меню

Инҷили Матто 22 Боб


1 Исо боз ба коҳинони калон ва пирони қавм рӯ оварда, гуфт:

2 «Подшоҳии Худоро бо чунин масал тасвир кардан мумкин аст: Подшоҳе барои хонадор кардани писараш тӯй барпо кард ва

3 хизматгоронашро барои даъват кардани меҳмонон фиристод. Аммо даъватшудагон омадан нахостанд.

4 Шоҳ дигар хизматгоронашро фиристода, гуфт: „Рафта ба даъватшудагон гӯед, ки ба тӯй биёянд, зеро барзагову гӯсолаҳои беҳтарин аллакай кушта шуда, ҳама чиз барои зиёфат тайёр аст“.

5 Лекин даъватшудагон ба суханони хизматгорон эътибор надода, ҳар яке бо кори худашон машғул шуданд. Як қисмашон ба саҳро, қисми дигар ба дӯконҳои худ рафтанд.

6 Чанде аз онҳо хизматгоронро дошта, латукӯб карда куштанд.

7 Шоҳ ба ғазаб омада, сарбозонро фиристод, то ки қотилонро нобуд карда, шаҳрашонро сӯзонанд.

8 Ба хизматгоронаш бошад, гуфт: „Зиёфат тайёр аст, аммо даъватшудагон сазовори он набуданд.

9 Ба кӯчаҳои серодам рафта, чӣ қадар бисёртар одам ёфта тавонед, ҳамаро ба тӯй таклиф кунед“.

10 Хизматгорон ба кӯчаҳо рафта, ҳар касеро, ки ёфтанд, баду некро фарқ накарда, ба тӯйхона ҷамъ оварданд ва тӯйхона аз меҳмонон пур шуд.

11 Вақте ки шоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона даромад, чашмаш ба марде афтод, ки либосаш идона набуд.

12 „Эй дӯст, – муроҷиат кард шоҳ ба ӯ, – чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?“ Вале он мард хомӯш монд.

13 Он гоҳ шоҳ ба хизматгорон фармон дода, гуфт: „Дасту пойи ин мардро баста ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“.

14 Зеро бисёр касон даъват шудаанд, лекин интихобшудагон кам ҳастанд».

15 Он гоҳ фарисиён ҷамъ шуда, маслиҳат карданд, ки чӣ тавр Исоро бо сухан ба дом афтонанд.

16 Баъд онҳо чанд нафар шогирдонашонро ҳамроҳи тарафдорони Ҳиродус ба назди Ӯ бо чунин суханон фиристоданд: «Устод, мо медонем, ки Ту ростқавл ҳастӣ ва ба фикри одамон эътибор надода, бе хушомадгӯйӣ роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ.

17 Бигӯ, ба фикри Ту оё мо ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?»

18 Исо, ки аз нияти бади онҳо бохабар буд, ҷавоб дод: «Эй дурӯяҳо! Чаро Маро ба дом афтонданӣ ҳастед?!

19 Тангаи андозро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд.

20 Исо пурсид: «Дар ин танга акс ва номи киро мебинед?»

21 «Шоҳаншоҳро», – ҷавоб доданд онҳо. Он гоҳ Ӯ ба онҳо гуфт: «Пас он чи аз они шоҳаншоҳ аст, бояд ба шоҳаншоҳ баргардонда шавад ва он чи аз они Худост, ба Худо».

22 Чун инро шуниданд, ҳайрон шуданд ва Ӯро гузошта рафтанд.

23 Худи ҳамон рӯз баъзеҳо аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро инкор мекарданд, ба назди Исо омада, ба Вай чунин савол доданд:

24 «Устод, Мусо ба мо гуфтааст, ки агар касе зан гираду фарзанд надида, вафот кунад, бародараш бояд зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.

25 Бо мо ҳафт бародар буданд ва калониаш зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Он гоҳ бародари дуюм бевазанро ба никоҳаш даровард.

26 Баъд бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум бо ҳамаашон айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод.

27 Оқибат зан ҳам вафот кард.

28 Рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!»

29 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо хато мекунед, чунки на маънои навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро.

30 Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранду на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд.

31 Дар бораи зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст:

32 „Ман Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст».

33 Мардум ин суханонро шунида, аз таълимоти Ӯ дар тааҷҷуб монданд.

34 Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо даҳони саддуқиёнро бо ҷавоби Худ бастааст, як гурӯҳ шуда омаданд.

35 Аз байни онҳо як устоди шариат барои озмудани Исо чунин савол дод:

36 «Устод, кадом қонуни шариат дар ҷойи аввал меистад?»

37-38 Исо ҷавоб дода, гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин ин аст, ки „Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми ақлу ҳушат дӯст дор“.

39 Дуюмаш ҳам монанди он аст: „Дигаронро мисли худ дӯст дор“.

40 Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мусо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст».

41 Ҳанӯз, ки фарисиён ҷамъ буданд, Исо аз онҳо пурсид:

42 «Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Ӯ аз насли кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз насли шоҳ Довуд».

43 Ӯ боз пурсид: «Пас, чаро худи Довуд бо таъсири Рӯҳулқудс Ӯро Худованд хондааст? Охир Довуд гуфта буд:

44 „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“.

45 Агар Довуд Масеҳро „Худованд“ номида бошад, пас чӣ тавр Масеҳ писари Довуд аст?»

46 Касе ба саволи Исо ҷавобе дода натавонист ва аз он лаҳза дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ савол диҳад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28