меню

Инҷили Матто 4 Боб


1 Баъд аз ин воқеа, Рӯҳулқудс Исоро ба биёбон бурд, то ки шайтон Ӯро биозмояд.

2 Давоми чил шабонарӯз Исо рӯза дошт ва ниҳоят сахт гурусна монд.

3 Он гоҳ шайтони васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд».

4 Лекин Исо дар ҷавоб гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд».

5 Сипас шайтон Исоро ба шаҳри муқаддаси Уршалим бурда, дар ҷойи баландтарини маъбади Худо гузошт

6 ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро аз ин ҷо ба пойин парто. Зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони Худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро дар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“».

7 «Не! – ҷавоб дод Исо, – чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки „Худованд Худои худро насанҷед“».

8 Баъд аз ин, шайтон Исоро ба болои кӯҳи хеле баланд бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо тамоми шукӯҳу зебоияшон ба Ӯ нишон дода,

9 гуфт: «Агар Худро ба замин партофта, ба ман саҷда намоӣ, ҳамаи инро ба Ту медиҳам».

10 Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав, эй шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „ба Худованд Худои худ саҷда намоед ва танҳо ба Ӯ хизмат кунед“».

11 Он гоҳ шайтон аз Исо дур шуд ва фариштагон омада, ба Ӯ хизмат карданд.

12 Дертар Яҳёро дастгир карданд ва ин хабар ба гӯши Исо расид. Сипас, Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил баргашт.

13 Баъд Исо барои истиқомат кардан аз шаҳри Носира ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Кафарнаҳум дар назди баҳри Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст.

14 Ҳамин тавр пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд:

15 «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолӣ, ки дар он тарафи рӯд (дарё)-и Урдун, дар роҳи канори баҳр ҷойгир ҳастед!

Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолӣ, ки вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастед!

16 Мардуме, ки дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарданд, нури дурахшонро диданд

ва бар онҳое, ки ба маконашон сояи марг афтода буд, нур дурахшид».

17 Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани пайғоми Худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон рӯй гардонед, чунки Подшоҳии Худо наздик аст!»

18 Ҳангоме ки Исо дар соҳили баҳри Ҷалил роҳ мерафт, ду бародареро дид, ки моҳигир буданд. Онҳо ба баҳр тӯр меандохтанд. Номи яке Шимъун, ки ӯро ҳамчунин, Петрус меномиданд ва номи дигаре Андриёс буд.

19 Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, то ба ҷойи моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам».

20 Онҳо тӯрҳои худро дарҳол партофта, Ӯро пайравӣ карданд.

21 Исо роҳи Худро давом медод, ки ду бародари дигар, Яъқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ нишаста, тӯрҳои худро дуруст мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард

22 ва онҳо зуд қаиқ ва падарашонро гузошта, Ӯро пайравӣ карданд.

23 Исо дар саросари вилояти Ҷалил мегашт, дар ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод, дар бораи Подшоҳии Худо хабари хушро эълон мекард ва ҳар дарду бемории одамонро шифо мебахшид.

24 Аз ин сабаб, овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо ҷинзадагон, гирифторони бемории саръ, яъне онҳое, ки аз ҳуш рафта, шах мешуданд ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо мебахшид.

25 Бинобар ин, мардуми бисёре аз Ҷалилу Даҳшаҳр, аз Уршалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28