меню

Инҷили Матто 14 Боб


1 Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродусе, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, расид.

2 Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки ин мард ҳамон Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки зинда шудааст ва барои ҳамин, Ӯ чунин қудрати муъҷизакорӣ дорад.

3-4 Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда, Ҳиродус зани бародараш Филиппус, Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Лекин Яҳё ба ӯ гуфта буд: «Аз рӯйи шариат ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Барои ҳамин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир намуда, дасту пояшро баста, ҳабс кунанд.

5 Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид.

6 Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши меҳмонон рақс карда, Ҳиродусро мафтун кард.

7 Ҳиродус қасам хӯрда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чи аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!»

8 Духтар аз рӯйи маслиҳати модараш гуфт: «Бароям сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯйи табақ оварда диҳед».

9 Ҳоким ғамгин гашт, вале ба хотири қасами дар пеши меҳмонон хӯрдааш, амр дод, ки хоҳиши духтар иҷро карда шавад.

10 Ҷаллоди фиристодааш дар зиндон сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард

11 ва дар рӯйи табақе ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш бурд.

12 Баъд аз ин, шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта, ба Исо нақл карданд.

13 Ин ҳодисаро шунида, Исо ба қаиқ савор шуда, Худаш танҳо ба ҷойи беодаме рафт. Мардум аз ин огоҳ шуданду аз шаҳрҳои худ баромада, пиёда аз пайи Ӯ рафтанд.

14 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳоли онҳо раҳмаш омад ва беморонеро, ки дар байнашон буд, шифо дод.

15 Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷойи беодам аст, рӯз торик шуд. Мардумро ҷавоб бидеҳ, то ки ба деҳаҳои гирду атроф рафта, барои худ хӯрокворӣ харанд».

16 «Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест, – ҷавоб дод Исо. – Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!»

17 Онҳо гуфтанд: «Охир мо дар ин ҷо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем».

18 «Онҳоро ба Ман оварда диҳед», – гуфт Исо ва

19 ба мардум фармон дод, ки рӯйи сабзазор нишинанд. Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро ба мардум тақсим карданд.

20 Ҳама то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон дувоздаҳ сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд.

21 Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор нафар буд.

22 Сипас, Исо ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши Ӯ ба дигар тарафи баҳр раванд. Ӯ Худаш дар он ҷо монд, то ки мардумро ҷавоб диҳад.

23 Пас аз он барои дар танҳоӣ дуо кардан ба кӯҳе баромад. Баъд аз нишасти офтоб ҳам Ӯ яккаву танҳо дар он ҷо буд.

24 Қаиқ бошад, аз соҳил хеле дур рафта буд ва аз сабаби боди сахте, ки мухолифи он мевазид, мавҷҳои баҳр қаиқро алвонҷ медоданд.

25 Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯйи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд.

26 Шогирдон Исоро диданд, ки дар рӯйи об қадам мезад. Онҳо «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд.

27 Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Далер бошед! Натарсед! Ин Манам».

28 Он гоҳ Петрус гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯйи об қадамзанон назди Ту биёям».

29 «Биё», – амр дод Ӯ. Инак, Петрус аз қаиқ баромада, дар рӯйи об қадамзанон ба Исо наздик шуд.

30 Лекин сахт вазидани шамолро дида, тарсид ва қариб ғарқ шуда, фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!»

31 Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?»

32 Вақте ки онҳо ба қаиқ савор шуданд, шамол аз вазидан бозмонд.

33 Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда гуфтанд: «Ту дар ҳақиқат Писари Худо ҳастӣ!»

34 Онҳо аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд.

35 Мардуми он ҷо Исоро шинохтанд ва ба гирду атрофи он сарзамин одамонро фиристоданд, то ки беморонро назди Ӯ гирифта биёранд.

36 Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28