меню

Инҷили Матто 25 Боб


1 Исо суханашро давом дода, гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: даҳ духтар чароғ ба даст гирифта, ба пешвози домод баромаданд.

2-4 Панҷ нафари онҳо нодон буданд, чунки дар вақти гирифтани чароғҳояшон равғани иловагӣ нагирифтанд. Аммо панҷ нафари дигарашон доно буданду дар зарфҳо барои чароғҳояшон боз равғани иловагӣ гирифтанд.

5 Онҳо домодро мунтазир шуданд, вале ӯ хеле дер монд ва духтарон хоболуд шуда, хоб рафтанд.

6 Нисфи шаб садои баланд шунида шуд: „Домод омада истодааст! Ӯро пешвоз гиред!“

7 Духтарон бедор шуда, зуд чароғҳояшонро тайёр карданд.

8 Он гоҳ нодонон ба доноён гуфтанд: „Каме аз равғанатон диҳед, чароғҳоямон хомӯш шуда истодаанд“.

9 „Не, – ҷавоб доданд доноён, – ин равған ба ҳамаамон намерасад. Беҳтараш рафта, аз дӯкон харида биёед“.

10 Нодонон барои харидани равған сӯйи дӯкон рафтанд. Баробари рафтани онҳо домод ҳам расида омад. Панҷ духтаре, ки ба пешвозаш тайёр буданд, ҳамроҳи домод ба тӯйхона рафтанд ва дари тӯйхона баста шуд.

11 Дертар он панҷтои боқимонда ҳам расида омаданд ва гуфтанд: „Хоҷа, эй хоҷа! Дарро бароямон кушоед!“

12 Аммо ӯ дар ҷавоб ба онҳо гуфт: „Ба ростӣ мегӯям, ки шуморо намешиносам“.

13 Хуллас, ҳушёру бедор бошед, чунки вақту соати омадани Писари Одамизодро намедонед.

14 Подшоҳии Худо монанди он аст, ки марде ба сафар баромаданӣ шуда, хизматгоронашро даъват карда, тамоми молу мулкашро ба онҳо супурд.

15 Ӯ ба ҳар хизматгор мувофиқи қобилияташон тангаҳои тилло: ба якеаш панҷ ҳазор, ба дуюмаш ду ҳазор ва ба сеюмаш ҳазор танга дод. Баъд роҳи сафарро пеш гирифт.

16 Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, зуд онро истифода бурда, аз он панҷ ҳазори дигар фоида гирифт.17 Хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, низ ҳамин тавр амал карда, боз ду ҳазори дигар фоида гирифт.

18 Аммо хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, рафта чоҳе канда, тангаҳои хоҷаашро дар ҳамон ҷо пинҳон кард.

19 Баъд аз гузаштани вақти зиёд хоҷаи он хизматгорон баргашта, бо онҳо ҳисобу китоб кард.

20 Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, омада, ба хоҷааш тангаҳоро бо панҷ ҳазор фоидааш супорида гуфт: „Хоҷаам, шумо ба ман панҷ ҳазор тангаи тилло дода будед. Ман аз он боз панҷ ҳазор фоида ба даст овардам“.

21 „Офарин, хизматгори неку вафодорам, – гуфт хоҷааш. – Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодор будӣ, пас ба ту вазифаи калонро бовар мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“

22 Хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, омада, гуфт: „Хоҷаам, шумо ба ман ду ҳазор тангаи тилло дода будед. Ман аз он боз ду ҳазор танга фоида ба даст овардам“.

23 „Офарин, хизматгори неку вафодорам, – гуфт хоҷааш. – Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодор будӣ, пас ба ту вазифаи калонро бовар мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“

24 Он хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, низ ба пеш баромада гуфт: „Хоҷаам, ман медонистам, ки шумо одами сахтгир ҳастед. Аз он ҷое ки накоштаед, ҳосил ҷамъ мекунеду аз он ҷое ки дона напошидаед, ғалла мегиред.

25 Ман аз тарс рафта тангаҳоятонро дар замин пинҳон кардам. Ин аст пули шумо“.

26 „Эй хизматгори баду танбал! – ҷавоб дод хоҷааш. – Ту медонистӣ, ки ман аз он ҷое, ки накоштаам, ҳосил ҷамъ мекунаму аз он ҷое, ки дона напошидаам, ғалла мегирам?!

27 Пас, ту бояд пули маро ба муомилот мебаровардӣ, то ҳангоми баргаштанам пулро бо фоидааш мегирифтам“.

28 Сипас фармон дод: „Пулро аз вай гирифта, ба хизматгоре диҳед, ки даҳ ҳазор танга дорад.

29 Зеро ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз дода мешавад ва ӯ зиёдтар хоҳад дошт. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад.

30 Ин хизматгори нобакорро бошад ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“.

31 Вақте ки Писари Одамизод бо шукӯҳу ҷалолаш ҳамроҳи ҳамаи фариштаҳо меояд, бар тахти шоҳонаи Худ мешинад

32 ва ҳамаи миллатҳои рӯйи замин дар пеши Ӯ ҷамъ меоянд. Он гоҳ Вай мисли чӯпоне, ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекарда бошад, одамонро ба ду тараф тақсим мекунад.

33 Вай одамони некукорро аз тарафи дасти рост ва бадкоронро аз тарафи дасти чап мегузорад.

34 Баъд Исои Масеҳ, ки Шоҳ аст, ба одамони дар тарафи росташ буда хоҳад гуфт: „Эй баракатёфтагони Падари Ман! Биёед ва дар Подшоҳии Худо, ки аз офариниш бароятон тайёр гардидааст, ҳаловат баред.

35 Чунки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед, ташна будам, ба Ман об додед, ғариб будам, Маро қабул кардед,

36 бараҳна будам, Маро пӯшондед, бемор будам, Маро хабар гирифтед ва дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед“.

37 Некукорон бошанд, дар ҷавоб мегӯянд: „Хоҷа! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем?

38 Кай Туро ғариб дидему қабул кардем? Ё бараҳна дидему пӯшондем?

39 Кай Туро бемор ё дар зиндон дидему ба дидани Ту омадем?“

40 Шоҳ хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз бародарону хоҳарони хурдтарини Ман мекардед, шумо инро ба Ман мекардед!“

41 Сипас, ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Аз пеши назарам дафъ шавед, лаънатиҳо! Ба оташи абадие, ки барои шайтон ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд, дароед!

42 Чунки вақте ки гурусна будам, хӯрок надодед, ташна будам, об надодед,

43 бегона будам, дар хонаатон меҳмон накардед, бараҳна будам, ба Ман либос напӯшондед, бемор ва дар зиндон будам, Маро хабар нагирифтед“.

44 Он гоҳ онҳо ҳам мепурсанд: „Хоҷа, мо кай Туро гуруснаву ташна, бегонаву бараҳна ё бемору дар зиндон дидем, ки хизмат накарда бошем?“

45 Шоҳ ба онҳо ҷавоб хоҳад дод: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман намекардед, гӯё барои Ман накардаед“.

46 Ниҳоят, бадкорон ба ҷое меафтанд, ки то абад ҷазо мебинанд, аммо некукорон соҳиби ҳаёти абадӣ мешаванд».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28