Инҷили Матто 5 Боб
1 Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои кӯҳе баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд,
2 Ӯ ба таълим додан оғоз кард:
3 «Хушбахтанд касоне, ки муҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Подшоҳии Худо аз они онҳост!
4 Хушбахтанд касоне, ки ғаму андӯҳ доранд, зеро онҳо тасаллӣ меёбанд!
5 Хушбахтанд касоне, ки хоксор ҳастанд, зеро онҳо дар рӯйи замин ҳукм меронанд!
6 Хушбахтанд касоне, ки гурусна ва ташнаи ростӣ ҳастанд, зеро онҳо сер хоҳанд шуд!
7 Хушбахтанд касоне, ки раҳму шафқат доранд, зеро Худо ба онҳо раҳму шафқат хоҳад кард!
8 Хушбахтанд касоне, ки покдил ҳастанд, зеро онҳо Худоро хоҳанд дид!
9 Хушбахтанд касоне, ки сулҳҷӯ ҳастанд, зеро Худо онҳоро фарзандони Худ хоҳад хонд!
10 Хушбахтанд касоне, ки дар роҳи ростӣ азоб мекашанд, чунки Подшоҳии Худо аз они онҳост!
11 Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Ман шуморо дашному азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон туҳмат карда, ҳар гуна сухани бад мегӯянд.
12 Шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд.
13 Шумо барои одамони ҷаҳон ҳамчун намак ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад.
14 Шумо ҳамчун нур барои одамони ҷаҳон намоён ҳастед. Шаҳре, ки дар болои кӯҳ бино шудааст, ноаён буда наметавонад.
15 Инчунин, ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо зарфе намепӯшонад, баръакс онро ба чароғпоя мемонад, то ба ҳар касе, ки дар хона аст, равшанӣ диҳад.
16 Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон рӯшноӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, ҳамду сано гӯянд.
17 Фикр накунед, ки Ман барои вайрон кардани шариати Мусо ва таълимоти пайғамбарон омадаам. Ман на барои вайрон кардан, балки барои иҷро кардани онҳо омадаам.
18 Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз ки замину осмон ҳаст, то шариат пурра амалӣ нагардад, ягон ҳарф ё нуқтаи он нест намешавад.
19 Инак, ҳар касе, ки хурдтарин фармони шариатро вайрон кунаду ба дигарон низ ҳаминро таълим диҳад, дар Подшоҳии Худо хурдтарин шумурда хоҳад шуд. Ва баръакс, ҳар касе, ки шариатро иҷро кунаду ба дигарон онро таълим диҳад, дар Подшоҳии Худо бузург шумурда хоҳад шуд.
20 Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз устодони шариату фарисиён дида бештар росткор набошед, ҳаргиз ба Подшоҳии Худо намедароед.
21 Шумо шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қатл накунанд“, инчунин „ҳар касе, ки қатл мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад“.
22 Аммо Ман мегӯям, ки агар шумо ба касе қаҳру ғазаб кунед, ба ҷавобгарӣ кашида мешавед. Агар ба касе „бефаҳм“ гӯед, дар назди додгоҳи болотар ҷавоб медиҳед. Агар „аҳмақ“ гӯед, сазовори оташи дӯзах мегардед.
23 Барои ҳамин, вақте ки шумо ба қурбонгоҳ қурбонӣ меореду дар он ҷо ба ёдатон меояд, ки касе аз шумо норозӣ аст, бояд
24 қурбониатонро дар он ҷо гузошта, дарҳол назди ҳамон шахс равед ва бо ӯ оштӣ шавед. Баъд аз ин, омада қурбонӣ кунед.
25 Агар касе аз шумо даъво кунад, пеш аз додгоҳ зуд бо вай оштӣ шавед. Чунки агар кор ба додгоҳ рафта расад, даъвогаратон метавонад шуморо ба дасти қозӣ супорад, қозӣ бошад ба дасти сарбоз ва шумо ба зиндон партофта мешавед.
26 Ба ростӣ мегӯям, то охирин тангаатонро надиҳед, аз ҳабс намебароед.
27 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Зино накун“.
28 Аммо Ман мегӯям, ҳар кас ки ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, аллакай дар дили худ чунин гуноҳ мекунад.
29 Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад, беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед.
30 Инчунин, агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад, беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед.
31 Ҳамчунин гуфта шудааст, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад“.
32 Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки агар мард аз зани худ ба ягон сабаб, ғайр аз зино, ҷудо шаваду занаш ба дигар кас ба шавҳар барояд, ин мард барои зино кардани занаш айбдор мешавад. Марде, ки бо зани ҷудошуда хонадор шудааст, зинокор аст.
33 Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ба ҳар он чизе ки дар назди Худованд қасам хӯрдаанд, иҷро намоянд“.
34 Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки тамоман қасам нахӯред, на ба осмон, зеро он тахти Худост,
35 на ба замин, чунки он пойандози Ӯст, на ба шаҳри Уршалим, чунки он шаҳри Шоҳи бузург, яъне Худо аст.
36 Ба сари худ ҳам қасам нахӯред, зеро як тори мӯятонро ҳатто сафед ё сиёҳ карда наметавонед.
37 Бигзор „бале“ гуфтани шумо дар ҳақиқат „бале“ бошад ва „не“ гуфтани шумо „не“ бошад, вале он чи зиёдатӣ мегӯед, аз шайтон бармеояд.
38 Шумо шунидаед, ки чунин гуфта шудааст: „Чашм бар ивази чашм медиҳеду дандон бар ивази дандон“.
39 Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки ба каси бад муқобилат накунед. Баръакс, агар касе ба тарафи рости рӯятон занад, тарафи чапи рӯятонро ҳам ба ӯ гардонед.
40 Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ диҳед.
41 Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки бо ӯ як километр роҳ равед, ду километр роҳ равед.
42 Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, онро ба ӯ диҳед ва аз шумо қарз гирифтанӣ шавад, не нагӯед.
43 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Дигаронро дӯст дор ва душманатро бад бин“.
44 Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки душманонатонро дӯст бидоред ва барои онҳое, ки шуморо азоб медиҳанд, дуои хайр гӯед,
45 то нишон диҳед, ки фарзандони Падари осмониатон ҳастед. Чунки Ӯ ба офтоб амр медиҳад, ки ҳам ба бадкорон ва ҳам ба некукорон равшанӣ кунад, инчунин, боронро ҳам ба некукорон ва ҳам ба бадкорон мефиристад.
46 Пас агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ мукофоте хоҳед гирифт? Магар андозгирони беинсоф низ ҳамин тавр рафтор намекунанд?
47 Агар фақат ба дӯстони худ салом диҳед, аз дигарон дида чӣ кори бузургтаре мекунед? Беимонон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд.
48 Бинобар ин, ҳамон тавре ки Падари осмониатон беайбу нуқсон аст, шумо низ беайбу нуқсон бошед».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28