меню

Инҷили Матто 15 Боб


1 Сипас, чанд нафар фарисиёну устодони шариат аз Уршалим ба назди Исо омада пурсиданд:

2 «Чаро шогирдони Ту урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо дастонашонро нашуста, хӯрок мехӯранд!»

3 Ӯ ҷавоб дод: «Чаро худатон барои иҷро кардани урфу одатҳоятон фармудаҳои Худоро вайрон мекунед?

4 Худо ба мо фармудааст: „Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“ ва „агар касе волидонашро лаънат кунад, ҳатман кушта шавад“.

5 Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш ёрӣ надода, он чизро ба Худо бахшад,

6 он гоҳ ҳоҷат нест, ки падарашро эҳтиром кунад. Ҳамин тавр шумо ба хотири урфу одатҳоятон фармудаҳои Худоро барҳам медиҳед.

7 Эй одамони дурӯя! Ишаъё пайғамбар дар бораи шумо дуруст пешгӯйӣ кардааст:

8 „Худо мегӯяд, ки ин одамон фақат бо забон Маро ҳурмат мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст.

9 Онҳо Маро беҳуда парастиш мекунанд, чунки қоидаҳои инсониро ҳамчун қонуни Худо таълим медиҳанд!“»

10 Баъд Исо мардумро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ҳамин чизро донед, ки

11 он чи ба даҳон медарояд, одамро ҳаром намекунад, балки он чи аз даҳон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».

12 Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Фарисиён аз суханони Ту ранҷиданд».

13 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар растание, ки Падари осмонии Ман нашинондааст, бо решааш канда партофта мешавад.

14 Ба фарисиён аҳамият надиҳед. Онҳо худашон кӯр ҳастанду боз кӯрони дигарро роҳнамоӣ мекунанд. Агар кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар дуяшон ба чоҳ меафтанд».

15 Дар ин вақт Петрус аз Исо пурсид: «Он чи ба даҳан медарояд, одамро ҳаром намекунад гуфтӣ, ин масал чӣ маъно дорад?»

16 Исо ба онҳо гуфт: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед?

17 Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз шикам гузашта, берун мебарояд?

18 Лекин он чи аз даҳан мебарояд, одамро ҳаром мекунад, чунки он аз дили одам бармеояд.

19 Зеро аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, гуноҳи ҷинсӣ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва туҳмат пайдо мешавад.

20 Ин гуна чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Аммо дастро нашуста, хӯрок хӯрдан одамро ҳаром намекунад».

21 Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт.

22 Як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон омада, гуфт: «Эй Хоҷа, насли шоҳ Довуд! Ба ман раҳм бикун! Духтарам ҷинзада асту бисёр азоб мекашад».

23 Аммо Исо ҳеҷ ҷавобе надод. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан додзанону нолакунон аз дунболи мо омада истодааст. Ӯро ҷавоб бидеҳ!»

24 Исо гуфт: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшудаи халқи Исроил фиристода шудаам!»

25 Лекин он зан назди Исо омада, зону зада гуфт: «Эй Хоҷа, ба ман ёрӣ деҳ!»

26 Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта, ба назди сагон партофтан нодуруст аст».

27 «Рост мегӯйӣ, Хоҷаам, – гуфт дар ҷавоб зан, – лекин сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибонашон афтодаро мехӯранд».

28 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Имонат боқувват аст, эй зан! Он чи мехостӣ, бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт.

29 Исо он ҷойро тарк карда, қад-қади баҳри Ҷалил рафта ба кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст.

30 Ба назди Ӯ тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз ҳар гуна беморони гуногунро оварда, пеши пойҳояш мегузоштанд ва Исо онҳоро шифо медод.

31 Дар пеши назари мардум гунгҳо гап мезаданду шалҳо роҳ мерафтанд, кӯрон бино ва маъюбон сиҳат мегаштанд. Инро дида, ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд.

32 Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва дигар хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши Худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ беҳол нашаванд».

33 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин мардуми зиёдро сер кунем?»

34 Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто, – ҷавоб доданд онҳо – ва якчанд моҳии майда ҳам дорем».

35 Ӯ ба мардум фармуд, ки рӯйи замин бишинанд.

36 Баъд Ӯ ҳафт нону моҳиро гирифта, Худоро шукр гуфта, онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро ба мардум тақсим карданд.

37 Мардум то сер шудан хӯрданд ва сипас, шогирдон ҳафт сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд.

38 Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон чор ҳазор нафар буд.

39 Сипас, Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуда, ба сарзамини Маҷдал рафт.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28