Аъмоли ҳаввориён 11 Боб
1 Фиристодагону имондорони сарзамини Яҳудия хабардор шуданд, ки ғайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд.
2 Ҳангоме ки Петрус ба Уршалим баргашт, тарафдорони хатна ӯро танқид карда, гуфтанд:
3 «Ту ба пеши одамони хатнанашуда рафтӣ ва бо онҳо нишаста хӯрок хӯрдӣ?!»
4 Петрус ба онҳо тамоми воқеаро як ба як баён карда гуфт:
5 «Ҳангоме ки дар шаҳри Ёфо дуо мекардам, дар ҳолати бехудӣ ба назарам аён шуд, ки аз осмон чизе ба мисли дастархони калон, ки аз чор гӯшааш овезон буд, ба пешам фуромад.
6 Ман ба даруни он нигоҳ карда, ҳайвоноти чорпо, даррандагон, хазандагон ва паррандагони осмонро дидам.
7 Сипас овозе шунидам, ки ба ман гуфт: „Петрус, хез, куш ва хӯр!“
8 Аммо ман гуфтам: „Ҳаргиз, Худовандо! Ман дар умрам ягон чизи ҳаром ё нопок нахӯрдаам“.
9 Овоз аз осмон бори дигар гуфт: „Он чиро, ки Худо ҳалол кардааст, ҳаром нашумор“.
10 Ин ҳодиса се бор такрор шуд. Сипас ҳамаи он чизҳо ба осмон бардошта шуд.
11 Ҳамон лаҳза ба хонае, ки дар он будам, се мард наздик шуданд. Онҳоро аз шаҳри Қайсария ба назди ман фиристода будаанд.
12 Рӯҳулқудс ба ман гуфт, ки дудила нашуда бо онҳо равам. Ин шаш бародар низ бо ман рафтанд ва мо ба хонаи Корнилиюс расида даромадем.
13 Ӯ гуфт, ки дар хонааш фариштаеро дидааст, ки ба вай чунин гуфтааст: „Ба шаҳри Ёфо одам фиристода, Шимъуни лақабаш Петрусро ба хонаат даъват намо.
14 Ӯ ба ту сухане мегӯяд, ки ба воситаи он худат ва тамоми хонаводаат наҷот меёбед“.
15 Вақте ки ба сухан шурӯъ кардам, Рӯҳулқудс, чуноне, ки дар аввал бар мо фуруд омада буд, ба онҳо низ фуруд омад.
16 Он лаҳза сухани Худованд ба ёдам расид, ки гуфта буд: „Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯҳулқудс таъмид дода мешавед“.
17 Инак, Худо ба ғайрияҳудиён худи ҳамон аторо дод, ки ба мо ҳангоми ба Худованд Исои Масеҳ имон оварданамон дода буд. Пас ман кистам, ки ба Худо зиддият намоям?»
18 Баъди ин суханон яҳудиён ором шуданд ва Худоро ситоиш намуда гуфтанд: «Маълум мешавад, ки Худо ба ғайрияҳудиён низ имконият додааст, ки аз гуноҳҳояшон тавба карда, ҳаёти абадӣ ёбанд».
19 Баъзе аз пайравони Худованд аз сабаби он ки аз паяшон баъд аз марги Истефанус дарафтода буданд, пароканда шуданд. Онҳо то ба кишвари Финиқияи ҷазираи Қиприс ва шаҳри Антокия рафта расиданд, аммо каломи Худоро на ба ҳама, балки танҳо ба яҳудиён мегуфтанд.
20 Лекин баъзеи онҳо, ки аз Қипрису Қайравон буданд, ба Антокия расида, хушхабари Худованд Исоро ба ғайрияҳудиён низ мавъиза карданд.
21 Худованд ба онҳо ёрӣ медод ва шумораи зиёди одамон имон оварда, ба Худованд рӯй оварданд.
22 Ин хабар ба гӯши ҷамоати Уршалим расид ва онҳо Барнабборо ба Антокия фиристоданд.
23 Ҳангоме ки Барнаббо ба он ҷо расида файзу меҳрубонии Худоро дид, хурсанд шуд ва ҳамаро насиҳат кард, ки пурра ба Худованд такя кунанд.
24 Зеро Барнаббо одами нек, пур аз Рӯҳулқудс ва дар имон мустаҳкам буд. Инак, шумораи зиёди одамон ба Худованд имон оварданд.
25 Пас аз ин Барнаббо барои ҷустуҷӯйи Шоул ба шаҳри Тарсус равона шуд
26 ва ӯро ёфта, ба шаҳри Антокия овард. Онҳо ҳар ду тамоми сол дар он ҷамоати имондорон монда, мардуми зиёдеро таълим медоданд. Он замон дар Антокия бори аввал шогирдони Исои Масеҳро масеҳиён номиданд.
27 Он рӯзҳо аз Уршалим ба Антокия якчанд пайғамбарон омада буданд.
28 Яке аз онҳо Оғобус ном дошт. Ӯ бо ёрии Рӯҳулқудс пешгӯйӣ намуд, ки дар саросари замин гуруснагии сахт мешавад (ин дар замони шоҳаншоҳ Клавдиюс рӯй дод).
29 Бинобар ин ҳама шогирдон қарор доданд, ки ба имондорони сарзамини Яҳудия ба қадри имкон кумак фиристонанд.
30 Ҳамин тавр онҳо кумаки худро бо дасти Барнаббову Шоул ба роҳбарони ҷамоат фиристоданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28