меню

Инҷили Матто 10 Боб


1 Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро аз одамон берун кунанд ва ҳар дарду бемории одамонро шифо диҳанд.

2 Номҳои он дувоздаҳ фиристода чунинанд: аввалин Шимъун, ки ӯро ҳамчунин Петрус меноманд, бародари Шимъун Андриёс, баъд бародарон Яъқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд,

3 Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Матто (оне ки андоз ҷамъ мекард), Яъқуби писари Ҳалфой, Таддо,

4 Шимъуни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.

5 Исо ба ин дувоздаҳ нафар вазифа дода, онҳоро барои иҷро намудани он фиристод. Ӯ ин тавр гуфт: «Ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ наравед ва ба шаҳрҳои сомариён надароед,

6 балки назди халқи Исроил, ки монанди гӯсфандони гумроҳшуда ҳастанд, рафта

7 эълон кунед, ки Подшоҳии Худо наздик аст.

8 Беморонро шифо диҳед, мурдагонро зинда кунед, одамонеро, ки гирифтори бемории пӯст ҳастанд, пок созед ва ҷинҳоро берун кунед. Ин қудрат ба шумо ройгон дода шудааст, пас шумо низ ин корро ройгон кунед.

9 Вақте ки ба сафар мебароед, дар камарбандатон тангаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва мисин нагиред.

10 Инчунин, борхалта, асо ва либоси иловагию пойафзор нагиред, чунки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ аст.

11 Ҳангоме ки ба ягон шаҳр ё деҳа медароед, одами шоистаро пурсон шавед ва то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар хонаи ӯ бимонед.

12 Баробари ба он хона даромадан салом диҳед.

13 Агар аҳли хонавода шуморо нағз қабул кунанд, барояшон сулҳ талаб кунед. Агар аҳли хонавода шуморо нағз қабул накунанд, бигзор сулҳи талаб кардаатон ба худатон баргардад.

14 Вале агар ҳеҷ кас шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, он хонадон ё шаҳрро тарк карда, ҳамчун аломати огоҳӣ чангу хокашро аз поятон афшонед.

15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми бадкирдори Садум ва Амуро аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.

16 Инак, Ман шуморо ба назди одамон, ҳамчун гӯсфандон ба байни гургҳо мефиристам. Мисли мор ҳушёру мисли кабӯтар безарар бошед.

17 Аз одамон эҳтиёт шавед, чунки онҳо шуморо дастгир карда, ба додгоҳ мебаранд ва дар ҷамоатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд.

18 Ба хотири Маро пайравӣ карданатон шуморо дар назди ҳокимону подшоҳон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Он гоҳ имконият пайдо мекунед, ки дар пеши онҳо ва ғайрияҳудиён дар бораи Ман шаҳодат диҳед.

19 Ҳангоме ки шуморо ба додгоҳ мебаранд, ғам нахӯред, ки ба онҳо чӣ бояд гӯед ё чӣ тавр бояд сухан ронед, чунки дар он вақт суханоне, ки бояд гӯед, ба дилатон андохта мешаванд.

20 Он гоҳ на шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад.

21 Дар он айём, бародар бародари худро ва падар фарзанди худро ба қатл мерасонад. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба марг месупоранд.

22 Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.

23 Вақте ки шуморо азоб доданӣ шуда, дар шаҳре дунболагирӣ кунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз шумо ба ҳамаи шаҳрҳои Исроил нарафта, Писари Одамизод меояд.

24 Шогирд аз устодаш ва хизматгор аз хоҷааш баландтар нест.

25 Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори ҷинҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд.

26 Аз ин рӯ, аз одамон натарсед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад.

27 Он чизеро, ки Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед. Он чизеро, ки ба шумо пичиррос зада мегӯям, аз болои боми хонаҳо бо овози баланд эълон намоед.

28 Аз одамон, ки ҷисмро мекушанду ҷонро кушта наметавонанд, натарсед. Балки аз Ҳамоне тарсед, ки ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар дӯзах нобуд карда метавонад.

29 Арзиши ду гунҷишк як танга аст, аммо бе хости Падари шумо яктои он ба замин намеафтад.

30 Ӯ ҳатто шумораи торҳои мӯятонро медонад.

31 Бинобар ин натарсед, арзиши шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам зиёдтар аст.

32 Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам.

33 Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари осмониам рад мекунам.

34 Фикр накунед, ки Ман барои ба замин сулҳ овардан омадаам. Ман на барои овардани сулҳ, балки барои шамшери зиддият овардан омадаам.

35 Ман омадаам, ки писарро аз падар, духтарро аз модар, арӯсро аз хушдоманаш ҷудо кунам.

36 Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд.

37 Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, сазовори Ман нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, сазовори Ман нест.

38 Касе ки салиби азобу маргашро бо худ набардораду аз паси Ман наояд, сазовори Ман нест.

39 Касе ки ҳаёташро нигоҳ доштан хоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо кунад, онро нигоҳ медорад.

40 Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл Фиристандаи Маро қабул мекунад.

41 Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами некукорро ба хотири некукор буданаш қабул мекунад, мукофоти некукоронро хоҳад гирифт.

42 Ҳамчунин, касе ки ба яке аз пайравони хурдтарини Ман ба хотири шогирд буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ, ба шумо мегӯям, ки бемукофот нахоҳад монд».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28