меню

Аъмоли ҳаввориён 7 Боб


1 Сипас саркоҳин аз Истефанус пурсид: «Ин гап рост аст?»

2 Истефанус дар ҷавоб гуфт: «Бародарон ва падарон, гӯш кунед! Вақте ки бобокалони мо Иброҳим дар кишвари Байнаннаҳрайн зиндагӣ мекард, яъне, пеш аз он ки ба шаҳри Ҳорон кӯчад, Худои Бузург ба ӯ зоҳир шуда гуфт:

3 „Ватан ва хешу таборатро гузошта, ба замине, ки ба ту нишон медиҳам, бирав“.

4 Ҳамин тавр Иброҳим кишвари калдониён, яъне Байнаннаҳрайнро тарк намуда, дар Ҳорон истиқомат кард. Баъди вафоти падараш Худо ӯро аз он ҷо ба замине, ки шумо ҳоло дар он зиндагӣ мекунед, кӯчонид.

5 Лекин аз он барои соҳибӣ карданаш ба андозаи як пайи пой ҳам ба ӯ замин надодааст, балки ваъда додааст, ки ин заминро ба ӯ ва сипас ба насли ӯ хоҳад бахшид. Гарчанде ки Иброҳим ҳанӯз фарзанд надошт,

6 Худо ба ӯ чунин гуфт: „Насли ту дар сарзамини бегона ғариб хоҳад шуд. Онҳоро ғулом намуда, чорсад сол азоб медиҳанд.

7 Лекин Ман халқеро, ки онҳоро ғулом мегардонад, ҷазо медиҳам ва баъд аз ин насли ту аз он кишвар баромада дар ин ҷо Маро парастиш мекунанд“.

8 Худо ҳамчун нишони паймон бо Иброҳим аҳди хатнаро баст. Бинобар ин, Иброҳим, вақте ки падари Исҳоқ шуд, ӯро дар ҳаштрӯзагиаш хатна кард. Дертар Исҳоқ падари Яъқуб шуд. Яъқуб бошад, падари дувоздаҳ ниёгони мо гардид.

9 Падарони мо ҳасад бурда, додари худ Юсуфро ҳамчун ғулом ба Миср фурӯхтанд. Аммо Худо бо Юсуф буд

10 ва ӯро аз ҳамаи ғамҳояш халос намуд. Худо ба Юсуф дар назари фиръавн, яъне подшоҳи Миср лутфу меҳрубонӣ ва ҳикмату ҳурмат бахшид. Бинобар ин подшоҳ Юсуфро бар Миср ва дарбораш сардор таъин кард.

11 Инак дар тамоми сарзамини Миср ва Канъон гуруснагӣ сар зада, боиси азоби зиёде гардид. Падарони мо ба худ хӯроке намеёфтанд.

12 Яъқуб чун шунид, ки дар Миср гандум будааст, падаркалонҳои моро бори аввал ба он ҷо фиристод.

13 Лекин, вақте ки бори дуввум ба Миср омаданд, Юсуф худро ба онҳо ошкор кард ва хонаводаи Юсуф ба фиръавн маълум гардид.

14 Сипас Юсуф одам фиристод, то ки падараш Яъқубро бо тамоми хонаводааш, ки ҳамагӣ ҳафтоду панҷ кас буданд, даъват намояд.

15 Яъқуб ба Миср омад ва дар он ҷо ӯ ва падаркалонҳои мо аз олам чашм пӯшиданд.

16 Ҷасади онҳоро ба сарзамини Канъон – шаҳри Шакем бурда, дар қабре, ки Иброҳим аз писарони Ҳамӯр бо нуқра харида буд, гузоштанд.

17 Чун вақти иҷро шудани ваъдаи Худо, ки ба Иброҳим дода буд, наздик шуд, халқи мо дар Миср меафзуд ва бузург мешуд.

18 Рӯзе ба тахти кишвари Миср фиръавни нав, яъне шоҳи нав нишаст, ки Юсуфро намешинохт.

19 Ӯ падарони моро ба танг меовард, фиреб медод ва маҷбур мекард, ки кӯдакони навзоди худро бароварда ба марг супоранд.

20 Он рӯзҳо Мусо ба дунё омад. Ӯ кӯдаки хеле зебо буд. Се моҳ ӯро дар хонаи падараш нигаҳбонӣ карданд.

21 Баъд берун бароварда, ба ҷое гузоштанд ва духтари фиръавн ӯро гирифта ҳамчун писари худ калон кард.

22 Мусо тамоми ҳикмати Мисрро аз худ карда, дар гуфтору кирдор пурзӯр шуд.

23 Дар чилсолагиаш хост бародарони худ, яъне исроилиёнро хабар гирад.

24 Чун дид, ки марди мисрие як марди исроилиро азоб медиҳад, тарафдорӣ намуд ва аз шахси мисрӣ қасос гирифта ӯро кушт.

25 Мусо фикр кард, ки бародаронаш мефаҳманд, ки Худо онҳоро ба воситаи ӯ наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд.

26 Рӯзи дигар Мусо дид, ки ду исроилӣ кашмакаш мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда гуфт: „Эй мардҳо, чаро ҳамдигарро меранҷонед, охир шумо бародар ҳастед-ку?“

27 Аммо марде, ки зӯрӣ мекард, Мусоро тела дода гуфт: „Кӣ туро бар мо раису довар мондааст?!

28 Ё мехоҳӣ, ки маро ҳам мисли он мисрии дирӯза бикушӣ?!“

29 Мусо ин суханонро шунида, аз кишвари Миср гурехт ва дар сарзамини Мидён ғариб шуд. Дар он ҷо ду писари ӯ таваллуд шуд.

30 Аз байн чил сол гузашт. Рӯзе дар биёбон – назди кӯҳи Сино фариштае аз миёни шуълаҳои оташе, ки аз як бутта мебаромад, ба вай зоҳир шуд.

31 Ин ҳодисаро дида Мусо ҳайрон шуд. Чун наздиктар мерафт, то ки онро беҳтар бинад, овози Худовандро шунид:

32 „Ман Худои падаронат – Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“. Мусо аз тарс меларзид ва ҳатто ба он нигоҳ карда наметавонист.

33 „Пойафзоратро каш, – гуфт Худованд, – зеро ҷойи истодаат муқаддас аст.

34 Ман тангии халқамро дар Миср бо чашми Худ дидам ва оҳу нолаи онҳоро шунида фуруд омадам, то ки онҳоро халос кунам. Акнун биё, Ман туро ба Миср мефиристам“.

35 Худо ба воситаи фариштае, ки дар буттаи сӯхтаистода зоҳир шуд, Мусоро ҳамчун раис ва халосгар ба назди исроилиён фиристод, худи ҳамон Мусоро, ки онҳо „кӣ туро бар мо раису довар мондааст“ гуфта рад карда буданд.

36 Ҳамин Мусо ҳам дар Миср, ҳам дар назди баҳри Сурх ва ҳам дар биёбон дар давоми чил сол муъҷизаву аломатҳои зиёд нишон дода, одамонро берун овард.

37 Ҳамин Мусо ба исроилиён гуфта буд: „Худо аз байни халқатон ба шумо Пайғамбаре ба мисли ман ба миён хоҳад овард“.

38 Ҳамин Мусо мардумро дар биёбон ҷамъ овард. Сипас дар кӯҳи Сино Худо ба воситаи фаришта бо вай гап зад, то ки Мусо каломи ҳаётбахши Худоро ба мо расонад.

39 Аммо падарони мо ба Мусо итоат кардан нахостанд, балки ӯро рад намуда, дар дил хостанд, ки ба Миср баргарданд.

40 Онҳо ба бародари Мусо Ҳорун чунин гуфтанд: „Барои мо худоёне бисоз, то ки пешопешамон бираванд. Охир, бо ин Мусо, ки моро аз Миср баровард, намедонем, чӣ ҳодиса рӯй дод!“

41 Он рӯзҳо исроилиён ба худ буте ба шакли гӯсола сохтанд ва ба он бут қурбонӣ карда, аз кори дасти худ шод шуданд ва рақсу бозӣ карданд.

42 Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда вогузошт, ки онҳо ба парастиши ситорагони осмон сар кунанд. Чунон ки сухани Худо дар китоби пайғамбарон омадааст: „Эй хонадони Исроил! Оё дар давоми чил сол, ки дар биёбон будед, қурбониву ҳадяҳоро ба Ман меовардед?

43 Шумо хаймаи Малук, ситораи худоятон Рифон – бутҳоеро, ки барои парастиш сохтед, бардошта мегаштед. Бинобар ин, шуморо дар ҷое асир хоҳам кард, ки аз кишвари Бобил дуртар бошад“.

44 Охир, дар биёбон падаронамон хаймаи шаҳодат доштанд, ки Мусо онро бо фармони Худо аз рӯйи намунаи дидааш бунёд карда буд.

45 Падаронамон онро таҳти роҳбарии Юшаъ ба сарзамини Канъон оварданд, ки халқҳои он ҷоро Худо пешопеши исроилиён бадар меронд. Инак, то замони шоҳ Довуд ҳамин хаймаи Худо дар байни мардум буд.

46 Сипас шоҳ Довуд, ки дар назари Худо лутфу меҳрубонӣ пайдо карда буд, аз Худо хоҳиш намуд, ки барои Ӯ, яъне барои Худои Яъқуб хонае бисозад.

47 Дар охир на Довуд, балки шоҳ Сулаймон ба Ӯ хона бино кард.

48 Аммо Худои Таоло дар хонаҳое, ки бо дасти одамизод сохта шудаанд, зиндагӣ намекунад. Дар ин бора аз забони пайғамбар чунин омадааст:

49 „Осмон тахти Ман аст ва замин пойандозам. Чӣ гуна хона барои Ман сохта метавонед? – мегӯяд Худованд. – Куҷо ҷойи истироҳати Ман шуда метавонад?

50 Оё ҳамаи инро дастони Ман наофаридаанд?“

51 Шумо мардуми саркаш ҳастед, ки дилу гӯшҳоятон хатна нашудааст. Шумо мисли падарони худ ҳамеша ба Рӯҳулқудс зиддият мекунед.

52 Кадом пайғамбарро медонед, ки ӯро падарони шумо озор надода бошанд? Падарони шумо ҳамаи онҳоеро, ки омадани Росткорро пешгӯйӣ мекарданд, мекуштанд. Акнун шумо Худи Росткорро таслим карда куштед.

53 Шумо шариатро, ки ба воситаи фариштагон бароятон дода шуда буд, қабул намудед, лекин онро иҷро накардед».

54 Ҳозирон ин суханро шунида аз хашм дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонданд.

55 Истефанус, ки аз Рӯҳулқудс пур шуда буд, ба осмон нигоҳ карда, шукӯҳу ҷалоли Худоро дид ва Исоро, ки аз дасти рости Худо меистод.

56 «Нигаред! – гуфт Истефанус, – осмонро кушода мебинам ва Писари Одамизодро, ки аз дасти рости Худо меистад».

57 Аммо онҳо гӯшҳояшонро маҳкам карда, бо доду фарёд ба ӯ дарафтоданд.

58 Сипас ӯро аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд. Дар ин ҳангом он шоҳидони бардурӯғ, ки Истефанусро туҳмат карданд, ҷомаҳои худро пеши пойҳои ҷавонмарде гузошта буданд, ки Шоул ном дошт.

59 Мардум Истефанусро сангсор мекарданд, лекин ӯ дуо мегуфт: «Эй Худованд Исо, рӯҳи маро қабул кун!»

60 Сипас ба зону афтода, бо овози баланд гуфт: «Худовандо, ин гуноҳро бар дӯши онҳо нагузор». Инро гуфту ҷон дод.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28