Инҷили Матто 18 Боб
1 Дар ин вақт ба пеши Исо шогирдонаш омада пурсиданд: «Дар Подшоҳии Худо кӣ бузургтар аст?»
2 Исо ба наздаш як кӯдакро хонда, ӯро дар пеши шогирдон гузошта,
3 ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар сӯйи Худо барнагардед ва монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба Подшоҳии Худо намедароед.
4 Пас ҳар кӣ ба мисли ин кӯдак хоксор бошад, дар Подшоҳии Худо бузургтар аст
5 ва ҳар касе, ки чунин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад.
6 Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз ин пайравони хурди ба Ман имоновардаро гумроҳ кунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро баста, ба баҳри чуқур партоянд.
7 Вой бар ҳоли одамони ин олам аз дасти васвасаҳо! Васвасаҳо ҳамеша пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли васвасакорон!
8 Агар даст ё поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто. Назар ба он ки бо ду дасту пой ба оташи абадии дӯзах партофта шавӣ, беҳтар аст, ки бе як даст ё пой соҳиби ҳаёт шавӣ.
9 Инчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро назар ба он ки бо ду чашм ба оташи дӯзах партофта шавӣ, беҳтар аст, ки бо як чашм соҳиби ҳаёт шавӣ.
10-11 Эҳтиёт шавед, ҳатто ба хурдтарин пайрави Ман беҳурматӣ накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур доранд.
12 Чӣ фикр мекунед? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нуҳтояшро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумшудааш намеравад?
13 Баъд аз ёфтанаш, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки барои ин гӯсфанд назар ба он наваду нуҳ гӯсфанде, ки гум нашудаанд, бештар хурсандӣ мекунад.
14 Падари осмонии шумо низ ҳаргиз намехоҳад, ки яке аз пайравони хурдтарини Ман нобуд шавад.
15 Агар бародар ё хоҳар ба ту бадӣ кунад, байни худат ва ӯ дар танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон. Агар ӯ ба сухани ту гӯш диҳад, дон, ки вайро аз нав ҳамчун бародар ё хоҳар пайдо кардаӣ.
16 Вале агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ гир, то аз забони ду ё се шоҳид суханонат тасдиқ шавад.
17 Агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба ҷамоат гӯй ва агар ба ҷамоати имондорон низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту ҳамчун андозгири беинсоф ё одами беимон бошад.
18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар чиро, ки шумо дар замин манъ кунед, Худо онро аз осмон манъ мекунад ва ба ҳар чи ки иҷозат диҳед, Худо ба он аз осмон иҷозат медиҳад.
19 Боз ба шумо мегӯям, ки агар дар замин ду каси шумо бо розигии якдигар барои ягон чиз дуо кунед, Падари осмониам ҳатман бароятон ҳамон чизро медиҳад.
20 Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба хотири номи Ман ҷамъ мешаванд, Ман дар байни онҳо ҳузур дорам».
21 Он гоҳ Петрус назди Исо омада, гуфт: «Хоҷа, чанд бор бародари худро, ки ба ман бадӣ карда бошад, бахшам? Оё то ҳафт бор?»
22 Ӯ ҷавоб дод: «Не, ҳафтоду ҳафт бор бубахш.
23 Зеро Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: Рӯзе як шоҳ хост, ки қарзҳои хизматгоронашро ҳисоб кунад.
24 Вақте ки ҳисобу китобро сар кард, ба наздаш хизматгореро оварданд, ки аз шоҳ даҳ ҳазор халтача тилло қарздор буд.
25 Азбаски хизматгор аз уҳдаи баргардондани қарз намебаромад, шоҳ амр дод, ки ба ҷойи қарзаш ӯ бо зану фарзандонаш ва тамоми молу мулкаш фурӯхта шавад.
26 Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта, зорию тавалло кард: „Илтимос, ба ман муҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам“.
27 Шоҳ ба ҳоли хизматгор раҳм карду қарзашро ба вай бахшида, ӯро ҷавоб дод.
28 Лекин чун хизматгор берун рафт, рафиқашро дид, ки аз ӯ сад тангаи нуқра қарздор буд. Ӯ вайро сахт дошта, гулӯяшро, фишурда гуфт: „Қарзатро баргардон“.
29 Рафиқаш худро ба рӯйи замин партофта, зориву тавалло кард: „Илтимос, муҳлат деҳ ва ман қарзамро бармегардонам“.
30 Аммо хизматгор розӣ нашуда, рафиқашро ба зиндон андохт, то ки вай қарзашро супорад.
31 Чун дигар хизматгорон ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди шоҳ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд.
32 Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда, гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам ва
33 ба ту раҳм кардам. Пас ту ҳам бояд ба рафиқат раҳм мекардӣ“.
34 Шоҳ дар ғазаб шуда, амр дод, ки ин хизматгорро то пурра супоридани қарзаш ба ҳабс партоянд, то азоб кашад.
35 Хуллас, агар бародаратонро аз самими дил набахшед, Падари осмониам бо шумо монанди он шоҳ рафтор мекунад».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28