Инҷили Матто 24 Боб
1 Ҳангоме ки Исо аз маъбади Худо баромад, шогирдонаш наздаш омаданд, то ки биноҳои маъбади Худоро ба Ӯ нишон диҳанд.
2 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои санг намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
3 Ҳангоме ки Исо ба кӯҳи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо гӯй, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Туву наздикшавии охирзамонро аз кадом аломат мефаҳмем?»
4 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ кунад.
5 Зеро бисёр касон бо номи Ман омада, мегӯянд, ки „ман Масеҳ ҳастам“ ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд.
6 Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад.
7 Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Дар ҳар ҷо гуруснагӣ меояд ва заминҷунбиҳо мешавад.
8 Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди дардҳои аввалини зоидан мебошанд.
9 Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
10 Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд.
11 Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд.
12 Бадӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад.
13 Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
14 Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон фаро мерасад.
15 Шумо дар ҷойи муқаддас ҳамон харобазори нафратангезеро мебинед, ки Дониёл пайғамбар дар борааш пешгӯйӣ карда буд (ба ин диққат диҳед).
16 Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад.
17 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона пойин нафарояд.
18 Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад.
19 Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт!
20 Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар вақти зимистон ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад.
21 Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод.
22 Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯйи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.
23 Ҳамон вақт агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, Масеҳ дар ин ҷост!“ ё „Ӯ дар он ҷост!“ бовар накунед.
24 Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд. Онҳо муъҷизаю аломат нишон медиҳанд, то агар имкон бошад, ҳатто интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд.
25 Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам.
26 Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар даруни хона аст!“, бовар накунед.
27 Чунки омадани Писари Одамизод мисли дурахши раъду барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз Шарқ то ба Ғарб фаро мегирад.
28 Ҳар ҷое ки ҷасад аст, парандаҳои лошахӯр дар он ҷо ҷамъ мешаванд.
29 Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо офтоб зуд тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон фурӯ мерезанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
30 Он вақт аломати омадани Писари Одамизод дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯйи замин дида гиряву нола мекунанд.
31 Писари Одамизод фариштаҳояшро мефиристад, то ки интихобшудагони Худро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон бо садои баланди карнай гирд оваранд.
32 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда, барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд.
33 Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик аст, дар паси дар аст.
34 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд.
35 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
36 Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
37 Омадани Писари Одамизод мисли рӯзҳое мешавад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд.
38 Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод.
39 Одамон то омадани тӯфону ҳамаи онҳоро несту нобуд карданаш чизеро намефаҳмиданд. Ҳангоми омадани Писари Одамизод низ чунин хоҳад буд.
40 Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
41 Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
42 Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Хоҷаатонро намедонед.
43 Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш дарояд.
44 Аз ин рӯ, шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки мунтазираш нестед.
45 Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки хӯҷаинаш ӯро дар хоҷагии худ назоратгар таъин мекунад ва ба хизматгорон саривақт хӯрок доданро ба уҳдааш мегузорад.
46 Хушо хизматгоре, ки хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор меёбад.
47 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки хӯҷаинаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратгар таъин менамояд.
48 Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки хӯҷаинаш дер меояд ва
49 хизматгорони дигарро латукӯб карда, ҳамроҳи майпарастон машғули хӯрдану нӯшидан мешавад.
50 Хӯҷаини он хизматгор дар рӯзе ки вай мунтазир нест ва дар соате, ки гумон надорад, омада,
51 ин хизматгорро ду пора мекунад ва ӯро ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, мепартояд».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28