Инҷили Матто 26 Боб
1 Исо таълимоташро ба охир расонда, ба шогирдонаш гуфт:
2 «Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз иди Наҷот сар мешавад. Он вақт Писари Одамизод ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд».
3 Дар қасри саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, коҳинони калон ва пирони қавм ҷамъ омаданд.
4 Онҳо маслиҳат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд.
5 Аммо қарор карданд, ки ин корашонро дар рӯзҳои ид накунанд, мабодо мардум ба шӯр оянд.
6 Исо он вақт дар деҳаи Байтанё, дар хонаи Шимъун ном марде, ки пештар гирифтори бемории пӯст буд, меҳмон шуд.
7 Ҳангоми таомхӯрӣ ба назди Ӯ зане омад, ки дар даст як шишача равғани атрафшони қиматбаҳо дошт. Вай он атрро ба сари Исо рехт.
8 Шогирдон аз ин кори зан ба ғазаб омада, гуфтанд: «Ин чӣ исрофкорист?!
9 Охир ин равғанро ба нархи қимат фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!»
10 Аммо Исо, ки аз суханони онҳо бохабар буд, гуфт: «Чаро ин занро танқид мекунед? Ӯ бароям кори нек кард.
11 Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.
12 Ин зан атрро ба танам рехта, Маро барои гӯронидан тайёр кард.
13 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки хушхабар эълон гардад, кори ин зан низ барои ёдоварии вай гуфта мешавад».
14 Яке аз дувоздаҳ шогирди Исо, ки Яҳудои Исқарютӣ ном дошт, назди коҳинони калон рафта
15 пурсид: «Агар Исоро ба шумо таслим кунам, ба ман чӣ медиҳед?» Онҳо ба Яҳудо сӣ тангаи нуқра пешниҳод карданд.
16 Аз ҳамон лаҳза сар карда, Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати муносиб меҷуст.
17 Рӯзи аввали иди Фатир шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки бароят дастархони иди Наҷотро тайёр намоем?»
18 Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба шаҳр, назди фалон кас рафта гӯянд: «Устод мегӯяд, ки вақту соати Ӯ наздик омадааст ва Ӯ бо мо, шогирдонаш дар хонаи шумо иди Наҷотро қайд мекунад».
19 Шогирдон ҳамаи гуфтаҳои Исоро иҷро карда, хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд.
20 Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш сари дастархон нишасту
21 ҳангоми таомхӯрӣ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».
22 Шогирдонаш хеле ғамгин шуда, паси ҳамдигар аз Ӯ мепурсиданд: «Хоҷа, оё ин шахс ман ҳастам?»
23 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Касе ки ҳамроҳи Ман аз як табақ мехӯрад, ба Ман хиёнат мекунад.
24 Писари Одамизод аз рӯйи он чизе ки дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, мемирад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Писари Одамизод хиёнат мекунад. Беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё намеомад!»
25 Яҳудои хиёнаткор ба сухан даромада, гуфт: «Устод, оё ин шахс ман ҳастам?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ».
26 Ҳангоме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт. Баъд онро пора карда, ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Нонро бигиреду бихӯред, ки ин бадани Ман аст».
27 Пас косаро гирифта, шукргузорӣ карда, онро ба шогирдонаш дода, гуфт: «Ҳамаи шумо аз коса бинӯшед.
28 Зеро ин хуни Ман аст ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймон мебандад. Хуни Ман барои бахшида шудани гуноҳҳои одамони зиёд рехта мешавад.
29 Ба шумо мегӯям, Ман боз ҳамроҳи шумо дар Подшоҳии Падарам шираи ангури нав хоҳам нӯшид. Лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».
30 Баъд онҳо Худоро ҳамду сано гуфтанд ва ба кӯҳи Зайтун равона шуданд.
31 Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб ҳамаи шумо Маро тарк мекунед, чунки дар навиштаҷот омадааст: „Чӯпонро мезанам ва гӯсфандон пароканда мешаванд“.
32 Аммо, вақте ки зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам».
33 Петрус ба Вай гуфт: «Дигарон Туро тарк кунанд ҳам, ман ҳаргиз ин корро намекунам».
34 Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
35 Аммо Петрус гуфт: «Не, ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, ҳаргиз Туро инкор намекунам».
Шогирдони дигар низ айнан ҳамин чизро гуфтанд.
36 Исо ва шогирдонаш ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар ҳамин ҷо бошед, Ман дар он тарафтар дуо мекунам».
37 Вай ҳамроҳаш Петрус ва ду писари Забдойро бурд. Ғаму андӯҳаш сахт шиддат меёфт ва
38 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду ҳамроҳи Ман бедор бошед».
39 Инро гуфта, Исо каме дуртар рафт ва Худро ба рӯйи замин партофта, дуо кард: «Эй Падар! Агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Аммо бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».
40 Баъд Ӯ ба назди он се шогирдаш баргашта дид, ки онҳо хобидаанд. Ӯ аз Петрус пурсид: «Ақаллан як соат ҳамроҳи Ман бедор истода натавонистед?
41 Бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳ тайёр, аммо ҷисм нотавон аст».
42 Бори дигар Вай каме дуртар рафта, дуо кард: «Падарҷонам, агар ғайр аз косаи азобро нӯшидан бароям дигар илоҷе набошад, пас, бигзор иродаи Ту иҷро шавад».
43 Баъд баргашта, онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд.
44 Бори сеюм Вай онҳоро монда рафту айнан, мисли пештара, дуо кард.
45 Сипас, назди шогирдонаш баргашта ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта истироҳат мекунед? Вақту соати он ҳам расид, ки Писари Одамизод ба дасти гунаҳкорон таслим карда шавад.
46 Бархезед, биравем. Нигоҳ кунед, он касе, ки ба Ман хиёнат мекунад, наздик омад».
47 Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш ҳамроҳи як тӯдаи калони одамоне, ки калтаку шамшер дар даст доштанд, аз ҷониби коҳинони калон ва пирони қавм расида омад.
48 Хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Касеро, ки бӯсидам, ҳамон Шахсест, ки бояд дастгир кунед».
49 Яҳудо рост пеши Исо омада, – Салом, Устод – гӯён Ӯро бӯсид.
50 Исо ба вай гуфт: «Эй дӯст, нақшаатро амалӣ намо!» Он гоҳ он одамон Исоро дастгир карда, маҳкам доштанд.
51 Ногаҳон яке аз ҳамроҳони Исо шамшерашро аз ғилоф кашида ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт.
52 Исо ба вай гуфт: «Шамшератро ба ҷояш гузор, чунки ҳар касе, ки шамшер ба даст мегирад, бо шамшер кушта мешавад.
53 Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад.
54 Лекин гуфтаҳои навиштаҷот он гоҳ чӣ хел иҷро мешаванд? Охир гуфта шудааст, ки ҳамааш ҳамин тавр бояд рӯй диҳад».
55 Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Магар шумо Маро роҳзан фикр мекунед, ки барои дастгир карданам бо калтаку шамшерҳо омадед? Ман ҳар рӯз дар маъбади Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед.
56 Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо барои он рӯй доданд, ки пешгӯйиҳои пайғамбарон, ки дар навиштаҷот омадаанд, иҷро шаванд». Он вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд.
57 Сипас, онҳое, ки Исоро дастгир карданд, Ӯро ба назди саркоҳин Қаёфо бурданд. Дар он ҷо устодони шариату пирони қавм аллакай ҷамъ омада буданд.
58 Петрус бошад, то назди ҳавлии саркоҳин аз пайи Исо дар масофаи каме дуртар меомад. Вай ба даруни ҳавлӣ даромада, бо мақсади дидани анҷоми кор дар байни посбонон нишаст.
59 Коҳинони калон ва ҳамаи аъзоёни дигари шӯрои пирон бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далели дурӯғеро пайдо кунанд.
60 Лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд, гарчи бисёр касон ба пеш баромада, зидди Ӯ туҳмат мекарданд. Оқибат ду кас ба пеш қадам монда
61 гуфтанд: «Ин одам гуфта буд, ки маъбади Худоро вайрон карда, онро дар байни се рӯз аз нав барпо карда метавонад».
62 Бо шунидани ин суханон саркоҳин аз ҷояш бархеста, ба Исо гуфт: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?»
63 Вале Исо хомӯш буд. Саркоҳин боз ба Ӯ гуфт: «Ба номи Худои зинда бигӯ, ки Ту Масеҳ ва Писари Худо ҳастӣ?»
64 Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Писари Одамизодро хоҳед дид, ки аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд!»
65 Он гоҳ саркоҳин либоси танашро дарронда гуфт: «Ӯ суханони куфр гуфт. Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон ҳоло сухани куфри Ӯро шунидед.
66 Чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг», – ҷавоб доданд дигарон.
67 Баъзеҳо ба рӯйи Исо туф карда Ӯро мезаданд. Баъзеҳо торсакӣ зада,
68 мегуфтанд: «Эй Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Ку, бигӯй, ки Туро кӣ зад?!»
69 Петрус дар рӯйи ҳавлӣ менишаст, ки канизаке ба наздаш омада гуфт: «Ту низ ҳамроҳи Исои ҷалилӣ будӣ».
70 Аммо Петрус дар ҳузури ҳама суханони ӯро инкор карда, гуфт: «Намефаҳмам, чӣ мегӯйӣ».
71 Сипас, вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд. Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида, ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд».
72 Петрус боз инкор карда гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин одамро намешиносам».
73 Баъд аз муддате чанд мардоне, ки дар ҳамон ҷо буданд, назди Петрус омада, гуфтанд: «Аниқ ту ҳам бо онҳо будӣ, чунки аз лаҳҷаат маълум аст».
74 Вале Петрус қасам хӯрда, гуфт: «Худо занад, ки ин одамро намешиносам». Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад
75 ва сухани Исо ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28