1 Вақте ки шӯру ғавғо тамом шуд, Павлус шогирдонро ҷамъ намуда, онҳоро рӯҳбаланд кард. Сипас хайрухуш карда, ба вилояти Мақдуния равона шуд.
2 Баъди он ки дар он ноҳияҳо гашта, имондоронро хеле дилбардорӣ кард, ба Юнон рафт
3 ва се моҳ дар он ҷо монд. Сипас ӯ хост ба вилояти Сурия шино кунад. Аммо аз қасди бади яҳудиён огоҳ шуда, қарор дод, ки бо роҳи вилояти Мақдуния бармегардад.
4 Ҳамсафарони Павлус инҳо буданд: Супотруси писари Пиррус аз шаҳри Бирия, Аристархус ва Секундус аз шаҳри Тасолуникӣ, Ғоюс аз шаҳри Дарба, Тимотиюс ва ҳамчунин Тихикос ва Труфимус зодагони вилояти Осиё.
5 Онҳо аз мо пештар рафта, моро дар шаҳри Трӯос интизор шуданд.
6 Мо бошем, пас аз иди Фатир дар шаҳри Филиппӣ ба киштӣ савор шуда, баъд аз панҷ рӯз ба шаҳри Трӯос ба назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз мондем.
7 Рӯзи якшанбе мо барои таоми шоми Худованд ҷамъ омадем. Азбаски Павлус фардо рафтанӣ буд, бо шогирдон суҳбати дурудароз орост ва суханаш то нисфи шаб давом ёфт.
8 Дар болохонае, ки ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисёр месӯхтанд.
9 Эфтихус ном ҷавоне дар даҳани тиреза менишаст. Чун сухани Павлус тӯл кашид, Эфтихусро сахт хоб бурд ва ӯ аз ошёнаи сеюм ба замин афтод. Вақте ки Эфтихусро бардоштанд, аллакай мурда буд.
10 Павлус поён фаромада, худро ба болои ӯ партофт ва ӯро ба оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир нашавед, ӯ зинда аст».
11 Сипас Павлус боз ба боло баромада нон шикаста хӯрд ва то бомдод бо онҳо суҳбат карда, баъд равона шуд.
12 Ҷавонро бошад, зинда ба хона бурданд ва хеле тасаллӣ ёфтанд.
13 Павлус қарор дод, ки ба шаҳри Асус пиёда равад. Мо бошем ба киштӣ савор шуда, пеш аз ӯ ба шаҳри Асус расидем.
14 Дар он ҷо Павлусро бо худ гирифта, сӯйи шаҳри Митилинӣ шино кардем.
15 Аз он ҷо шино карда, рӯзи дигар ба ҷазираи Хиюс расидем. Пас аз рӯзи дигар ба ҷазираи Сомус расидем ва фардои он ба шаҳри Милитус омадем.
16 Павлус ният дошт, ки ба шаҳри Эфесус надаромада гузарад, то ки дар вилояти Осиё вақти зиёд сарф нашавад. Ӯ шитоб мекард, зеро мехост, ки агар имкон шавад, ба шаҳри Уршалим то рӯзи иди Ҳосилот расида ояд.
17 Дар шаҳри Милитус Павлус ба шаҳри Эфесус одам фиристода, роҳбарони ҷамоатро ба пеши худ даъват кард.
18 Вақте ки омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи ба вилояти Осиё қадам монданам ва тамоми он вақт, ки бо шумо будам, чӣ гуна рафтор мекардам.
19 Чӣ тавр бо оби дида ва фурӯтанӣ бадиҳои яҳудиёнро паси сар карда, дар хизмати Худованд будам.
20 Вақте ки дар пеши мардум ё хона ба хона гашта шуморо таълим медодам, ягон чизи ба шумо фоидабахшро ногуфта намемондам.
21 Ҳам ба яҳудиёну ҳам ба ғайрияҳудиён эълон мекардам, ки тавба намуда, ба Худо рӯй оранд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон дошта бошанд.
22 Ҳоло бошад, бо роҳбарии Рӯҳ ба Уршалим меравам, лекин намедонам, ки дар он ҷо чӣ ба сарам меояд.
23 Танҳо ҳаминашро медонам, ки Рӯҳулқудс дар ҳамаи шаҳрҳо ба ман мегӯяд, ки маро зиндон ва ранҷу азоб интизор аст.
24 Ман ҷони худро азиз намедорам, танҳо мехоҳам, ки то ба охири роҳам расам ва хизматеро, ки Худованд Исо ба ман супурдааст, ба анҷом расонам, яъне хушхабари файзу меҳрубонии Худоро расонам».
25 Ҳоло аниқ медонам, минбаъд ҳеҷ яки шумо, ки дар байнатон гашта, Подшоҳии Худоро эълон мекардам, рӯйи маро нахоҳад дид.
26 Бинобар ин имрӯз ба шумо мегӯям, ки хуни ягон касе аз шумо бар гардани ман нест,
27 зеро фурсатеро аз даст надода, тамоми паёми Худоро ба шумо эълон намудам.
28 Инак, ба тамоми рамаи Худо, яъне ба ҷамоати имондорон ва ҳам ба худ аҳамият диҳед. Рӯҳулқудс шуморо нигаҳбон таъйин намудааст, то ҷамоати Худоро, ки бо баҳои хунаш аз они Худ кардааст, чӯпонӣ намоед.
29 Медонам, ки баъди рафтанам дар байни шумо гургони хунхор медароянд, ки ба рамаи Худо раҳм намекунанд.
30 Аз байни худи шумо низ одамоне пайдо мешаванд, ки суханони каҷ гуфта, шогирдонро аз паси худ мебаранд.
31 Бинобар ин ҳушёр бошед ва дар хотир доред, ки дар давоми се сол, шабу рӯз ман бо оби дида ҳар яки шуморо огоҳ мекардам.
32 Акнун шуморо ба Худо ва ба каломи файзбахши Ӯ месупорам. Ин калом қудрат дорад, ки шуморо устувор намуда, дар қатори халқи покшудаи Худо меросхӯр гардонад.
33 Ман аз касе нуқраву тилло ё либос нахостаам.
34 Шумо медонед, ки барои муҳтоҷиҳои худаму ҳамроҳонам бо дастонам кор кардам.
35 Ба шумо ибрат нишон додам, ки мо бояд меҳнат карда ба нотавонон ёрӣ диҳем ва суханони Худованд Исоро фаромӯш накунем, ки чунин гуфтааст: «Додан беҳ аз гирифтан аст».
36 Инро гуфта, Павлус зону зад ва бо ҳама дуо кард.
37 Мардум хеле гиря карданд ва ӯро ба оғӯш гирифта бӯсиданд.
38 Хусусан, аз сухани ӯ, ки дигар ӯро нахоҳанд дид, сахт ғамгин шуданд. Сипас Павлусро то киштӣ гусел карданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28