меню

Аъмоли ҳаввориён 26 Боб


1 Шоҳ Агрипос ба Павлус гуфт: «Метавонӣ худро ҳимоя намоӣ». Павлус дасташро боло карда, барои муҳофизати худ гуфт:

2-3 «Шоҳ Агрипос! Азбаски шумо расму ойин ва масъалаҳои баҳсноки яҳудиёнро ба хубӣ медонед, хушбахтам, ки имрӯз худро дар пеши шумо аз ҳама айбҳое, ки яҳудиён ба гарданам бор мекунанд, сафед карда метавонам. Барои ҳамин хоҳишмандам бо сабру тоқат ба суханам гӯш диҳед.

4 Инак тарзи зиндагии ман ба ҳама яҳудиён маълум аст. Зеро аз ҷавониам дар байни халқи худ ва дар Уршалим зиндагӣ кардаам.

5 Онҳо дер боз маро мешиносанд ва агар хоҳанд, метавонанд тасдиқ намоянд, ки ман мувофиқи сахтгиртарин мазҳаби мо, яъне ҳамчун фарисӣ зиндагӣ мекардам.

6 Ҳоло бошад, барои умедам ба ваъдаи Худо, ки ба падаркалонҳоямон дода шуда буд, маро ҳукм мекунанд,

7 яъне барои ваъдае, ки дувоздаҳ қабилаи Исроил шабу рӯз Худоро парастиш намуда, интизори иҷрошавияш мебошанд. Шоҳ Агрипос, ана барои ҳамин умед яҳудиён маро айбдор мекунанд.

8 Эй мардум, охир чаро шумо бовар карда наметавонед, ки Худо мурдагонро зинда мекунад?

9 Ман низ худ ба худ фикр мекардам, ки бояд бар зидди номи Исои Носирӣ корҳои зиёдро анҷом диҳам.

10 Дар Уршалим бо ҳамин кор машғул будам. Аз коҳинони калон иҷозат гирифта, бисёр касонро аз халқи Худо ба зиндон мепартофтам. Вақте ки онҳоро ба марг месупурданд, ман тарафдорӣ мекардам.

11 Дар ҳамаи ҷамоатхонаҳо гашта, бисёр вақт пайравони ин Роҳро ҷазо медодам ва маҷбур мекардам, ки имонашонро рад кунанд. Азбаски хашму ғазабам бар онҳо аланга мезад, ҳатто ба шаҳрҳои дурдаст мерафтам, то ки онҳоро дастгир карда, азоб диҳам.

12 Рӯзе бо супориш ва иҷозати коҳинони калон ба шаҳри Димишқ сафар мекардам.

13 Эй шоҳ, ҳангоми нисфирӯзӣ дар роҳ нури осмониеро дидам, ки аз офтоб равшантар буд. Он нур ману ҳамроҳонамро фаро гирифт.

14 Мо ҳама ба замин афтодем. Сипас овозеро шунидам, ки бо забони ибрӣ мегуфт: „Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ? Оё ба сӯзан мушт задан дарднок нест?“

15 Ман гуфтам: „Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?“ Ҷавоб дод: „Ман ҳамон Исоям, ки озораш медиҳӣ.

16 Ҳоло бархеста, рост исто. Ман ба ту зоҳир шудам, то ки туро хизматгор ва шоҳиди Худ гардонам. Шоҳиди он, ки Маро дидӣ ва шоҳиди он чизҳое, ки ба ту нишон хоҳам дод.

17 Ман туро аз дасти халқат ва ғайрияҳудиён халос мекунам. Туро назди ғайрияҳудиён мефиристам,

18 то ки чашмони онҳоро кушоӣ, онҳоро аз торикӣ ба равшанӣ барорӣ ва аз зери қудрати шайтон ба сӯйи Худо барӣ. Баъд гуноҳҳои онҳо бахшида мешавад ва дар байни онҳое ки бо имон ба Ман пок гардидаанд, ба худ ҷое пайдо мекунанд“.

19 Бинобар ин, шоҳ Агрипос, ман ба он чи аз осмон аён шуд, беитоатӣ накардам,

20 балки аввало дар шаҳрҳои Димишқу Уршалим, сипас дар саросари сарзамини Яҳудия ва ба ғайрияҳудиён эълон намудам, ки тавба кунанд ва ба Худо рӯй оварда, мувофиқи тавбаашон амал кунанд.

21 Аз ин сабаб яҳудиён маро дар маъбади Худо дастгир намуда, куштанӣ шуданд.

22 Аммо бо ёрии Худо то ҳанӯз ба хурду калон шаҳодат медиҳам. Ман фақат ҳамон чизҳоеро мегӯям, ки пайғамбарон ва Мусо пешгӯйӣ карда буданд,

23 ки Таъйиншудаи Худо бояд азоб мекашид ва аввалин шуда аз мурдаҳо зинда мешуд, то ба халқи мо ва ба ғайрияҳудиён нурро эълон намояд».

24 Вақте Павлус бо чунин суханон худро сафед мекард, Фестуси ҳоким бо овози баланд гуфт: «Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ, дониши бисёр туро гаранг кардааст!»

25 Аммо Павлус гуфт: «Фестуси олимақом, ман аз ақл бегона нашудаам, балки каломи ҳақ ва солимро мегӯям.

26 Шоҳ Агрипос аз ин чизҳо бохабар аст. Аз ин сабаб ман дар наздаш далерона сухан мегӯям, зеро бовар намекунам, ки чизе дар ин бора аз ӯ пӯшида бошад. Охир ин ҳама дар кадом як кунҷаке рӯй надода буд.

27 Шоҳ Агрипос, оё ба гуфтаҳои пайғамбарон имон доред?! Медонам, ки имон доред!»

28 Агрипос ба Павлус гуфт: «Оё дар як лаҳзаи кӯтоҳ маро масеҳӣ кардан мехоҳӣ?!»

29 Павлус гуфт: «Аз Худо хоҳиш дорам, ки дар лаҳзаи кӯтоҳ ё дароз, на танҳо шумо, балки ҳамаи шунавандагони имрӯза мисли ман шаванд, лекин бе ин занҷирҳо».

30 Сипас шоҳ Агрипос аз ҷояш хест ва Фестуси ҳоким, Берникӣ ва ҳамаи ҳамроҳонашон низ хестанд.

31 Ҳангоми баромадан онҳо ба ҳамдигар гуфтанд, ки ин одам коре накардааст, ки сазовори марг ё зиндон бошад.

32 Дар охир Агрипос ба Фестус гуфт: «Агар ӯ доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намекард, ӯро озод кардан мумкин буд».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28