Инҷили Матто 13 Боб
1 Худи ҳамон рӯз Исо аз хона баромада, ба соҳили баҳр рафта нишаст.
2 Азбаски дар гирдаш одамони зиёд ҷамъ шуданд, Исо ба қаиқе нишаст ва одамон бошанд, дар соҳил меистоданд.
3 Исо бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо нақл мекард. Ӯ гуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан ба киштзор меравад.
4 Ҳангоми дона коштанаш як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд.
5 Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад.
6 Вале бо баромадани офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштанаш хушк мешавад.
7 Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи навсабзидаро пахш мекунанд.
8 Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, баъзе сад, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд.
9 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»
10 Баъдтар шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Чаро Ту мардумро бо масалҳо таълим медиҳӣ?»
11 Исо дар ҷавоб гуфт: «Фаҳмиши сирру асрори Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон аст.
12 Чунки ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз дода мешавад ва ӯ зиёдтар хоҳад дошт, аммо аз касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, гирифта мешавад.
13 Барои ҳамин Ман ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям: онҳо нигоҳ мекунанду намебинанд, гӯш медиҳанду аммо намешунаванд ва намефаҳманд.
14 Ишаъё пайғамбар пешгӯйӣ карда гуфта буд: „Ин одамон гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд; бо чашмонашон бинанд ҳам, дарк намекунанд,
15 чунки зеҳни онҳо кунд ва гӯшҳояшон вазнин шудааст, ва онҳо чашмонашонро пӯшидаанд. Вагарна чашмонашон дида,
гӯшҳояшон шунида ва ақлашон дарк карда метавонисту ба Ман рӯй меоварданд ва Ман онҳоро шифо медодам“. Ин пешгӯйӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
16 Аммо шумо хушбахт ҳастед, ки чашмонатон мебинанд ва гӯшҳоятон мешунаванд.
17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бисёр пайғамбарон ва некукорон дар орзуи дидан ва шунидани он чизҳое буданд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд.
18 Акнун маънои масали деҳқонро гӯш кунед.
19 Баъзе касон каломро дар бораи Подшоҳии Худо мешунаванду онро намефаҳманд. Шайтон омада, каломи дар дили онҳо кошташударо кашида мегирад. Ин ба монанди ба пайраҳа афтодани донаҳо аст.
20 Ба замини санглох афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду дарҳол бо шодӣ онро қабул мекунанд.
21 Вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе устувор меистанд. Баъд ба хотири он ки ба каломи Худо бовар мекунанд, ба душворӣ ва азоб дучор шуда, зуд имони худро аз даст медиҳанд.
22 Ба замини хорзор афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ ва орзуи сарват каломро пахш менамояд ва дар натиҷа он ҳеҷ ҳосиле намеорад.
23 Вале ба замини ҳосилхез афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду онро мефаҳманд. Онҳо баъзан сад, баъзан шаст ва баъзан сӣ баробар бештар самар меоранд».
24 Пас аз он Исо масали дигареро нақл кард: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: шахсе ба заминаш донаҳои хубро мекорад.
25 Лекин вақте ки ҳама хоб мераванд, душман омада, дар байни гандум тухми алафи бегонаро пошида, меравад.
26 Сипас баробари сабзидану сарак баровардани гандум, алафи бегона низ намоён мегардад.
27 Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои хушсифати гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?“
28 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“
29 „Не, – мегӯяд соҳиби киштзор, – чунки алафи бегонаро канданӣ шуда боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед.
30 Бигзор то вақти дарав ҳам гандум ва ҳам алафи бегона истад. Он вақт ба даравгарон фармон медиҳам, ки аввал алафи бегонаро канда, даста карда сӯзонанд, баъд гандумро даравида, дар анборам ҷамъ кунанд“».
31 Исо ба онҳо боз масали дигареро нақл кард: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: шахсе тухми хардалро гирифта, дар замини худ мекорад.
32 Ин тухм аз ҳамаи тухмҳои рӯйи дунё майдатарин мебошад, вале вақте ки он месабзад, аз ҳамаи растаниҳо калонтар шуда, ба дарахт мубаддал мегардад ва парандаҳо омада, дар шохаҳои он лона месозанд».
33 Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худо ба мисли хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо як халта орд омехта, хамир кард ва тамоми хамир расид».
34 Исо ҳама чизро ба мардум бо масалҳо баён мекард ва бе масал ба онҳо ҳеҷ чиз намегуфт,
35 то ба амал ояд суханони пайғамбаре, ки гуфта буд: «Ман ба онҳо бо масалҳо сухан меронам ва чизҳои аз офариниш пинҳонро нақл мекунам».
36 Вақте ки Исо аз пеши мардум ба хона рафт, шогирдонаш ба наздаш омада хоҳиш карданд, ки Ӯ масали дар бораи алафи бегона нақлкардаашро ба онҳо маънидод кунад.
37 Вай дар ҷавоб гуфт: «Шахсе, ки донаҳои хушсифатро мекорад, Писари Одамизод аст,
38 киштзор ин ҷаҳон аст, донаҳои гандум шахсоне ҳастанд, ки ба Подшоҳии Худо тааллуқ доранд. Алафи бегона бошад, одамони шайтон ҳастанд
39 ва душмане, ки тухми алафи бегонаро мекорад, шайтон мебошад. Мавсими дарав охирзамон аст, даравгарон бошанд, фариштаҳоянд.
40 Чи тавре ки алафи бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, айнан ҳамин тавр, дар охирзамон рӯй медиҳад.
41 Яъне Писари Одамизод фариштаҳои Худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили Подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта,
42 ба оташи сӯзон партоянд. Дар он ҷо бошад, одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд.
43 Аммо некукорон дар Подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд. Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!
44 Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: рӯзе шахсе дар киштзор ганҷинаи пинҳоншударо ёфта, онро боз пинҳон мекунад. Ӯ аз шодӣ тамоми дороияшро фурӯхта, ҳамон киштзорро мехарад.
45 Инчунин Подшоҳии Худо ба савдогаре монанд аст, ки марворидҳои зебо меҷуст
46 ва ҳангоме ки як марвориди гаронбаҳо меёбад, рафта тамоми молу мулкашро фурӯхта онро мехарад.
47 Инчунин, Подшоҳии Худо ба мисли тӯре аст, ки моҳигирон онро ба баҳр партофтанд ва ба он ҳар гуна моҳӣ даромад.
48 Вақте ки он пур шуд, моҳигирон онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, хубашро ба сабадҳо андохтанду бадашро партофтанд.
49 Дар охирзамон низ ҳамин тавр рӯй медиҳад: фариштаҳо баромада, одамони бадкирдорро аз байни некукорон ҷудо мекунанд.
50 Одамони бадкирдорро ба оташи сӯзон мепартоянд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».
51 Исо аз шогирдонаш пурсид: «Шумо ин гуфтаҳоямро фаҳмидед?» «Фаҳмидем», – ҷавоб доданд онҳо.
52 Ӯ давом дода, гуфт: «Пас, ҳар устоди шариат, ки дар Подшоҳии Худо таълим ёфтааст, монанди соҳиби хона аст, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва куҳнаро берун мебарорад».
53 Исо нақл кардани масалҳоро тамом карда, аз он ҷо баромад
54 ва ба шаҳри Худ баргашт. Ӯ дар ҷамоатхонаи он ҷо таълим медод ва онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида, ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Ӯ ин қадар ҳикмату қобилияти муъҷизакорӣ дорад?
55 Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Яъқубу Юсуфу Шимъуну Яҳудо ҳастанд?
56 Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Ӯ аз куҷо ин қадар ҳикмату қудрат дорад?»
57 Онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд. Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар диёри Худ ва дар байни хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷойи дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд».
58 Аз сабаби он ки онҳо ба Исо боварӣ надоштанд, Ӯ дар он ҷо муъҷизаи зиёд нишон надод.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28