Инҷили Матто 11 Боб
1 Исо ба дувоздаҳ шогирдаш вазифа дода, аз он ҷо ба шаҳрҳои гирду атроф барои таълим додан ва эълон кардани хушхабар равона шуд.
2 Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар зиндон менишаст, хабари корҳои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод.
3 Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Ту ҳамон шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
4 Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чи мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл кунед.
5 Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду шалҳо роҳ мегарданд, нафароне, ки гирифтори бемории пӯстанд, пок мешаванду карҳо шунаво мешаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба бечорагон хушхабар эълон карда мешавад.
6 Пас хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
7 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани найзоре, ки аз вазидани бод меҷунбад?
8 Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир, онҳое ки либоси қимат мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд.
9 Барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед.
10 Яҳё ҳамон шахсест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфтааст: „Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам, то барои омаданат роҳ тайёр кунад“.
11 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар Подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст.
12 Аз замони Яҳёи Таъмиддиҳанда то имрӯз Подшоҳии Худо ба зӯроварӣ дучор шудааст ва одамони боқудрат онро зӯран ба даст меоранд.
13 Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мусо то замони Яҳё пешгӯйиҳо омадаанд.
14 Агар шумо ба гуфтаҳои онҳо бовар кардан хоҳед, Яҳё ҳамон Илёс пайғамбар аст, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд.
15 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!
16 Лекин ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд:
17 „Мо бароятон най навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед“.
18 Ҳамчунин, Яҳё омада, рӯза медошт ва май наменӯшид, аммо ҳама мегуфтанд, ки ӯ ҷин дорад.
19 Баъд Писари Одамизод омад, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад, лекин ҳама мегӯянд: „Ӯ марди пурхӯру бадмаст ва дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст!“ Лекин дуруст будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад».
20 Аҳолии шаҳрҳое, ки дар он Исо муъҷизоти зиёд нишон дода буд, тавба накарданд ва аз гуноҳҳояшон даст накашиданд. Бинобар ин, Исо онҳоро таъна зада, гуфт:
21 «Эй аҳли Кӯразину аҳли Байтсайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои пургуноҳи Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси мотам пӯшида, мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
22 Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!
23 Инчунин, шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки сари шумо то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он муъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медод, ин шаҳр то ҳол аз рӯйи замин нест намешуд.
24 Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Садум аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!»
25 Сипас, Исо гуфт: «Эй Падар, эй Худованди замину осмон, ба Ту шукр мегӯям, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пинҳон кардию ба одамони одӣ ошкор сохтӣ.
26 Бале, эй Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.
27 Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар, дигар ҳеҷ кас Писарро намешиносад. Инчунин, ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар мехоҳад Падарро барояшон зоҳир созад.
28 Эй ҳамаи касоне, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам.
29 Чуноне ки барзагов юғро бар гардан гирифта, бор мекашонад, шумо низ юғи Маро бар гардани худ монед. Ман нармдилу хоксор ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт.
30 Зеро юғи Ман осон ва бори Ман сабук аст».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28