Инҷили Матто 2 Боб
1 Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байтлаҳми сарзамини Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашинос аз сарзамини шарқ ба шаҳри Уршалим омада,
2 пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён аст? Мо ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем».
3 Вақте ки ин сухан ба гӯши шоҳ Ҳиродус расид, ӯ ва тамоми сокинони Уршалим ба ташвиш афтоданд.
4 Ҳиродус ҳамаи коҳинони калон ва устодони шариатро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд шавад?»
5 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байтлаҳми сарзамини Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст:
6 „Эй Байтлаҳм, ки дар сарзамини Яҳудо ҳастӣ, ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ, зеро аз ту сарваре мебарояд ва Ӯ халқи Ман – Исроилро чӯпонӣ мекунад“».
7 Сипас Ҳиродус ситорашиносонро пинҳонӣ даъват намуда, ҳангоми суҳбат аз онҳо вақти аниқи пайдошавии он ситораро пурсида гирифт.
8 Баъд онҳоро ба деҳаи Байтлаҳм равона карда гуфт: «Равед ва дар бораи он кӯдак дурустакак пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, ба Ӯ саҷда кунам».
9 Баъд аз суҳбат бо шоҳ, ситорашиносон ба роҳ баромаданд. Ситорае, ки онро дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо рафта, дар болои он ҷое, ки кӯдак буд, истод.
10 Онҳо аз дидани ситора беҳад хурсанд шуданд.
11 Ситорашиносон ба хона даромада, кӯдакро ҳамроҳи модараш Марям диданд ва зону зада, саҷда карданд. Онҳо туҳфаҳои пурарзишро, ки аз тилло, хушбӯйӣ барои дуд кардан ва аз атри қиматбаҳои мурри моеъ иборат буд, аз сандуқҳои худ гирифта ба Ӯ ҳадя намуданд.
12 Дар хобашон Худо онҳоро огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд, аз ин рӯ ситорашиносон бо дигар роҳ ба ватани худ баргаштанд.
13 Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф аён шуда, ба ӯ гуфт: «Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср гурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар он ҷо исто. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро ҷустуҷӯ мекунад».
14 Юсуф аз хоб бедор шуда, зану кӯдакашро гирифта, шабонгоҳ ба Миср раҳсипор шуд.
15 Онҳо дар он ҷо то вафоти Ҳиродус монданд. Худованд пештар ба воситаи пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Барои иҷро шудани ин гуфтаҳои Худованд ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод.
16 Вақте ки подшоҳ Ҳиродус фаҳмид, ки ситорашиносон ӯро фиреб додаанд, бисёр хашмгин шуд. Ӯ фармон дод, ки дар Байтлаҳм ва атрофи он ҳамаи писаракони то дусоларо кушанд, чунки аз ситорашиносон вақти пайдошавии ситораро дониста буд.
17 Ҳамин тавр пешгӯйии Ирмиё пайғамбар ба амал омад:
18 «Дар шаҳри Ромо овозе ба гӯш мерасад, ки садои гиря ва фиғону нола аст. Роҳел барои фарзандонаш гиря мекунад ва тасаллӣ ёфта наметавонад, чунки онҳо мурдаанд».
19 Пас аз марги Ҳиродус, фариштаи Худованд дар Миср ба хоби Юсуф даромада
20 гуфт: «Бархез, кӯдак ва модарашро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд».
21 Инак, Юсуф бархеста, зану кӯдакашро гирифт ва ба сарзамини Исроил баргашт.
22 Лекин ӯ шунид, ки дар сарзамини Яҳудия Аркилоус ба ҷойи падараш Ҳиродус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш аён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин, онҳо ба вилояти Ҷалил рафтанд.
23 Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯйӣ карда, гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд ва ҳамин тавр гуфтаҳои пайғамбарон ба амал омад.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28