Аъмоли ҳаввориён 3 Боб
1 Рӯзе Петрус ва Юҳанно ба маъбади Худо мерафтанд. Соат сеи рӯз, яъне вақти дуо буд.
2 Назди дарвозаи маъбади Худо, ки Зебо ном дошт, марди ланге менишаст. Вай ланги модарзод буд. Ҳар рӯз ӯро оварда назди дарвоза мемонданд, то ки аз одамони ба маъбади Худо меомада садақа пурсад.
3 Вай чун дид, ки Петрусу Юҳанно ба дарвоза медароянд, аз онҳо садақа пурсидан гирифт.
4 Петрусу Юҳанно ба вай чашм дӯхтанд ва Петрус гуфт: «Ба мо нигоҳ кун!»
5 Шахси ланг бо умеди он ки садақа медиҳанд, ба онҳо нигоҳ кард.
6 Аммо Петрус ба вай гуфт: «Нуқраву тилло надорам, лекин он чи дорам, ба ту медиҳам. Ба номи Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав!»
7 Петрус аз дасти росташ гирифта, ба вай кумак намуд, то ки аз ҷояш бархезад. Ҳамон лаҳза буҷулак ва кафи пойҳои он мард қувват гирифтанд.
8 Вай ҷаҳида хесту ба қадамзанӣ сар кард ва бо онҳо ба маъбади Худо даромад. Дар он ҷо вай ҷастухез мекарду Худоро ситоиш менамуд.
9 Мардум ҳама диданд, ки вай қадам мезанаду Худоро ситоиш мекунад ва
10 бениҳоят ҳайрон шуданд. Зеро ӯро шинохтанд, ки пеш вай назди дарвозаи Зебо нишаста садақа мепурсид.
11 Чун марди шифоёфта аз Петрусу Юҳанно дур намешуд, мардум ҳайрон шуда ба назди онҳо шитофтанд ва дар айвони Сулаймон ҷамъ омаданд.
12 Петрус инро дида, ба мардум гуфт: «Исроилиён! Барои чӣ ҳайрон мешавед? Барои чӣ ба мо чунон нигоҳ мекунед, ки гӯё мо бо қувват ё диндории худ ин одамро ба по монда бошем?
13 Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб, яъне Худои падарбузургони мо хизматгори Худ – Исоро шуҳрату ҷалол бахшид. Аммо шумо Ӯро таслим кардед ва дар назди Пилотус, ки Ӯро озод карданӣ буд, аз Ӯ рӯй гардондед.
14 Шумо Шахси пок ва Росткорро рад намуда, аз Пилотус хоҳиш кардед, ки одамкушро озод кунад.
15 Шумо Офаранда ва сарчашмаи ҳаётро куштед, лекин Худо Ӯро аз марг зинда кард ва мо ба он шоҳид ҳастем.
16 Ин одамро шумо хуб медонеду мешиносед. Ҳоло, ҳамин ки ба номи Исо имон овард, қувват пайдо кард. Шумо ҳама дидед, ки номи Исо ва имон ба Ӯ ин одамро пурра шифо дод.
17 Акнун, бародарон, ман медонам, ки шумо ва роҳбаронатон ин корро аз нофаҳмӣ кардед.
18 Аммо Худо он чиро, ки бо забони ҳамаи пайғамбарон пешгӯйӣ карда буд, иҷро намуд. Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо бояд азоб мекашид.
19 Бинобар ин ҳоло тавба карда ба Худо рӯй оваред, то ки гуноҳҳоятон шуста шавад.
20 Сипас замоне мерасад, ки Худованд ба шумо қуввати тоза мебахшаду Исои Масеҳро мефиристад, ки барои шумо таъин шудааст.
21 Исои Масеҳ бояд дар осмон бимонад, то даме ки Худо ҳамаи онро, ки дар замони қадим ба воситаи пайғамбарони муқаддасаш ваъда кардааст, барқарор намояд.
22 Мусо чунин гуфтааст: „Худованд Худои шумо аз байни халқатон ба шумо Пайғамбаре ба мисли ман ба миён хоҳад овард. Шумо бояд ҳамаи он чиро, ки Ӯ мегӯяд, иҷро кунед.
23 Касе, ки ба Ӯ гӯш намекунад, аз халқи Худо дур ва нест карда мешавад“.
24 Аз Самуил сар карда, ҳама пайғамбарон дар бораи ҳамин рӯзҳо пешгӯйӣ кардаанд.
25 Шумо фарзандони пайғамбарон ҳастед ва аз ин сабаб дар аҳду паймоне, ки Худо бо падарбузургони мо бастааст, ҳисса доред. Зеро Ӯ ба Иброҳим чунин гуфтааст: „Ба воситаи насли ту ҳамаи халқҳои рӯйи замин баракат меёбанд“.
26 Инак, Худо хизматгори Худ – Исоро бархезонда, пеш аз ҳама ба назди шумо фиристод, то ки ҳар яки шуморо баракат дода, аз кирдори бад баргардонад».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28