Инҷили Матто 23 Боб
1 Сипас, Исо ба мардум ва шогирдонаш гуфт:
2 «Устодони шариат ва фарисиён барои шарҳ додани шариати Мусо ҳақ доранд.
3 Он чи онҳо шарҳ медиҳанд, гӯш кунед ва иҷро намоед. Лекин ба рафторашон тақлид накунед, чунки худи онҳо гуфтаҳояшонро иҷро намекунанд.
4 Онҳо борҳои гаронро ба дӯши одамон мегузоранд, аммо худашон барои бардоштани он ҳатто аз ҷояшон намеҷунбанд.
5 Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ба қуттичаҳои оятдорашон нигаред, чӣ хел васеанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд!
6 Онҳо дар базмҳо болонишиниро дӯст медоранд ва дар ҷамоатхонаҳо дар ҷойҳои беҳтарин мешинанд.
7 Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром ба онҳо „устод“ гуфта салом диҳанд.
8 Аммо шумо набояд „устод“ хонда шавед, зеро фақат як Устод доред ва ҳамаатон барои якдигар бародару хоҳар ҳисоб мешавед.
9 Ҳеҷ касро дар замин падари худ нахонед, чунки шумо як Падари осмонӣ доред.
10 Шуморо набояд „раҳнамо“ гӯянд, чунки Масеҳ Раҳнамои яккаву ягонаи шумо аст.
11 Каси бузургтарин дар байнатон бояд хизматгори шумо бошад.
12 Ҳар касе, ки худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад.
13-14 Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари Подшоҳии Худоро ба рӯйи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон роҳ медиҳед, ки даромадан мехоҳанд.
15 Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо бо баҳру хушкӣ роҳҳои дурударозро тай менамоед, то ақаллан касеро пайдо кунед, ки ба дини шумо гузарад. Лекин вақте ки чунин одамро пайдо мекунед, вайро аз худатон ду маротиба зиёдтар сазовори дӯзах мегардонед.
16 Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба маъбади Худо қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар маъбади Худо ҳаст, қасам хӯрад, онро ҳатман бояд иҷро кунад.
17 Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки маъбади Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад?
18 Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳ қасам хӯрад, онро ҳатман бояд иҷро кунад.
19 Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад?
20 Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад;
21 ва касе ба маъбади Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба маъбади Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад.
22 Инчунин, касе, ки ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт нишастааст, қасам мехӯрад.
23 Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина даҳякро месупоред, аммо ба таълимоти муҳимтарини шариат дар бораи ростӣ, раҳм ва вафодорӣ итоат намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя карда, қонунҳои дигарро тарк намекардед.
24 Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред.
25 Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни пиёлаву косаро мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст.
26 Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни пиёлаву косаро тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад!
27 Вой бар ҳоли шумо, устодони шариат ва фарисиёни дурӯя! Чунки шумо мисли мақбараҳои сафедкардашуда ҳастед, ки аз берун намуди хуб доранд, аммо дарунашон пур аз устухонҳои мурдаҳо ва ҳар гуна ифлосиҳост.
28 Айнан ҳамин тавр намуди зоҳирии шумо низ дар назари одамон ба некукорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад.
29 Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо барои пайғамбарон ва некукорон мақбараҳои зебо сохта, онҳоро оро медиҳед.
30 Боз мегӯед, ки агар дар замонҳои аҷдодонатон зиндагӣ мекардед, ҳаргиз ҳамроҳи онҳо ба хунрезии пайғамбарон даст намезадед.
31 Бо ин суханон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки шумо дар ҳақиқат фарзандони ҳамон қотилони пайғамбарон ҳастед.
32 Акнун кореро, ки аҷдодонатон сар карданд, ба охир расонед!
33 Эй морон ва морзодагон! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми дӯзах халосӣ ёфта метавонед?
34 Инак, ба шумо мегӯям, ки ба наздатон пайғамбарону ҳакимону устодони шариатро мефиристам ва шумо баъзеи онҳоро мекушеду баъзеашонро ба салиб мехкӯб мекунед, баъзеашонро дар ҷамоатхонаҳои худ қамчинкорӣ карда, шаҳр ба шаҳр дунболагирӣ мекунед.
35 Ман онҳоро барои он мефиристам, ки хуни ҳамаи некукорон, аз Ҳобили беайб то Закариёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷойи маъбади Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо бошад.
36 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мегирад!
37 Эй Уршалим, Уршалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди Худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ!
38 Акнун хонаи ту холӣ ва бесоҳиб мемонад.
39 Ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28