Инҷили Матто 21 Боб
1 Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Уршалим наздик шуда, ба деҳаи Байтфоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд. Сипас, Исо ду шогирдашро пешопеши Худ фиристода,
2 ба онҳо чунин гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, модахари басташудаеро бо бачааш меёбед. Онҳоро кушода, назди Ман биёред.
3 Агар касе ягон чиз пурсад, гӯед, ки онҳо ба Худованд даркор шуданд ва ӯ даррав барои бурдан иҷозат медиҳад».
4 Ин ҳодиса барои ба амал омадани суханони пайғамбар рӯй дод, ки чунин гуфта буд:
5 «Ба сокинони шаҳри Уршалим бигӯед: „Бинед, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст. Шоҳи хоксор, ки харсавор аст, болои бачаи модахаре омада истодааст“».
6 Инак, ду шогирдаш рафта, гуфтаи Исоро иҷро карданд.
7 Онҳо модахарро бо бачааш оварда, ҷомаҳои худро ба болои онҳо партофтанд ва Исо савор шуд.
8 Мардуми зиёде, ки бо Исо буданд, ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, баъзеашон бошанд, навдаҳои дарахтонро бурида, аз рӯйи ҳурмат сари роҳаш мегузоштанд.
9 Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд: «Шаъну шараф ба насли Довуд! Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»
10 Вақте ки Ӯ ба Уршалим ворид гашт, тамоми шаҳр ба ҳаяҷон омад. Одамон «Ин кист?», гуфта мепурсиданд.
11 Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар, аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст.
12 Сипас, Исо ба ҳавлии маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронд. Мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа карда,
13 гуфт: «Худо дар навиштаҷот гуфтааст, ки „Хонаи Ман хонаи дуо номида мешавад“. Аммо шумо онро ба дуздхона табдил додаед».
14 Дар маъбади Худо кӯрон ва шалҳо назди Исо омаданд ва Ӯ онҳоро шифо дод.
15 Коҳинони калон ва устодони шариат бо дидани муъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани садои кӯдакон, ки дар маъбади Худо дод зада «Шаъну шараф ба насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд.
16 Онҳо ба Вай гуфтанд: «Магар Ту намешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?» «Албатта мешунавам, – ҷавоб дод Исо ва илова кард, – Магар шумо дар навиштаҷот ин гуфтаҳоро нахондаед: „Аз забони кӯдакону тифлони ширхӯр ситоишро ба вуҷуд овардаӣ“?»
17 Бо ин суханон, Исо онҳоро тарк карда, аз шаҳр берун шуд ва ба деҳаи Байтанё рафта, шабро дар он ҷо гузаронд.
18 Субҳидам Исо ҳангоми бозгашт ба шаҳр дар роҳ гурусна монд.
19 Ӯ дар сари роҳаш дарахти анҷиреро дида, назди он омад. Аммо ба ғайр аз баргҳо дар он ягон мевае наёфта, ба дарахт гуфт: «Акнун, ту ҳаргиз мева нахоҳӣ дод». Ҳамон замон дарахт аз бехаш хушк шуд.
20 Шогирдон ин ҳодисаро дида, бо тааҷҷуб пурсиданд: «Чӣ гуна дарахти анҷир дар як лаҳза хушк шуд?»
21 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар имон дошта бошеду шубҳа накунед, он гоҳ он кореро, ки Ман бо дарахти анҷир кардам, шумо ҳам карда метавонед. На фақат ин корро, балки агар шумо ҳатто ба ин кӯҳ бархеста худро ба баҳр парто, гӯед, суханатон иҷро мешавад.
22 Агар шумо бовар кунед, он гоҳ ҳар чи дар дуо талаб кунед, ба даст меоваред».
23 Вақте ки Исо ба маъбади Худо баргашта, ба таълимдиҳӣ машғул шуд, коҳинони калон ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳуқуқро додааст?»
24 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Агар ба он ҷавоб диҳед, он гоҳ мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунам.
25 Бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо байни якдигар баҳс карда гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардем.
26 Аммо агар „инсон“ гӯем, халқ зидди мо мебарояд, чунки ба пайғамбар будани Яҳё имон дорад».
27 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам.
28 Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар дошт. Рӯзе вай пеши писари калонӣ омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта, кор кун“.
29 Писараш бошад, „намеравам“ мегӯяд. Лекин баъдтар аз фикраш гашта, ба токзор меравад.
30 Падар рафта, аз писари дуюмаш хоҳиш мекунад. Писари дуюмаш „хуб шудааст“ гуфта, ҷавоб медиҳад, лекин намеравад».
31 Исо аз коҳинони калон ва пирони қавм пурсид: «Инак, кадоме аз писарон хости падарашро иҷро кард?»
«Писари калониаш», – ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки андозгирон ва фоҳишагон пеш аз шумо ба Подшоҳии Худо медароянд.
32 Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди шумо барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишагон бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед.
33 Ба масали дигаре гӯш андозед. Марде токзоре бунёд карда, дар гирдаш девор сохт. Сипас ҳавзчае барои фишурдани ангур тайёр кард ва дидбонгоҳ сохт. Баъд токзорашро ба чанд нафар иҷора дода, ба кишвари дигар сафар кард.
34 Бо фаро расидани мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор барои гирифтани ҳаққи ҳосил хизматгоронашро назди токпарварон фиристод.
35 Аммо онҳо хизматгорони ӯро дастгир карда, якеро зада, дигареро кушта, сеюмиро сангсор карданд.
36 Соҳиби токзор аз дафъаи аввал дида, бештар хизматгоронашро фиристод. Аммо токпарварон бо онҳо низ чунин рафтор карданд.
37 Оқибат соҳиби токзор „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро назди онҳо фиристод.
38 Лекин токпарварон писарро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро кушта, соҳиби мерос мешавем!“
39 Бо ин қарор, онҳо писарро дошта, вайро аз токзор берун бароварда, куштанд».
40 Баъд Исо савол дод: «Вақте ки худи соҳиби токзор баргардад, бо ин токпарварон чӣ гуна рафтор мекунад?»
41 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳатман он бадкоронро бераҳмона хоҳад кушт. Токзорро бошад, ба токпарварони дигар месупорад, ки ҳаққи ҳосилро саривақт диҳанд».
42 Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот чунин гуфтаҳоро боре ҳам нахондаед: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид. Ин кори Худованд аст ва ба назарамон аҷиб менамояд“.
43 Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки Подшоҳии Худо аз шумо гирифта мешавад ва ба халқе дода мешавад, ки онҳо ба Худо итоат карда, самаре мебиёранд, ки сазовори Подшоҳии Худо аст.
44 Ҳар касе, ки ба болои он санг меғалтад, майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».
45 Коҳинони калон ва фарисиён масалҳои Исоро шунида, фаҳмиданд, ки Вай дар бораи онҳо сухан меронад.
46 Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада тарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар меҳисобиданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28