Инҷили Матто 17 Боб
1 Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус ва бародарон Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба кӯҳи баланде баромад.
2 Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд. Чеҳрааш монанди офтоб дурахшид, либосаш ҳам мисли равшании нур сап-сафед шуд.
3 Ногаҳон Мусо ва Илёс пайғамбар дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд ва бо Исо суҳбат карданд.
4 Петрус ба Исо гуфт: «Хоҷа, чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Агар хоҳӣ ман дар ин ҷо се хайма месозам, яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс».
5 Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри дурахшоне пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва аз он овозе баромад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед».
6 Аз шунидани ин овоз шогирдонро ваҳм фаро гирифт ва онҳо худро ба рӯйи замин партофтанд.
7 Аммо Исо ба наздашон омада, ба онҳо даст расонда гуфт: «Бархезед ва аз ҳеҷ чиз натарсед».
8 Онҳо ба боло нигоҳ карданд ва ғайр аз Исо касеро надиданд.
9 Вақте ки онҳо аз кӯҳ поён мефаромаданд, Исо ба шогирдон фармуд, то даме ки Писари Одамизод аз мурдагон зинда нашавад, чизи дидаашонро ба касе нақл накунанд.
10 Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро устодони шариат мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»
11 «Дуруст, – ҷавоб дод Ӯ, – аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд.
12 Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омадааст ва одамон вайро нашинохтанду ҳар коре, ки хостанд, ба вай карданд. Бо Писари Одамизод низ ҳамон тавр рафтор хоҳанд кард».
13 Он вақт шогирдонаш фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта, Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дошт.
14 Ҳангоме ки онҳо назди мардум баргаштанд, марде пеши Исо омада, ба зону истода,
15 гуфт: «Хоҷа, ба писарам раҳм бикун! Вай тез-тез аз ҳуш рафта, шах мешавад ва бениҳоят азоб мекашад. Аз ин рӯ, ӯ худро зуд-зуд ба оташ ё ба об мепартояд.
16 Вайро ба назди шогирдонат овардам, лекин онҳо ӯро шифо дода натавонистанд».
17 Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро ба наздам биёред!»
18 Бачаро гирифта, ба наздаш оварданд ва Ӯ ба ҷин фармон дод, ки аз бача берун барояд. Ҷин берун баромад ва бача худи ҳамон лаҳза сиҳат шуд.
19 Сипас шогирдон дар танҳоӣ аз Исо пурсиданд: «Чаро мо ҷинро берун карда натавонистем?»
20-21 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Аз сабаби сустимониатон. Агар шумо ҳатто ба андозаи донаи хардал имон медоштеду ба ин кӯҳ „Аз ин ҷо ба он ҷо гузар“ мегуфтед, он ба шумо итоат мекард. Барои имондор ҳеҷ кор ғайриимкон нест».
22 Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад
23 ва онҳо Ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм Ӯ зинда мегардад». Аз шунидани ин суханон шогирдонаш бисёр ғамгин шуданд.
24 Вақте ки Исо бо шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, касоне ки барои маъбади Худо андоз ҷамъ мекарданд, назди Петрус омада пурсиданд: «Магар Устоди ту андоз намесупорад?»
25 «Албатта месупорад», – ҷавоб дод Петрус. Баъд Петрус ба хона даромад ва ҳанӯз ӯ даҳон накушода, Исо ба вай гуфт: «Шимъун, ба фикри ту подшоҳон андозу хироҷро аз кӣ меситонанд? Аз одамони худӣ ё бегонагон?»
26 «Аз бегонагон», – ҷавоб дод Петрус. Исо гуфт: «Пас фарзандони подшоҳ аз ин вазифа озоданд.
27 Лекин барои наранҷонидани ин одамон ба сӯйи баҳр рафта, бо шасти моҳигирӣ сайд кун. Аз даҳони моҳии аввалине, ки сайд мекунӣ, тангаеро меёбӣ ва ин тангаро гирифта, аз номи Ман ва худат андоз супор».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28