меню

Аъмоли ҳаввориён 17 Боб


1 Павлус ва Сило аз шаҳрҳои Амфипулис ва Апуллуния гузашта, ба шаҳри Тасолуникӣ омаданд, ки дар он ҷо ҷамоатхонаи яҳудиён буд.

2 Аз рӯйи одати худ, Павлус ба ҷамоатхона рафт ва се рӯзи шанбе ба яҳудиён сухан гуфт. Ӯ аз навиштаҷот

3 далелҳо оварда, мефаҳмонд ва нишон медод, ки азоб кашидан ва сипас зинда шудани Таъиншудаи Худо зарур буд. Павлус мегуфт: «Исое, ки ба шумо эълон мекунам, ҳамон Таъйиншудаи Худост».

4 Оқибат баъзеи онҳо имон оварда, ба Павлусу Сило ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин, гурӯҳи калони юнониҳои худотарс ва шумораи зиёди занони обрӯманд низ имон оварданд.

5 Аммо баъзе яҳудиён ҳасад хӯрда, аз бозор якчанд бадкорро ҷамъ намуданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд. Онҳо ба хонаи Ёсун зада даромада, Павлусу Силоро ҷустанд, то ки байни мардум бароранд.

6 Аммо чун онҳоро наёфтанд, Ёсун ва чанд бародари дигарро назди сардорони шаҳр оварда, додзанон гуфтанд: «Инҳо, ки тамоми дунёро ба шӯр овардаанд, ҳоло ба ин ҷо ҳам расиданд.

7 Ёсун бошад онҳоро қабул кардааст! Онҳо „Исо ном подшоҳи дигаре ҳаст“ гуфта, ҳама қонуни шоҳаншоҳи Румро вайрон мекунанд».

8 Мардум ва сардорони шаҳр ин суханонро шунида ба ташвиш афтоданд.

9 Сардорони шаҳр аз Ёсун ва дигарон гарав гирифта, онҳоро озод карданд.

10 Худи ҳамон шаб имондорон Павлусу Силоро ба шаҳри Бирия фиристоданд. Онҳо чун расиданд, ба ҷамоатхонаи яҳудиён рафтанд.

11 Яҳудиёни Бирия назар ба яҳудиёни Тасолуникӣ равшанфикртар буданд. Онҳо бо шавқи зиёд ба хушхабари Худованд гӯш мекарданд ва ҳар рӯз навиштаҷот хонда, месанҷиданд, ки оё аслан ҳамин тавр аст ё не.

12 Аз ин рӯ, аксари онҳо имон оварданд ва ҳамчунин шумораи зиёди занони обрӯманди юнонӣ ва баъзе мардон низ имон оварданд.

13 Аммо чун яҳудиёни Тасолуникӣ шуниданд, ки Павлус каломи Худоро дар шаҳри Бирия низ эълон мекунад, ба он ҷо расида омаданд ва мардумро барангехта ошӯб бардоштанд.

14 Имондорон дарҳол Павлусро ба лаби баҳр фиристоданд, лекин Сило ва Тимотиюс дар Бирия монданд.

15 Ҳамроҳони Павлус бо ӯ то шаҳри Атино рафтанд. Сипас баргашта фармони Павлусро расонданд, ки Силову Тимотиюс ҳарчи зудтар ба назди ӯ раванд.

16 Павлус дар интизори Силову Тимотиюс шаҳри Атиноро тамошо кард ва онро пур аз бутҳо дида, рӯҳан хеле нороҳат шуд.

17 Аз ин рӯ, ӯ дар ҷамоатхона бо яҳудиёну юнониҳои худотарс ва ҳар рӯз дар бозор бо одамони гуногун вохӯрда суҳбат мекард.

18 Баъзе аз файласуфони мактаби эпикурӣ ва равоқӣ бо Павлус баҳс намуда гуфтанд: «Ин лаққӣ чӣ гуфтан мехоҳад?» Дигарон ҷавоб доданд: «Чунин метобад, ки вай дар бораи худоёни бегона сухан меронад». Зеро ӯ дар бораи Исо ва зиндашавии мурдагон хушхабар мерасонд.

19 Оқибат онҳо Павлусро ба Арюпог ном маҷлисгоҳе оварда гуфтанд: «Ба мо гӯй, ки ин таълимоти нав дар бораи чист?

20 Чизҳои аҷоиб мегӯйӣ, мехоҳем донем, ки онҳо чӣ маъно доранд».

21 (Барои ҳамаи атиноиҳо ва хориҷиҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекарданд, коре беҳтар аз шунидан ва гуфтани хабари нав набуд).

22 Павлус дар мобайни маҷлисгоҳи Арюпог истода, гуфт: «Мардони Атино! Мебинам, ки шумо аз ҳар ҷиҳат хеле диндор будаед.

23 Ман гаштугузор намуда, муқаддасоти шуморо аз наздик дидам. Дар як қурбонгоҳатон чунин хондам: „Ба Худои ношинос“. Ман дар бораи ана ҳамон Худо, ки шумо нашинохта мепарастед, хабар медиҳам.

24 Худое, ки дунё ва тамоми чизҳои дар он бударо офаридааст, Худованди замину осмон аст. Ӯ дар маъбадҳое, ки бо дастони одамизод сохта шудаанд, зиндагӣ намекунад.

25 Худо ба ягон чизе, ки дастони одамизод фароҳам оварда тавонад, муҳтоҷ нест, чунки Худаш ба ҳама зиндагӣ, нафас ва ҳар чизи дигарро мебахшад.

26 Ӯ аз як одам ҳамаи халқҳоро ба вуҷуд овард, то ки дар тамоми замин сокин шаванд. Ба онҳо вақт ва ҷойи зиндагӣ муайян намуд,

27 то ки даст-дасткунон Худоро ҷӯянд ва эҳтимол пайдо кунанд. Лекин ба ҳар ҳол Худо аз ҳар яки мо дур нест.

28 Охир Ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост. Чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: „Мо фарзандони Ӯ ҳастем“.

29 Пас, агар фарзандони Худо бошем, набояд фикр кунем, ки Ӯ монанди чизе аз тилло, нуқра ва ё санг аст, ки бо ақлу ҳунари одамӣ сохта мешавад.

30 Инак, Худо замони нодониро сарфи назар намуда, ҳоло дар ҳама ҷо ба ҳама одамон мефармояд, ки тавба кунанд.

31 Зеро Худо аллакай рӯзеро муайян намудааст, ки ба воситаи Марди таъинкардааш дунёро аз рӯйи инсоф доварӣ мекунад ва барои исботи ин Ӯро зинда кард».

32 Баъзе аз ҳозирон дар бораи зиндашавии мурдагон шунида, масхаракунон хандиданд. Вале дигарон гуфтанд: «Дар ин бора рӯзи дигар туро гӯш мекунем».

33 Ҳамин тавр, Павлус аз маҷлисгоҳ баромад.

34 Якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд. Дар байни онҳо Диёнисиюси узви Маҷлиси арюпогӣ, Домарис ном зан ва якчанд каси дигар буданд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28