Инҷили Матто 12 Боб
1 Рӯзе Исо аз байни киштзорҳои гандум мегузашт. Ин рӯзи шанбе буд ва шогирдонаш гурусна монда, хӯшаҳои гандумро канда, донаҳояшро мехӯрданд.
2 Баъзе фарисиён инро дида назди Исо омада гуфтанд: «Инро бин, шогирдони Ту кореро карда истодаанд, ки дар рӯзи шанбе кардани он раво нест».
3 Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд?
4 Ӯ ба хонаи Худо даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд. Ҳол он ки аз рӯйи шариат ӯ ва ҳамроҳонаш ба ин ҳақ надоштанд, чунки хӯрдани он нон фақат ба коҳинон мумкин буд.
5 Ё наход дар шариати Мусо нахонда бошед, ки коҳинон ҳангоми дар маъбади Худо иҷро кардани вазифаҳои худ, қоидаҳои рӯзи шанберо вайрон мекунанд, вале айбдор ҳисоб намешаванд?
6 Аммо ҳаминро дониста бошед, ки Шахси бузургтар аз маъбади Худо дар ин ҷост.
7 Дар навиштаҷот Худо гуфтааст: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо кунанд“. Агар шумо маънои ин гуфтаҳоро мефаҳмидед, одамони беайбро айбдор намекардед.
8 Охир Писари Одамизод Хоҷаи рӯзи шанбе аст».
9 Сипас, Исо аз он ҷо рафта, ба ҷамоатхона даромад.
10 Дар он ҷо марде буд, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки Исоро айбдор кардан мехостанд, аз Ӯ пурсиданд: «Оё аз рӯйи шариат дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?»
11 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Агар шумо як гӯсфанде дошта бошеду он дар рӯзи шанбе ба чуқурӣ афтад, магар рафта, онро аз чоҳ намебароред?
12 Қадри инсон бошад аз гӯсфанд хеле баландтар аст. Пас дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост».
13 Баъд ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард ва он мисли дасти дигараш сиҳат шуд.
14 Он гоҳ фарисиён аз ҷамоатхона берун баромада, нақшаи куштани Исоро кашиданд.
15 Аммо Исо инро фаҳмида, аз он маҳалла баромада рафт.
Одамони зиёд низ аз пайи Исо рафтанд ва Ӯ ҳамаи беморонро шифо дода,
16 ба онҳо фармон дод, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд.
17 Ба ин восита пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд:
18 «Ин хизматгори Ман аст, ки Ӯро интихоб кардаам. Ӯ маҳбуби Ман ва боиси шодмониам аст. Ман Рӯҳамро бар Ӯ мефиристам ва Ӯ ба ҳамаи халқҳо адолатамро эълон мекунад.
19 Ӯ бо ҳеҷ кас баҳс намекунад ё дод намезанад ё касе дар кӯчаҳо садои Ӯро нахоҳад шунид.
20 То даме ки ростиро пойдор накунад, касеро, ки мисли найи хамшуда аст, нобуд намекунад ва касеро, ки ба монанди пилтаи нимсӯхтаи чароғ аст, хомӯш намесозад.
21 Ҳамаи халқҳои рӯйи замин дар Ӯ умеди наҷотро мебинанд».
22 Сипас, ба назди Исо марди ҷинзадаеро оварданд, ки аз сабаби ҷин доштанаш кӯр ва гунг буд. Исо вайро шифо дод ва ӯ ҳам бинову ҳам гӯё шуд.
23 Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода, мегуфтанд: «Магар ин Шахс насли Довуд нест, ки мо интизораш ҳастем?»
24 Лекин фарисиён инро шунида, чунин мегуфтанд: «Ӯ ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул, ки сардори ҷинҳо аст, берун мекунад».
25 Исо, ки аз фикрҳои фарисиён бохабар буд, ба онҳо гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда, ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар шаҳр ё хонаводае, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад.
26 Агар шайтон худашро берун кунад, магар ин аломати он нест, ки ӯ дар дохили худ ба ду қисм ҷудо шудааст. Пас, наход ҳукмронии ӯ давом меёфта бошад?
27 Агар Ман ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул берун кунам, пайравони шумо бо чӣ берун мекунанд? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Онҳо исбот мекунанд, ки шумо нодуруст фикр мекунед.
28 Аммо, агар Ман ба воситаи Рӯҳи Худо ҷинҳоро берун кунам, аз ин бармеояд, ки Подшоҳии Худо аллакай ба шумо омадааст.
29 Инчунин, чӣ гуна кас метавонад ба хонаи шахси пурзӯр даромада, молу мулкашро дуздад, ба ғайр аз он ки аввал дасту пойи он мардро бандад ва он вақт хонаи ӯро ғорат кунад.
30 Ҳар кӣ бо Ман нест, муқобили Ман аст ва ҳар кӣ бо Ман одамонро назди Худо намеорад, онҳоро аз Худо дур мекунад.
31 Аз ин рӯ, ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳ ва сухани куфри инсон бахшида мешавад, вале касеро, ки бар зидди Рӯҳулқудс сухани куфр мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад.
32 Ҳар кас ки бар зидди Писари Одамизод сухан мегӯяд, бахшида мешавад, вале касе ки бар зидди Рӯҳулқудс сухане мегӯяд, Худо ӯро дар ду дунё намебахшад.
33 Дарахти солим меваи хуб медиҳад, дарахти бад бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад.
34 Эй морзодагон! Дар сурате ки худатон бад ҳастед, чӣ гуна суханони нек гуфта метавонед? Он чизе ки дар дилатон ҳаст, лабрез шуда, аз забонатон мебарояд.
35 Шахси нек аз хазинаи некаш чизҳои нек ва шахси бад аз хазинаи бадаш чизҳои бад берун меорад.
36 Ҳаминро дониста бошед, ки дар рӯзи қиёмат шумо барои ҳар сухани ноҳақе, ки гуфтаед, ҷавоб хоҳед дод.
37 Чунки аз рӯйи суханони худатон шумо ё сафед карда мешавед ё гунаҳкор ҳисоб мешавед».
38 Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва устодони шариат ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки аз ҷониби Худо ба мо ягон аломате нишон диҳӣ».
39 Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли баду бевафо, шумо аломате талаб мекунед, вале ғайр аз аломати Юнус пайғамбар ба шумо аломати дигаре дода намешавад.
40 Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками моҳӣ гузаронда буд, ҳамон тавр Писари Одамизод се шабу се рӯзро дар зери хок мегузаронад.
41 Дар рӯзи қиёмат бошад, сокинони Нинве бархеста, ин наслро айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки аз Юнус дида Шахси бузургтар дар ин ҷост!
42 Дар рӯзи қиёмат маликаи сарзамини Сабо бархеста ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки аз Сулаймон дида Шахси бузургтар дар ин ҷост!
43 Вақте ки рӯҳи нопок, яъне ҷин аз шахсе берун меравад, вай бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро намеёбад.
44 Ниҳоят рӯҳи нопок мегӯяд: „Ба хонаи пештараам бармегардам“ ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва батартибу рӯбучин шудааст.
45 Пас рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро ҳамроҳаш гирифта меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа, аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар хоҳад буд. Бо насли бади ин замона чунин ҳодиса рӯй хоҳад дод».
46 Ҳангоме ки Исо ҳанӯз ба мардум сухан гуфтанро давом медод, модару бародаронаш омаданд. Онҳо берун аз хона истода, хоҳиш карданд, ки бо Исо гап зананд.
47 Касе аз байни одамон ба Исо гуфт: «Устод, модар ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд, ки бо Ту гап зананд».
48 Исо дар ҷавоб гуфт: «Модари Ман кист ва бародарони Ман кистанд?»
49 Баъд бо дасташ сӯйи шогирдонаш ишора карда, суханашро давом дод: «Инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд!
50 Ҳар касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28