меню

Аъмоли ҳаввориён 25 Боб

гузариш зуд:

1 Фестуси ҳоким се рӯз пас аз он ки ба Қайсария омад, ба шаҳри Уршалим сафар кард.

2 Коҳинони калон ва роҳбарони яҳудӣ ба ҳоким аз Павлус шикоят карданд ва илтимос намуданд,

3 ки меҳрубонӣ намуда, ӯро ба Уршалим оварад. Онҳо қасд доштанд, ки Павлусро дар роҳ кушанд.

4 Фестуси ҳоким дар ҷавоб гуфт: «Павлусро дар шаҳри Қайсария нигоҳ медоранд ва худи ман ба наздикӣ ба он ҷо меравам.

5 Роҳбарони шумо бо ман раванд. Агар он одам айбе дошта бошад, бигзор даъво кунанд».

6 Сипас ҳашт ё даҳ рӯз дар Уршалим монда, ба Қайсария баргашт. Рӯзи дигар Фестуси ҳоким бар курсии доварӣ нишаста фармуд, ки Павлусро биёранд.

7 Чун оварданд, яҳудиёне, ки аз Уршалим омада буданд, гирди ӯро гирифта, ба гардани ӯ айбҳои зиёду вазнинро бор карданд. Аммо ҳеҷ яки онро исбот карда наметавонистанд.

8 Павлус худро сафед карда, гуфт: «На бар зидди шариати яҳудиён гуноҳ кардааму на бар зидди маъбади Худо ва на бар зидди шоҳаншоҳи Рум».

9 Фестуси ҳоким дили яҳудиёнро ёфтанӣ шуда, аз Павлус пурсид: «Мехоҳӣ, ки ба Уршалим равӣ, то ки кори туро дар он ҷо дида бароям?»

10 Павлус гуфт: «Ман ҳоло дар назди курсии доварии шоҳаншоҳи Рум истодаам ва бояд дар ин ҷо доварӣ карда шавам. Чунон ки худатон нағз медонед, ман ба яҳудиён ягон бадие накардаам.

11 Агар ҷинояте ё коре карда бошам, ки сазовори марг бошад, аз мурдан намегурезам, лекин агар дар ин ҳама даъвоҳои яҳудиён айбе надошта бошам, касе ҳақ надорад, ки маро ба дасти онҳо супорад. Ман доварии шоҳаншоҳи Румро талаб мекунам!»

12 Сипас Фестуси ҳоким бо маслиҳатчиёнаш гап зада, ба Павлус гуфт: «Азбаски доварии шоҳаншоҳи Румро талаб кардӣ, ба назди шоҳаншоҳи Рум меравӣ!»

13 Баъди чанд рӯз шоҳ Агрипос ва хоҳараш Берникӣ ба шаҳри Қайсария омаданд, то Фестуси ҳокимро хайрамақдам гӯянд.

14 Онҳо дар он ҷо чанд рӯз монданд. Фестуси ҳоким кори Павлусро ба шоҳ Агрипос нақл карда, гуфт: «Ин ҷо одаме ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон мондааст.

15 Вақте ки дар Уршалим будам, коҳинони калон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман нақл карда, талаб намуданд, ки ӯро маҳкум кунам.

16 Аммо дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки румиён чунин одат надоранд, ки касеро бечуну чаро ба дасти даъвогаронаш супоранд. Аввал мо бояд ӯро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ кунем ва ба ӯ имконият диҳем, ки худро сафед намояд.

17 Барои ҳамин, вақте ки онҳо бо ман омаданд, корро кашол надода, рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишастам ва фармудам, ки Павлусро биёранд.

18 Аммо даъвогаронаш бархоста, ӯро бо ҳеҷ як айбе, ки ман гумон доштам, айбдор накарданд.

19 Танҳо дар бораи чанд масъалаи диниашон ва дар бораи кадом як Исо бо вай баҳс мекарданд, ки гӯё мурдааст, валекин Павлус таъкид мекунад, ки Ӯ зинда аст.

20 Азбаски сару нӯги ин масъаларо наёфтам, аз ӯ пурсидам, ки оё ба Уршалим рафтан мехоҳад, то ки кори ӯ дар он ҷо дида шавад.

21 Аммо Павлус талаб намуд, ки то замони аз тарафи шоҳаншоҳ додхоҳӣ шуданаш ин ҷо нигоҳ дошта шавад. Сипас фармон додам, ки ӯро то вақти ба назди шоҳаншоҳи Рум фиристоданам посбонӣ кунанд».

22 Шоҳ Агрипос ба Фестуси ҳоким гуфт: «Ман низ шахсан мехоҳам сухани ӯро шунавам!» Фестус гуфт: «Пагоҳ мешунавед!»

23 Рӯзи дигар Агрипос ва Берникӣ бодабдаба омада, ба маҷлисгоҳ даромаданд. Мириҳазорон ва калоншавандагони шаҳр онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд. Бо фармони Фестуси ҳоким Павлусро оварданд.

24 Сипас Фестус гуфт: «Шоҳ Агрипос ва ҳамаи ҳозирон! Шумо мардеро мебинед, ки дар бораи ӯ тамоми яҳудиёни шаҳрҳои Уршалиму Қайсария ба ман шикоят мекунанд. Онҳо доду фарёд бардошта, мегӯянд, ки ӯ набояд зинда монад.

25 Аммо ман дарёфтам, ки ӯ коре накардааст, ки сазовори марг бошад. Вале, чун худаш доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намуд, ман қарор додам, ки ӯро ба Рум фиристам.

26 Аммо дар бораи ӯ ягон чизи аниқ надорам, ки ба шоҳаншоҳам нависам. Барои ҳамин ӯро назди ҳамаи шумо ва хусусан назди шумо, шоҳ Агрипос овардам, то ки баъди дида баромадани масъала чизе барои навиштанам пайдо шавад.

27 Агар бандиро бе айбнома фиристам, аз рӯйи хирад намешавад».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28