Инҷили Матто 8 Боб
1 Вақте ки Исо аз болои кӯҳ пойин фаромад, одамон тӯда-тӯда шуда, аз пайи Ӯ рафтанд.
2 Дар ин вақт марде, ки гирифтори бемории пӯст буд, назди Исо омада, зону зада ба Ӯ гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ».
3 Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз бемориаш пок гашт.
4 Исо ба ӯ гуфт: «Дар ин бора ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».
5 Вақте ки Исо ба шаҳри Кафарнаҳум ворид шуд, ба наздаш як сардори лашкар омад ва ба зорию илтиҷо даромада
6 гуфт: «Хоҷаам, хизматгори ман аз ҳаракат монда, дар хона рӯйи ҷогаҳ хобидааст. Аз дард сахт азоб мекашад».
7 «Ман рафта ӯро сиҳат мекунам», – гуфт Исо.
8 Аммо сардор ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман сазовори он нестам, ки Ту аз дари ман дароӣ. Ту танҳо як амр бидеҳ ва хизматгорам шифо меёбад.
9 Зеро ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».
10 Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуме, ки аз пасаш меомад, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони қавӣ дошта бошад.
11 Ба шумо мегӯям, бисёр одамон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар Подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб дар сари як дастархон мешинанд.
12 Аммо онҳое, ки бояд ба Подшоҳии Худо ворид мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».
13 Баъд ба он сардор гуфт: «Рав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт.
14 Вақте ки Исо ба хонаи Петрус даромад, хушдомани Петрусро бо таби баланд дар рӯйи ҷойгаҳ хобида дид.
15 Исо ба дасти вай даст расонд ва таби зан паст шуд. Ӯ аз ҷояш хеста, ба меҳмоннавозии Исо машғул шуд.
16 Он бегоҳ одамон бисёр ҷинзадагонро назди Исо оварданд ва Исо амр дода, рӯҳҳои нопокро аз онҳо берун ронд ва ҳамаи беморонро низ шифо бахшид.
17 Ҳамин тавр, пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки пештар гуфта буд: «Дарду бемориҳои моро Ӯ бардоштааст».
18 Боре Исо дар гирдаш ҷамъ шудани одамони зиёдро дида, ба шогирдонаш амр дода гуфт, ки ба дигар тарафи баҳр гузаранд.
19 Дар ҳамин вақт як устоди шариат наздаш омада гуфт: «Устод, ман дар ҳама ҷо Туро пайравӣ мекунам».
20 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва парандагони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Писари Одамизод ҷое надорам, ки сарамро монам».
21 Дигаре аз шогирдонаш гуфт: «Хоҷаам! Иҷозат деҳ аввал рафта, падарамро ба хок супорам».
22 Лекин Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд».
23 Он гоҳ шогирдон Исоро пайравӣ карда, якҷоя бо Ӯ ба қаиқ савор шуданд.
24 Ногаҳон дар баҳр тӯфони сахте бархост ва аз шиддати мавҷҳо қаиқ қариб ғарқ мешуд, лекин Исо дар хоб буд.
25 Шогирдон Исоро бедор карда гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!»
26 Исо гуфт: «Эй сустимонҳо, барои чӣ ин қадар метарсед?» Баъд Ӯ бархеста ба шамолу мавҷҳо фармон дод. Дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.
27 Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ӯ чӣ гуна Шахсе аст, ки ҳатто шамолу баҳр ба Ӯ итоат мекунанд?»
28 Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷадариён расид, ду ҷинзадае аз қабристон берун баромада, бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт.
29 Онҳо Исоро дида, дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз муҳлат азоб диҳӣ?»
30 Аз онҳо дуртар галаи калони хукон мечарид.
31 Сипас, ҷинҳо Исоро тавалло карда гуфтанд: «Агар моро берун карданӣ бошӣ, ба он галаи хукон бифирист».
32 Исо ба онҳо «Равед» гуфт ва ҷинҳо аз он одамон берун баромада, ба галаи хукон даромаданд. Сипас тамоми гала дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд.
33 Хукбонон бошанд, аз он ҷо ба шаҳр гурехта, ин воқеа ва ҳам воқеаи бо ду ҷинзада рӯйдодаро ба ҳама нақл карданд.
34 Сипас ҳамаи одамони шаҳр ба пеши Исо омада, зориву тавалло карданд, ки Ӯ аз сарзаминашон равад.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28