меню

Аъмоли ҳаввориён 10 Боб


1 Дар шаҳри Қайсария марде бо номи Корнилиюс зиндагӣ мекард. Ӯ мирисади лашкаре буд, ки Италиявӣ ном дошт.

2 Корнилиюс ва тамоми хонаводааш одамони диндору худотарс буданд. Ӯ ба мардум бисёр хайр менамуд ва ҳамеша ба Худо дуо мекард.

3 Рӯзе, тақрибан соати се, ба Корнилиюс фариштаи Худо аён шуд ва ба ӯ наздик омада, гуфт: «Корнилиюс!»

4 Ӯ тарсон, аз фаришта чашм наканда, гуфт: «Лаббай, эй Аълоҳазрат». Фаришта ба вай гуфт: «Худо дуоятро шунид ва хайроти туро қабул кард.

5 Акнун ба шаҳри Ёфо одам бифирист, то ки Шимъуни лақабаш Петрусро ба наздат даъват кунад.

6 Ҳоло ӯ дар хонаи Шимъуни чармгар, ки дар соҳили баҳр мебошад, меҳмон аст».

7 Вақте фариштае, ки бо ӯ гап мезад, нопадид шуд, Корнилиюси мирисад ду хизматгор ва як сарбози диндорашро, ки дар хизмати ӯ буд, ҷамъ овард.

8 Мирисад тамоми ҳодисаро ба онҳо баён кард ва онҳоро ба шаҳри Ёфо фиристод.

9 Рӯзи дигар, нисфирӯзӣ, ҳангоме ки одамони Корнилиюс ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус барои дуо болои бом баромад.

10 Дар он ҷо ӯ гурусна монд ва хост, чизе бихӯрад. Аммо ҳанӯз хӯрок тайёр нашуда, Петрус ба ҳолати бехудӣ афтод.

11 Ӯ дид, ки осмон кушода шуда, аз он чизе ба монанди дастархони калон, ки аз чор гӯшааш овезон буд, ба замин мефарояд.

12 Даруни он аз ҳар гуна ҳайвоноти чорпо, хазандагон ва паррандагони осмон пур буд.

13 Сипас ӯ овозе шунид, ки мегуфт: «Петрус, хез, куш ва хӯр!»

14 Петрус ҷавоб дод: «Ҳаргиз, Худовандо! Ман дар умрам ягон чизи ҳаром ё нопок нахӯрдаам».

15 Овоз бори дигар гуфт: «Он чиро, ки Худо ҳалол кардааст, ҳаром нашумор».

16 Ин ҳодиса се бор такрор шуд. Сипас дастархон зуд ба осмон рафт.

17 Петрус ҳанӯз дар фикри чизҳои аёншуда буд, ки одамони Корнилиюс хонаи Шимъунро ёфта, ба дарвоза наздик шуданд.

18 Онҳо фарёд карданд: «Шимъуне, ки лақабаш Петрус аст, дар ҳамин ҷост?»

19 Он гоҳ Рӯҳулқудс ба Петрус, ки ҳанӯз дар бораи чизҳои дидааш фикр мекард, гуфт: «Туро се одам ҷустуҷӯ мекунанд.

20 Бархеста, ба наздашон фуро ва бе ягон шубҳа бо онҳо бирав, чунки онҳоро Ман фиристодам».

21 Петрус фуромада, ба онҳо гуфт: «Манам он касе, ки меҷӯед. Чӣ хизмат?»

22 Онҳо ҷавоб доданд: «Мо аз ҷониби Корнилиюси мирисад омадем, ки марди росткору худотарс буда, дар байни тамоми яҳудиён номи нек дорад. Фариштаи муқаддас ба ӯ фармудааст, ки шуморо ба хонааш даъват намуда, суханонатонро шунавад».

23 Пас Петрус онҳоро ба хона таклиф карда, меҳмондорӣ кард. Рӯзи дигар Петрус бо онҳо ба роҳ даромад. Баъзе имондорони шаҳри Ёфо ба вай ҳамроҳ шуданд.

24 Пас аз як рӯз онҳо ба Қайсария расиданд. Корнилиюс хешу табору дӯстони наздикашро ҷамъ оварда, интизори Петрус ва ҳамроҳонаш буд.

25 Вақте ки Петрус ба ҳавлӣ даромад, Корнилиюс назди пойҳои ӯ афтода, саҷда кард.

26 Аммо Петрус ӯро хезонда, гуфт: «Бархез, ман ҳам одам ҳастам».

27 Сипас Петрус бо Корнилиюс гапзанон ба хона даромада, дид, ки мардуми зиёде ҷамъ омадаанд.

28 Инак ба онҳо гуфт: «Чунон ки медонед, ба яҳудиён бо ғайрияҳудиён рафтуомад кардану ба хонаи онҳо даромадан манъ аст. Аммо Худо ба ман нишон дод, ки касеро ифлос ё нопок наҳисобам.

29 Бинобар ин, вақте ки даъват карданд, бечуну чаро омадам. Акнун гӯед, ки ба ман чӣ кор доштед?»

30 Корнилиюс ҷавоб дод: «Чор рӯз пеш ман дар хонаам дуо мекардам. Соат мисли ҳозир наздики се буд. Баногоҳ дар наздам марде пайдо шуд, ки либоси дурахшон дар бар дошт.

31 Ӯ ба ман гуфт: „Корнилиюс, Худо дуои туро шунид ва хайроти туро қабул кард.

32 Акнун ба шаҳри Ёфо одам фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват бикун. Ҳоло ӯ дар хонаи Шимъуни чармгар, ки дар соҳили баҳр мебошад, меҳмон аст“.

33 Бинобар ин дарҳол ба наздат одам фиристодам ва ту нағз кардӣ, ки омадӣ. Ҳоло мо ҳама дар ҳузури Худо ҷамъ омадем, то ҳар чи ки Худованд ба ту фармудааст, бишнавем».

34 Петрус суханашро сар кард: «Ана акнун фаҳмидам, ки дар ҳақиқат Худо ба касе рӯйбинӣ намекардааст,

35 балки одамони худотарсу росткорро аз ҳама халқҳо қабул мекардааст.

36 Хушхабари сулҳу осоиш ба воситаи Худованди ҳамагон – Исои Масеҳ дода шуд ва шумо аз ин паём, ки Худо ба халқи Исроил фиристод, бохабар ҳастед.

37 Шумо медонед, пас аз он ки Яҳё одамонро ба таъмид даъват намуд, аз сарзамини Ҷалил сар карда, то саросари сарзамини Яҳудия чӣ рӯй дод.

38 Яъне медонед, ки Худо ба Исои Носирӣ Рӯҳулқудс ва қувва бахшид. Исо ҳар сӯ сафар карда, корҳои нек анҷом дод ва ҷинзадагонро раҳо кард, чунки Худо бо Ӯ буд.

39 Мо худ ба ҳама коре, ки Ӯ дар кишвари яҳудиён ва шаҳри Уршалим кард, шоҳид ҳастем. Исои Масеҳро ба салиб овехта куштанд,

40 вале Худо Ӯро дар рӯзи сеюм зинда кард ва ба одамон зоҳир намуд.

41 Аммо на ба тамоми халқ, балки танҳо ба шоҳидоне, ки Худо пешакӣ интихоб намуд, яъне ба мо, ки пас аз зинда шуданаш бо Ӯ мехӯрдему менӯшидем.

42 Сипас Ӯ ба мо фармон дод, ки ба мардум чунин эълон намуда шаҳодат диҳем: Исои Масеҳ ҳамон Таъиншудаи Худост, ки зиндагону мурдагонро доварӣ мекунад.

43 Ҳамаи пайғамбарон дар бораи Ӯ шаҳодат додаанд, ки касе ба Ӯ имон оварад, ба воситаи номи Ӯ гуноҳҳояш бахшида мешавад».

44 Ҳанӯз Петрус суханашро тамом накарда, Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони каломи Худо фуруд омад.

45 Яҳудиёни имондор, яъне ҳамроҳони Петрус дар ҳайрат афтоданд, ки Рӯҳулқудс ҳатто ба ғайрияҳудиён ато мешудааст.

46 Зеро онҳо бо гӯшҳои худ мешуниданд, ки ғайрияҳудиён бо ҳар гуна забонҳо гап мезананду Худоро ситоиш мекунанд. Сипас Петрус гуфт:

47 «Чунон ки Рӯҳулқудс ба мо ато шуда буд, ба инҳо низ дода шуд. Оё акнун касе метавонад, ба онҳо зиддият намояд, ки таъмид гиранд?»

48 Инро гуфта, Петрус фармуд, ки онҳо ба номи Исои Масеҳ таъмид гиранд. Сипас аз Петрус хоҳиш намуданд, ки якчанд рӯз бо онҳо бимонад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28