меню

Инҷили Матто 3 Боб


1 Пас аз чанд сол марде бо номи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия рафта, мардумро насиҳат карда, мегуфт:

2 «Тавба кунед ва аз гуноҳ даст кашед, зеро Подшоҳии Худо наздик аст».

3 Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед!“»

4 Либоси Яҳё аз пашми шутур, камарбанди ӯ аз чарм ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд.

5 Мардум аз шаҳри Уршалиму саросари сарзамини Яҳудия ва аз тамоми гирду атрофи дарёи Урдун назди Яҳё меомаданд.

6 Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро ҳамчун рамзи шуста шудани гуноҳҳо дар оби дарёи Урдун таъмид медод.

7 Инчунин бисёр намояндагони равияҳои фарисӣ ва саддуқӣ барои таъмид гирифтан назди Яҳё омаданд. Яҳё онҳоро дида гуфт: «Эй морзодагон! Кӣ шуморо огоҳ кард, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?!

8-9 Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас тавба кунед ва самаре оваред, ки тавбаи шуморо нишон диҳад!

10 Табар аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки самари хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад.

11 Ман шуморо ҳамчун шаҳодати он ки тавба кардаед, бо об таъмид медиҳам, аммо Касе, ки баъд аз ман меояд, шуморо бо Рӯҳулқудс ва бо оташ таъмид медиҳад. Ӯ аз ман басо тавонотар аст ва ман ҳатто сазовори он нестам, ки пойафзори Ӯро бардорам.

12 Дар дасти Ӯ барои бод додани гандум сешоха тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми Худро дар анбор ҷамъ мекунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».

13 Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид гирад.

14 Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда, гуфт: «Ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!»

15 Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигзор чунин бошад, зеро мо бояд ҳама корҳои дурустро ба амал биорем». Баъд Яҳё розӣ шуд.

16 Ҳамин ки Исо таъмид гирифта аз об баромад, дарҳол осмон ба Ӯ кушода шуд. Яҳё Рӯҳи Худоро дид, ки мисли кабӯтар фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва17аз осмон овозе омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28