меню

Инҷили Матто 6 Боб


1 Исо суханонашро давом дода гуфт: «Дар назди мардум намоишкорона корҳои нек накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред.

2 Вақте ки садақа медиҳед, ба монанди одамони дурӯя ба ҳама овоза накунед. Онҳо дар ҷамоатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо садақа доданашонро эълон менамоянд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд.

3 Аммо, ҳангоме ки шумо садақа медиҳед, бигзор дасти ростатон аз кори дасти чапатон огоҳ нашавад,

4 то ки садақаи шумо пинҳон монад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад.

5 Вақте ки дуо мекунед, ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ҷамоатхонаю сари кӯчаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд.

6 Аммо ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падаратон, ки ҳеҷ чиз аз назари Ӯ пинҳон нест, ба шумо мукофот медиҳад.

7 Дар вақти дуохонӣ низ мисли ғайрияҳудиён рафтор накунед. Онҳо дар дуо бисёр гапҳои беҳуда мегӯянд, чун фикр мекунанд, ки агар дурудароз дуо кунанд, дуояшон шунида мешавад.

8 Ба монанди онҳо дуо нагӯед, зеро Падари шумо эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад.

9 Пас шумо ин тавр дуо кунед: Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, Номи Ту муқаддас бод.

10 Бигзор Подшоҳии Ту биёяд. Хости Ту, ки дар осмон иҷро мешавад, дар замин низ иҷро шавад.

11 Ризқу рӯзии имрӯзаамонро ба мо бидеҳ

12 ва корҳои бади моро бубахш, чи тавре ки мо низ онҳоеро, ки ба мо бадӣ мекунанд, мебахшем.

13 Моро ба озмоиш дучор накун, балки аз шайтон раҳоӣ деҳ.

14 Агар шумо одамонеро, ки дар ҳаққатон бадӣ мекунанд, бубахшед, Падари осмониатон ҳам шуморо мебахшад.

15 Вале агар дигаронро набахшед, Падаратон ҳам шуморо намебахшад.

16 Боз вақте ки рӯза мегиред, монанди одамони дурӯя рӯятонро ҷиддӣ вонамуд накунед. Зеро дурӯяҳо намуди зоҳириашонро ғамзада нишон медиҳанд, то дигарон бинанд, ки онҳо рӯзадор ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд.

17 Лекин, вақте ки шумо рӯза мегиред, дасту рӯятонро шуста, мӯйҳоятонро шона кунед,

18 то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падаратон, ки ниҳонбин аст, ба шумо мукофот хоҳад дод.

19 Дар замин барои худ сарват ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва дуздон даромада, онро медузданд.

20 Баръакс, дар осмон сарват ҷамъ кунед. Чунин сарватро куяву занг намезанад ва дуздон даромада, онро намедузданд.

21 Зеро ҳар ҷое ки бойигарӣ доред, фикру хаёли шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.

22 Чашм чароғи бадан аст. Пас агар чашматон солим бошад, тамоми баданатонро равшанӣ пур мекунад,

23 аммо агар чашматон солим набошад, тамоми баданатонро торикӣ пур мекунад. Дар ин сурат, агар равшанӣ дар даруни шумо дар асл торикӣ бошад, пас он чӣ хел торикии зулмот аст!

24 Ҳеҷ кас ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул.

25 Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки ғами зиндагиатонро нахӯред, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед ва ғами бадани худро нахӯред, ки чӣ мепӯшед. Магар зиндагӣ фақат аз хӯрок ва бадан аз пӯшок иборат аст?

26 Ба парандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на киштукор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на дар анборҳо ҳосил захира мекунанд. Лекин Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар арзиши шумо аз парандаҳо баландтар нест?

27 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан умри худро ақаллан як соат дарозтар карда метавонад?

28 Барои сарулибос ҳам чӣ ғам мехӯред? Ба нашъунамои савсанҳои саҳро нигоҳ кунед: онҳо на меҳнат мекунанду на ришта мересанд,

29 лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату сарваташ мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст.

30 Пас, агар Худо гиёҳ ё алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, чунин пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо аз он чанд маротиба беҳтар пӯшонда натавонад?!

31 Барои ҳамин ғам хӯрданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?“ „чӣ менӯшида бошем?“ ё „чӣ мепӯшида бошем?“

32 Чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд. Падари осмониатон бошад, медонад, ки шумо ба ҳамаи он эҳтиёҷ доред.

33 Шумо аввал Подшоҳии Худо ва ростии Ӯро ҷӯед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад.

34 Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Барои ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28