меню

Инҷили Матто 28 Боб


1 Баъд аз рӯзи шанбе, рӯзи якшанбе офтоб ҳанӯз набаромада, Марями Маҷдалия ва Марями дигар барои хабар гирифтани қабр ба роҳ баромаданд.

2 Ногаҳон заминҷунбии сахт ба вуҷуд омад, чунки фариштаи Худованд аз осмон пойин фаромада, санги дари қабрро як тараф ғелонда, бар болояш нишаст.

3 Намуди вай мисли барқ ва либосаш монанди барф сап-сафед буд.

4 Посбонон аз тарси ӯ ларзида, мурда барин ба замин ғалтиданд.

5 Фаришта бошад, ба занон гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исои ба салиб мехкӯбшударо ҷустуҷӯ карда истодаед.

6 Лекин Ӯ дар ин ҷо нест. Ӯ чӣ хеле ки гуфта буд, ҳамон тавр зинда шуд. Биёед ва ҷоеро, ки Ӯ гузошта шуда буд, бинед.

7 Ҳоло зуд рафта, ба шогирдонаш бигӯед, ки Исо зинда шуда, акнун пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Хабаре, ки ман ба шумо гуфтанӣ будам, ҳамин буд».

8 Сипас он занон бо тарс, вале шодикунон саросема аз назди қабр сӯйи шогирдон давида рафтанд, то ки ба онҳо нақл кунанд.

9 Банохост Исо бо онҳо вохӯрда салом дод. Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд.

10 Исо ба онҳо гуфт, ки натарсанд, балки рафта, ба бародаронаш гӯянд, ки онҳо ба Ҷалил раванд ва Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид.

11 Чун занон ба роҳ баромада буданд, баъзе аз посбонон ба шаҳр рафта, тамоми воқеаи рӯйдодаро ба коҳинони калон нақл карданд.

12 Коҳинони калон барои маслиҳат кардан бо пирони қавм вохӯрданд ва баъд аз маслиҳат ба посбонон пули калон дода,

13 гуфтанд: «Рафта ба мардум гӯед, ки шабона шогирдони Исо омада, аз хоб буданатон истифода бурда, ҷасади Ӯро дуздида рафтанд.

14 Агар ин хабар ба гӯши ҳоким расад, мо ба ӯ гапамонро гузаронида, шуморо аз хатар раҳо мекунем».

15 Посбонон пулро гирифта, чунон ки сардорони коҳинон онҳоро ёд доданд, ҳамон тавр карданд. Аз ин рӯ, яҳудиён ин ҳикояро то ба имрӯз ба ёд меоранд.

16 Сипас он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта, ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд.

17 Онҳо баробари Ӯро дидан ба Ӯ саҷда намуданд, аммо баъзеашон шубҳа карданд.

18 Исо ба шогирдонаш наздик шуда, гуфт: «Тамоми қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст.

19 Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯйи заминро шогирди Ман созед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед

20 ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28