаштанд.
53 Баъд аз он ки Исо зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада, ба Уршалим, шаҳри муқаддас даромаданд ва бисёр касон онҳоро диданд.
54 Вақте ки як сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида, гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст.
55 Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда, ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд.
56 Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд.
57 Бо фаро расидани шом аз шаҳри Ромо як марди сарватманде бо номи Юсуф омад. Ӯ ҳам шогирди Исо буд.
58 Юсуф пеши Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки ҷасадро ба ӯ диҳанд.
59 Юсуф Вайро гирифта, ба суфи сафед печонд
60 ва ба қабри нав, ки барои худ дар ғоре сохта буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, аз он ҷо рафт.
61 Дар рӯ ба рӯйи он қабр Марями Маҷдалия ва Марями дигар нишаста буданд.
62 Рӯзи дигар, ки рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат буд, коҳинони калон ва фарисиён ҷамъ шуданд ва пеши Пилотус рафта,
63 ба ӯ гуфтанд: «Тақсир, ба хотири мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш гуфта буд, ки дар рӯзи сеюм баъди маргаш зинда мешавад.
64 Бинобар ин, фармон диҳед, ки қабри Ӯро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, мабодо шогирдонаш омада ҷасадашро дуздида, сипас, ба халқ овоза паҳн кунанд, ки Ӯ зинда шудааст. Он гоҳ ин дурӯғ аз дурӯғи аввалин дида, бадтар мешавад».
65 Пилотус ба онҳо гуфт: «Посбононро гиреду ба қадри имкон қабрро нигаҳбонӣ кунед».
66 Онҳо рафта, санги дари қабрро муҳр заданд ва барои нигаҳбонии он посбононро гузоштанд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28