меню

Аъмоли ҳаввориён 23 Боб


1 Павлус аҳли шӯрои пиронро бодиққат аз назар гузаронда гуфт: «Бародарон, ман то имрӯз дар назди Худо бо виҷдони пок зиндагӣ мекунам».

2 Инро шунида Ҳанониёи саркоҳин ба онҳое, ки назди Павлус меистоданд, фармуд, ки ба даҳонаш зананд.

3 Павлус дар ҷавоб ба саркоҳин гуфт: «Эй девори сафедшуда, Худо туро мезанад! Ту ин ҷо нишастаӣ, то ки мувофиқи шариати Мусо маро доварӣ бикунӣ, аммо фармон медиҳӣ, ки маро зананд. Оё ин қонуншиканӣ нест?»

4 Онҳое, ки назди Павлус меистоданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?»

5 Павлус гуфт: «Бародарон, ман намедонистам, ки ӯ саркоҳин аст. Медонам, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки ба пешвои халқатон бадгӯйӣ накунед».

6 Павлус чун фаҳмид, ки як қисми шӯрои пирон аз мазҳаби саддуқӣ ва қисми дигараш аз мазҳаби фарисӣ ҳастанд, фарёд зада гуфт: «Бародарон, ман худ фарисӣ ва писари фарисиён ҳастам. Ҳоло маро барои умеди зиндашавии мурдагон ҳукм мекунанд».

7 Баъди ин сухан дар байни фарисиёну саддуқиён баҳс ба миён омад ва ҷамъомад ба ду гурӯҳ тақсим шуд.

8 Зеро саддуқиён мегуфтанд, ки на зиндашавӣ ҳасту на фариштагону на рӯҳҳо, аммо фарисиён ба ин чизҳо бовар мекарданд.

9 Доду фарёд баланд шуд. Баъзе устодони шариат, ки аз мазҳаби фарисиён буданд, бархоста, бо ҷӯшу хурӯш гуфтанд: «Дар ин одам мо ягон бадӣ намебинем. Агар рӯҳе ё фариштае ба ӯ гап зада бошад-чӣ?»

10 Баҳс авҷ мегирифт. Мириҳазор ба сарбозон фармуд, ки Павлусро аз назди онҳо гирифта ба қалъа баранд, зеро тарсид, ки ӯро пора-пора мекунанд.

11 Ҳамон шаб Худованд ба назди Павлус омада, гуфт: «Далер бош! Чунон ки дар шаҳри Уршалим дар бораи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд шаҳодат диҳӣ».

12 Пагоҳӣ баъзе яҳудиён қасам хӯрда, қасд намуданд, ки то Павлусро накушанд, чизе намехӯранду наменӯшанд.

13 Шумораи қасамхӯрдагон аз чил зиёд буд.

14 Онҳо ба назди коҳинони калону пирон рафта чунин гуфтанд: «Мо қасам хӯрдаем, ки то Павлусро накушем, чизе ба даҳон намегирем.

15 Ҳоло шумо ва шӯрои пирон аз мириҳазор хоҳиш кунед, ки Павлусро ба назди шумо орад. Гӯед, ки кори ӯро аниқтар фаҳмидан мехоҳед. Мо бошем тайёр ҳастем, ки ӯро то ба ин ҷо расиданаш кушем».

16 Аммо писари хоҳари Павлус аз ин сӯиқасди онҳо бохабар шуда, ба сарбозхона рафт ва Павлусро огоҳ кард.

17 Павлус мирисадеро ҷеғ зада гуфт: «Ин ҷавонро ба назди мириҳазор бар, чунки ба ӯ гап дорад».

18 Мирисад ӯро ба назди мириҳазор бурда гуфт: «Павлуси бандӣ маро ҷеғ зада, хоҳиш кард, ки ин ҷавонро ба назди шумо биёрам, чунки ӯ ба шумо чизе гуфтан мехоҳад».

19 Мириҳазор ҷавонро аз дасташ гирифта, ба каноре бурд ва гуфт: «Ба ман чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?»

20 Ҷавон гуфт: «Яҳудиён забон як кардаанд, ки аз шумо хоҳиш кунанд, то ки фардо Павлусро ба назди шӯрои пирон бароред. Гӯё, ки кори ӯро аниқтар тафтиш карданӣ бошанд.

21 Нагузоред, ки шуморо ба ин кор розӣ кунонанд. Дар асл онҳо мехоҳанд ӯро кушанд. Бештар аз чил нафарашон қасам хӯрдаанд, ки то ӯро накушанд, чизе намехӯранду наменӯшанд. Ҳоло онҳо тайёр ва интизори иҷозати шумо ҳастанд».

22 Сипас мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода гуфт: «Ба касе нагӯ, ки дар бораи ин чизҳо ба ман хабар додӣ».

23 Инак мириҳазор ду мирисадро ҷеғ зада, чунин фармон дод: «Дусад сарбоз, ҳафтод савора ва дусад найзадор омода кунед, то ки шабона, соати нуҳ ба Қайсария равона шаванд.

24 Ҳамчунин Павлусро бар аспе савор намуда, сиҳату саломат ба назди Феликси ҳоким расонанд».

25 Мириҳазор бошад, чунин нома навишт:

26 «Клавдиюс Лисиёс ба ҳокими муҳтарам Феликс салом мерасонад!

27 Ин одамро яҳудиён дастгир намуда, куштанӣ буданд, лекин ман чун фаҳмидам, ки ӯ шаҳрванди Рум аст, бо сарбозон рафта, ӯро халос кардам.

28 Хостам аниқ фаҳмам, ки ӯро барои чӣ айбдор мекунанд, барои ҳамин ӯро ба шӯрои пиронашон бурдам.

29 Дар он ҷо фаҳмидам, ки ӯро аз рӯйи масъалаҳои баҳсноки шариаташон айбдор мекунанд, лекин ӯ коре накардааст, ки сазовори марг ё зиндон бошад.

30 Вақте огоҳ шудам, ки онҳо бар зидди ин одам забон як кардаанд, дарҳол ӯро ба назди шумо фиристодам ва ба айбдоркунандаҳои ӯ низ фармудам, ки ба шумо даъво кунанд».

31 Ҳамин тавр, сарбозон мувофиқи фармон Павлусро гирифта, шабона ба шаҳри Антипотрис бурданд.

32 Рӯзи дигар онҳо Павлусро ба саворон супурда, худ ба сарбозхона баргаштанд.

33 Саворон ба Қайсария расида, номаро ба дасти ҳоким доданд ва Павлусро низ ба ӯ супурданд.

34 Ҳоким номаро хонда, пурсид, ки Павлус аз кадом вилоят аст ва чун шунид, ки аз вилояти Киликия аст,

35 гуфт: «Айбдоркунандаҳоят расида оянд, ман туро гӯш мекунам». Сипас фармуд, ки Павлусро дар қалъаи Ҳиродус нигоҳ доранд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28