меню

Аъмоли ҳаввориён 21 Боб

гузариш зуд:

1 Мо бо роҳбарони ҷамоати шаҳри Эфесус хайрухуш карда, рост ба ҷазираи Кос шино кардем. Рӯзи дигар ба ҷазираи Рудус расидем ва аз он ҷо ба шаҳри Потаро рафтем.

2 Дар Потаро киштиеро ёфтем, ки ба кишвари Финиқия равона буд ва ба он савор шуда, сафарамонро давом додем.

3 Чун ҷазираи Қиприсро дидем, онро аз тарафи ҷануб гузашта, ба шаҳри Сури вилояти Сурия равона шудем. Дар шаҳри Сур аз киштӣ берун шудем, чунки бори киштиро фаровардан даркор буд.

4 Дар он ҷо имондоронро ёфта, ҳафт рӯз бо онҳо мондем. Имондорон ба воситаи Рӯҳулқудс ба Павлус мегуфтанд, ки ба шаҳри Уршалим наравад.

5 Аммо чун вақти мо тамом шуд, боз ба роҳ даромадем. Ҳама имондорон бо зану фарзандонашон моро то беруни шаҳр гусел карданд. Дар лаби баҳр ҳама зону зада дуо кардем.

6 Сипас бо ҳамдигар хайрухуш карда, мо ба киштӣ савор шудем ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд.

7 Аз шаҳри Сур сафари худро давом дода, ба шаҳри Патуламис омадем. Дар он ҷо бо имондорон вохӯрда, як рӯз бо онҳо мондем.

8 Рӯзи дигар ба роҳ баромада, ба шаҳри Қайсария омадем ва ба хонаи Филиппуси эълонкунандаи хушхабар рафта, меҳмон шудем. Филиппус яке аз он ҳафт нафар буд, ки дар Уршалим интихоб шуда буданд.

9 Ӯ чор духтари шавҳарнокарда дошт, ки пешгӯйӣ мекарданд.

10 Баъд аз чанд рӯзи дар он ҷо буданамон аз сарзамини Яҳудия Оғобус ном пайғамбаре омад.

11 Ӯ миёнбанди Павлусро гирифта, бо он дасту пойи худро баста гуфт: «Рӯҳулқудс чунин мегӯяд: „Дар шаҳри Уршалим соҳиби ин миёнбандро яҳудиён ана ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд“».

12 Инро шунида, мо ва мардуми он ҷо, якҷоя аз Павлус илтимос кардем, ки ба Уршалим наравад.

13 Дар ҷавоб Павлус гуфт: «Шумо чӣ кор мекунед? Чаро бо оби дида диламро месӯзонед? Охир ман тайёрам, ки на танҳо бандӣ шавам, балки ба хотири номи Худованд Исо дар Уршалим ҷон супорам».

14 Чун Павлус ба гапи мо гӯш надод, «бигзор хости Худованд шавад» – гуфта, хомӯш мондем.

15 Баъди он рӯзҳо мо тайёрӣ дида, ба шаҳри Уршалим равона шудем.

16 Баъзе имондорон, ки аз шаҳри Қайсария буданд, ҳамроҳи мо рафтанд. Онҳо моро ба хонаи Маносун ном шогирди дерина бурданд. Маносун зодаи ҷазираи Қиприс буд. Мо дар хонаи ӯ истодем.

17 Ҳангоме ки ба шаҳри Уршалим расидем, имондорон моро хурсандона пешвоз гирифтанд.

18 Рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи мо ба дидори Яъқуб рафт. Ҳамаи роҳбарони ҷамоат низ дар он ҷо буданд.

19 Павлус бо ҳама салому алейк карда, дар бораи ҳама корҳои Худо, ки дар байни ғайрияҳудиён ба воситаи ӯ карда буд, як ба як нақл кард.

20 Онҳо сухани ӯро шунида Худоро ситоиш намуданд ва ба Павлус гуфтанд: «Бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон оварданд ва ҳамаи онҳо шариатро ҷиддӣ риоя мекунанд.

21 Онҳо шунидаанд, ки гӯё ту ҳамаи яҳудиёнро, ки дар байни ғайрияҳудиён зиндагӣ мекунанд, таълим дода мегӯйӣ, ки шариати Мусоро рад кунанд. Яъне писаронашонро хатна накунанд ва аз рӯйи расму ойини худ зиндагӣ накунанд.

22 Пас, чӣ бояд кард? Онҳо ҳатман мешунаванд, ки ту омадаӣ.

23 Ҳоло гапи моро гирифта, чунин бикун: мо чор кас дорем, ки мувофиқи расми яҳудиён ба Худо қасам хӯрдаанд.

24 Онҳоро бурда, ҳамроҳашон ойини покшавиро ба ҷо овар ва пули сартарошии онҳоро бидеҳ. Сипас ҳама мефаҳманд, ки он чи дар бораат мегӯянд, рост нест, балки ту мувофиқи шариати Мусо зиндагӣ мекунӣ.

25 Дар бораи ғайрияҳудиёни имоноварда бошад, мо қарор намуда, навишта будем, ки аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва аз гуноҳи ҷинсӣ дур шаванд».

26 Инак, рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи он одамон ойини покшавиро ба ҷо оварда, ба маъбади Худо даромад. Дар он ҷо эълон намуд, ки вақти покшавии онҳо баъди ҳафт рӯз анҷом меёбад ва он рӯз барои ҳар якеашон қурбонӣ карда мешавад.

27 Дар охири рӯзи ҳафтум яҳудиёни вилояти Осиё Павлусро дар маъбади Худо дида, мардумро ба шӯр оварданд ва ӯро дастгир намуданд.

28 Онҳо фарёд мезаданд: «Исроилиён, ёрӣ диҳед! Ин одам дар ҳар ҷо ҳамаро ба зидди халқ, шариати Мусо ва ин маъбад таълим медиҳад! Бар замми ин ӯ ғайрияҳудиёнро ба маъбади Худо дароварда, ин ҷойи муқаддасро ҳаром мекунад!»

29 Онҳо Труфимусро, ки зодаи шаҳри Эфесус буд, ҳамроҳи Павлус дар шаҳр дида буданд ва гумон мекарданд, ки Павлус ӯро бо худ ба маъбади Худо даровардааст.

30 Ҳамин тавр, тамоми шаҳр ба шӯр омад. Аз ҳар тараф мардуми зиёд давида омада, ҷамъ шуданд. Онҳо Павлусро дастгир карда, кашолакунон аз маъбади Худо бароварданд ва зуд дарҳоро аз пушташон маҳкам карданд.

31 Вақте ӯро куштанӣ шуданд, ба мириҳазори лашкар хабар расид, ки тамоми Уршалим ба шӯр омадааст.

32 Ӯ дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро бо худ гирифта, ба сӯйи мардум давид. Мардум мириҳазор ва сарбозонро дида, аз задани Павлус бозистоданд.

33 Мириҳазор наздик шуда, Павлусро дастгир намуд ва фармуд, ки ӯро бо ду занҷир банданд. Сипас пурсид, ки ин одам кист ва чӣ кор кардааст.

34 Мардум дод зада, баъзе як чиз ва баъзе чизи дигар мегуфтанд. Мириҳазор аз сабаби ғавғо ҳақиқати ҳолро нафаҳмида, фармон дод, ки Павлусро ба қалъа баранд.

35 Чун ба зинапояҳо расиданд, аз сабаби ғазабу фишори мардум сарбозон маҷбур шуданд, ки Павлусро бардошта баранд.

36 Мардуми зиёд аз қафои онҳо омада, «кушед ӯро» – гӯён дод мезаданд.

37 Ҳанӯз ба қалъа надаромада, Павлус ба мириҳазор гуфт: «Иҷозат диҳед, ба шумо як чиз гӯям». Мириҳазор гуфт: «Ту забони юнониро медонӣ?!

38 Пас ту он мисрӣ нестӣ, ки чанде пеш шӯриш бардошта, чор ҳазор одамкушро аз қафояш ба биёбон бурда буд?!»

39 Павлус дар ҷавоб гуфт: «Ман яҳудӣ ҳастам, шаҳрванди шаҳри Тарсуси вилояти Киликия, ки шаҳри номдор аст. Хоҳиш мекунам, ба ман иҷозат диҳед, ки ба мардум гап занам».

40 Павлус иҷозат гирифта, бар зинапояҳо истод. Ӯ бо дасташ ба мардум ишора карду онҳо ҳама хомӯш шуданд. Сипас Павлус ба онҳо бо забони ибрӣ чунин гуфт:

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28