Инҷили Матто 19 Боб
1 Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯйи сарзамини Яҳудия, ки дар тарафи дигари Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд.
2 Мардуми бисёре аз паси Ӯ рафтанд ва Ӯ онҳоро шифо дод.
3 Фарисиён Исоро санҷиданӣ шуда пурсиданд: «Оё аз рӯйи шариат мумкин аст, ки мард бо ҳар сабаб аз занаш ҷудо шавад?»
4 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки Офарандаи одамизод аз ибтидо „онҳоро мард ва зан офарид“?
5 Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд“.
6 Акнун онҳо на ду тан, балки як тан мебошанд. Пас, бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст».
7 Фарисиён боз пурсиданд: «Пас чаро Мусо фармудааст, ки барои ҷудо шудан мард ба занаш талоқномае дода, аз ӯ ҷудо шавад?»
8 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ба сабаби кундфаҳмию саркашиатон Мусо иҷозати ҷудо шуданро додааст, аммо аз аввал ин тавр набуд.
9 Ман ба шумо мегӯям, ки агар марде бо ҳар сабабе, ғайр аз зино аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, зинокор аст».
10 Шогирдони Исо гуфтанд: «Устод, агар вазифаи шавҳар нисбат ба зан ин хел бошад, он гоҳ ба мард беҳтар аст, ки тамоман зан нагирад».
11 «На ҳама ин гуфтаҳоро қабул карда метавонанд, – ҷавоб дод Ӯ, – фақат касоне, ки Худо ба онҳо чунин қобилият додааст, онро қабул мекунанд.
12 Зеро баъзеҳо мисли ахташуда таваллуд мешаванду зан намегиранд, баъзеҳоро одамон ахта мекунанд ва баъзеҳо бо нияти ба Худо хизмат кардан зан намегиранд. Бигзор касе, ки ин гуфтаҳоро қабул карда метавонад, қабул кунад».
13 Ҳамон вақт ба назди Исо кӯдаконро оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузошта, барояшон дуо кунад. Шогирдон инро дида, падару модаронро сарзаниш намуданд.
14 Аммо Исо гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд».
15 Баъд ба сари кӯдакон даст гузошта, барояшон дуо карда, аз он ҷо рафт.
16 Боре як мард пеши Исо омада, аз Ӯ пурсид: «Устод, барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ некие бояд кунам?»
17 Ба вай гуфт: «Чаро дар бораи некуӣ аз Ман мепурсӣ? Танҳо Худо нек аст. Агар хоҳӣ, ки ҳаёти абадӣ насибат гардад, фармудаҳоро риоя намо».
18 «Кадом фармудаҳоро?» – пурсид мард. Исо қонунҳои асосиро номбар кард: «Қатл накун, зино накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ,
19 падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо ва дигаронро мисли худат дӯст бидор».
20 Ҷавонмард ҷавоб дод: «То ба имрӯз ҳамаи ин фармоишҳоро риоя кардаам. Ғайр аз ин, боз чӣ кор карданам лозим аст?»
21 Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ, ки комил бошӣ, рафта, тамоми молу мулкатро фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ сарват дар осмон пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
22 Ҷавонмард хеле сарватманд буд, бинобар ин, аз шунидани ин суханон андӯҳгин гашта, аз он ҷо рафт.
23 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Подшоҳии Худо даромадани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст.
24 Боз мегӯям, ки аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд».
25 Шунидани ин суханон шогирдонро ба ҳайрат оварду онҳо пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»
26 Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин кор ғайриимкон аст, вале барои Худо ҳама чиз имконпазир аст».
27 Он гоҳ Петрус гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем. Бо мо чӣ мешавад?»
28 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки дунё нав мешаваду Писари Одамизод бар тахти пуршукӯҳи Худ мешинад, дувоздаҳ нафари шумо низ ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ мекунед.
29 Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда, аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад.
30 Лекин бисёр аввалинҳо охирон мешаванд ва охиринҳо аввалин».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28