меню

Аъмоли ҳаввориён 12 Боб


1 Он замон шоҳ Ҳиродус дасти душманӣ дароз намуд, то ки баъзе аз аъзои ҷамоати имондоронро азоб диҳад.

2 Шоҳ бо шамшер Яъқуби бародари Юҳанноро кушт.

3 Сипас чун дид, ки ин кораш ба яҳудиён писанд омад, Петрусро низ дастгир намуд. Ин воқеа дар айёми иди Фатир рӯй дод.

4 Шоҳ Петрусро ба зиндон андохта, ба чор дастаи сарбозон, ки ҳар яке аз чор сарбоз иборат буд, фармуд, ки ӯро посбонӣ кунанд. Шоҳ мехост, ки баъди иди Наҷот ӯро ба назди мардум барои ҳукм кардан барорад.

5 Инак, Петрус дар зиндон буд, аммо аҳли ҷамоати имондорон барои ӯ бо ҷидду ҷаҳд ба Худо дуо мекарданд.

6 Шаби ҳамон рӯз, ки шоҳ Ҳиродус мехост ӯро назди мардум барорад, Петрус дар байни ду сарбоз мехобид. Ӯро бо ду занҷир баста буданд ва назди дари зиндон сарбозони дигар меистоданд.

7 Баногоҳ фариштаи Худованд пайдо шуд ва ҳуҷра равшан гардид. Вай ба паҳлӯи Петрус зада, ӯро бедор карду гуфт: «Зуд бархез». Ҳамон лаҳза занҷирҳо аз дастони Петрус афтоданд. Фаришта суханашро давом дод:

8 «Миёнатро банду пойафзоратро пӯш». Петрус гуфтаи ӯро иҷро намуд. Фаришта гуфт: «Акнун ҷомаатро пӯшида, аз қафои ман биё».

9 Петрус баромада, аз қафои фаришта равона шуд. Ӯ фикр кард, ки хоб мебинад, лекин дар асл ин кори фаришта воқеӣ буд.

10 Онҳо аввал аз назди як дастаи посбонон ва сипас аз дастаи дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине, ки ба сӯйи шаҳр мебурд, наздик шуданд. Дарвоза худ аз худ ба рӯйи онҳо кушода шуд. Онҳо аз он гузашта, то ба охири кӯча расида буданд, ки баногоҳ фаришта нопадид шуд.

11 Ин вақт Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун аниқ фаҳмидам, ки Худованд фариштаи Худро фиристодааст, то маро аз дасти Ҳиродус ва он чи яҳудиён мехостанд, халос кунад».

12 Петрус инро аз дил гузаронда, ба хонаи Марями модари Юҳанно, ки Марқӯс номида шуда буд, равона шуд. Дар он ҷо мардуми зиёд ҷамъ омада, дуо мекарданд.

13 Чун дарвозаро тақ-тақ кард, Рудо ном канизаке барои кушодан баромад.

14 Рудо овози Петрусро шинохта чунон хурсанд шуд, ки дарвозаро накушода, ба сӯйи хона давид ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст.

15 Ба ӯ гуфтанд: «Ақлатро хӯрдаӣ». Лекин ӯ дар гапаш истода мегуфт, ки рост мегӯяд. Онҳо бошанд гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст».

16 Азбаски Петрус ҳанӯз ҳам тақ-тақ мекард, охир дарро кушоданд ва ӯро дида сахт ҳайрон шуданд.

17 Петрус бо ишораи даст хомӯшӣ талаб намуда, ба онҳо гуфт, ки чӣ тарз Худованд ӯро аз зиндон баровард. Петрус гуфт: «Инро ба Яъқубу бародарони дигар расонед». Пас ӯ онҳоро тарк намуда, ба ҷойи дигар рафт.

18 Бо дамидани субҳ сарбозонро тарсу ваҳм фаро гирифт, ки ба Петрус чӣ шуда бошад.

19 Шоҳ Ҳиродус ӯро ҷустуҷӯ намуд, лекин наёфт. Сипас сарбозонро пурсуҷӯ намуда, фармон дод, ки онҳоро ба қатл расонанд. Худаш бошад аз сарзамини Яҳудия баромада, ба шаҳри Қайсария рафт ва дар он ҷо монд.

20 Шоҳ Ҳиродус аз мардуми шаҳрҳои Сур ва Сидун сахт дар ғазаб шуда буд. Бинобар ин онҳо маслиҳат намуда, ба назди шоҳ як гурӯҳ одамонро фиристоданд. Онҳо аввал хизматгори шахсии подшоҳ Балостусро тарафдори худ карда, сипас аз подшоҳ сулҳ хостанд, чунки онҳо аз кишвари подшоҳ хӯрокворӣ мегирифтанд.

21 Дар рӯзи қабул Ҳиродус либоси шоҳона пӯшида, бар курсии доварӣ нишаст ва ба онҳо сухан кард.

22 Мардум бошанд, фарёдкунон гуфтанд: «Ин овози одам не, балки овози яке аз худоён аст».

23 Ин лаҳза фариштаи Худованд шоҳ Ҳиродусро зад, чунки худро аз Худо боло донист. Ҳамин тавр, ӯ кирм карда мурд.

24 Аммо каломи Худо торафт паҳн мешуд.

25 Барнаббо ва Шоул хизмати худро барои Худованд дар Уршалим ба охир расонданд ва Юҳаннои лақабаш Марқӯсро бо худ гирифта, ба шаҳри Антокия баргаштанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28