меню

Аъмоли ҳаввориён 13 Боб

гузариш зуд:

1 Пайғамбарону муаллимони ҷамоати имондорони шаҳри Антокия инҳо буданд: Барнаббо, Шимъуни лақабаш Нигер, Лукюси қайравонӣ, Маноҳим – дӯсти бачагии Ҳиродуси ҳоким ва Шоул.

2 Рӯзе, ҳангоме ки онҳо рӯза гирифта Худовандро парастиш мекарданд, Рӯҳулқудс ба онҳо гуфт: «Ба Ман Барнаббо ва Шоулро ҷудо кунед, то кореро, ки барояшон таъин намудаам, иҷро намоянд».

3 Сипас рӯза доштанд ва бар онҳо даст гузошта дуо карданду онҳоро фиристоданд.

4 Инак Барнаббо ва Шоул, ки аз ҷониби Рӯҳулқудс фиристода шуда буданд, ба шаҳри Салукия расиданду аз он ҷо ба ҷазираи Қиприс бо киштӣ шино карданд.

5 Онҳо ба шаҳри Саломис расида, дар ҷамоатхонаи яҳудиён каломи Худоро эълон карданд. Юҳанно ба онҳо ёрӣ мерасонд.

6 Онҳо тамоми ҷазираро то шаҳри Пофус тай карданд. Дар Пофус фиристодагон ҷодугари яҳудиро вохӯрданд, ки пайғамбари дурӯғин буд. Вай Барюшаъ ном дошт ва

7 шиноси ҳоким Сарҷиюс Павлус буд. Ҳоким, ки марди бофаҳм буд, барои шунидани каломи Худо Барнаббо ва Шоулро ба наздаш даъват кард.

8 Аммо он ҷодугар, ки ба забони юнонӣ Алимо ном дошт, ба онҳо зиддият намуд. Ӯ кӯшиш мекард, ки ҳокимро аз имон овардан боздорад.

9 Он гоҳ Шоул, ки Павлус низ ном дошт, аз Рӯҳулқудс пур шуда, рост ба он ҷодугар нигариста

10 гуфт: «Эй марди пур аз дурӯғу бадӣ, писари шайтон ва душмани ҳар росткорӣ, кай каҷ кардани Роҳи рости Худовандро бас мекунӣ?!

11 Ҳоло ист! Худованд туро ҷазо медиҳад ва ту кӯр шуда, муддате равшании офтобро намебинӣ». Бо шунидани ин сухан Алиморо тирагиву торикӣ фаро гирифт ва ӯ ба ҳар сӯ рӯй оварда, ба худ раҳнамое меҷуст.

12 Ҳоким ин воқеаро дида, имон овард, чунки аз таълимоти Худованд дар ҳайрат монда буд.

13 Сипас Павлусу ҳамроҳонаш аз шаҳри Пофус ба шаҳри Пирҷаи вилояти Памфилия бо киштӣ омаданд. Аммо Юҳанно онҳоро тарк намуда, ба Уршалим баргашт.

14 Аз шаҳри Пирҷа онҳо ба шаҳри Антокияи назди Писидия омаданд ва рӯзи шанбе ба ҷамоатхонаи яҳудиён даромада нишастанд.

15 Баъд аз хондани шариати Мусо ва навиштаҳои пайғамбарон, сардорони ҷамоатхона одам фиристода ба онҳо чунин гуфтанд: «Бародарон, агар ба мардум сухани насиҳатомезе дошта бошед, бигӯед».

16 Павлус аз ҷояш хеста, бо ишораи даст хомӯшӣ талаб намуд ва гуфт: «Эй исроилиён ва ғайрияҳудиёне, ки аз Худо метарсед, гӯш кунед!

17 Худои мардуми Исроил падаркалонҳои моро интихоб намуда, онҳоро дар ғарибӣ, яъне дар сарзамини Миср ба халқи бузург табдил дод. Сипас онҳоро бо тавоноии Худ аз он ҷо баровард ва

18 чил сол рафтори онҳоро дар биёбон тоқат кард.

19 Баъд дар замини Канъон ҳафт халқро нобуд карда, заминҳояшонро ба исроилиён тақсим карда дод.

20 Аз байн чорсаду панҷоҳ сол гузашт. Сипас Худо то замони пайғамбар Самуил бар онҳо доваронро таъин менамуд.

21 Оқибат онҳо барои худ подшоҳ талаб карданд ва Худо ба онҳо аз қабилаи Бинёмин Шоули писари Қишро бахшид. Шоул чил сол подшоҳӣ кард.

22 Баъд Худо вайро аз подшоҳӣ маҳрум намуда, Довудро бар онҳо шоҳ таъин намуд. Дар бораи Довуд Худо чунин гуфтааст: „Довуди писари Ишойро писанди дилам ёфтам. Ӯ ҳама хости Маро ба ҷо хоҳад овард“.

23 Сипас Худо, чунон ки ваъда карда буд, аз насли Довуд барои халқи Исроил Наҷотдиҳанда, яъне Исоро дод.

24 Инак, Яҳё пеш аз омадани Исо ба тамоми халқи Исроил эълон намуд, ки тавба карда, таъмид гиранд.

25 Яҳё дар охири хизмати худ чунин гуфт: „Ба гумонатон ман Масеҳам? Не, ман Таъиншудаи Худо нестам. Нигаред, аз паси ман Касе меояд, ки ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзори Ӯ нестам“.

26 Бародарон! Эй фарзандони Иброҳим ва ҳама ғайрияҳудиёне, ки худотарсанд! Ин хабари наҷотбахш ба мо фиристода шудааст!

27 Мардуми Уршалим ва сардорони онҳо Наҷотдиҳанда будани Исоро нафаҳмиданд. Ҳамчунин суханони пайғамбаронро, ки ҳар рӯзи шанбе хонда мешавад, нафаҳмиданд, балки Исоро айбдор намуда, пешгӯйии пайғамбаронро ба ҷо оварданд.

28 Агарчи барои куштан сабабе наёфтанд, аз Пилотус хоҳиш намуданд, ки Ӯро ба қатл расонад.

29 Вақте ки ҳама чизҳои дар бораи Исо навишташударо иҷро карданд, Ӯро аз салиб фуроварда, ба қабр гузоштанд.

30 Аммо Худо Ӯро зинда кард.

31 Сипас Исо ба онҳое, ки ҳамроҳаш аз сарзамини Ҷалил ба шаҳри Уршалим омада буданд, рӯзҳои зиёд зоҳир мешуд. Ҳоло онҳо дар пеши мардум шоҳидони Ӯ ҳастанд.

32 Мо низ ба шумо хабари хуш мерасонем, ки ваъдаи ба падаркалонҳоямон додашуда

33 иҷро гардид. Худо Исоро зинда карда, он ваъдаро барои мо, ки насли онҳо ҳастем, ба ҷо овард. Дар ин бора дар таронаи дуюми китоби Забур чунин гуфта шудааст: „Ту Писари Ман ҳастӣ. Имрӯз Ман Падари Ту шудаам“.

34 Дар бораи он, ки Исоро зинда мекунад ва Ӯ ҳаргиз дар гӯр намепӯсад, чунин гуфта шудааст: „Ман он ваъдаҳои муқаддас ва боваринокро, ки ба Довуд дода будам, ба шумо мебахшам“.

35 Бинобар ин дар дигар ҷойи навиштаҷот чунин гуфта шудааст: „Ту намегузорӣ, ки Марди Поки Ту дар гӯр бипӯсад“.

36 Ин гуфтаҳо ба шоҳ Довуд дахл надоранд, чунки ӯ дар замони худ хости Худоро иҷро намуд ва аз ин олам чашм пӯшид. Ӯ мисли падаронаш ба хок супурда шуд ва ҷисмаш пӯсид.

37 Аммо Шахсе, ки Худо Ӯро зинда кард, напӯсид.

38 Бародарон! Бинобар ин, гӯш кунед! Мо ба шумо эълон мекунем, ки ба воситаи Исо гуноҳҳо бахшида мешаванд.

39 Шариати Мусо одамонро сафед карда наметавонад, аммо касе, ки ба Исо имон меоварад, сафед мешавад.

40 Пас эҳтиёт шавед, ки гуфтаҳои пайғамбарон ба саратон наоянд, зеро онҳо чунин гуфтаанд:

41 „Эй масхаракунандагон, нигоҳ кунед! Ҳайрон шуда, нобуд гардед. Зеро дар рӯзҳои шумо коре мекунам, ки агар касе дар бораи он ба шумо гӯяд ҳам, бовар намекунед“».

42 Мардум ҳангоми аз ҷамоатхона баромадани Павлусу Барнаббо аз онҳо илтимос намуданд, ки рӯзи шанбеи дигар омада, ин мавзӯъро давом диҳанд.

43 Баъди ҷамъомад гурӯҳи зиёде аз яҳудиёну худотарсоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, ҳамроҳи Павлусу Барнаббо ба роҳ даромаданд. Ҳангоми роҳ рафтан Павлусу Барнаббо суҳбаткунон мардумро насиҳат намуданд, ки ба файзу меҳрубонии Худо такя кунанд.

44 Шанбеи дигар қариб ҳама мардуми шаҳр барои шунидани каломи Худованд ҷамъ омада буданд.

45 Яҳудиён гурӯҳ-гурӯҳ одамонро дида, ҳасад бурданд ва дашномкунон ба суханони Павлус зиддият нишон доданд.

46 Дар ҷавоб Павлусу Барнаббо ба онҳо далерона гуфтанд: «Пеш аз ҳама лозим буд, ки каломи Худоро ба шумо – яҳудиён, гӯем. Азбаски шумо онро рад мекунед ва худро шоистаи ҳаёти абадӣ намедонед, ҳоло мо ба назди ғайрияҳудиён меравем,

47 зеро Худованд ба мо чунин фармудааст: „Туро барои ғайрияҳудиён нур таъин кардам, ки наҷотро то ба канори замин бубарӣ“».

48 Ин суханонро шунида ғайрияҳудиён хеле хурсанд шуданд ва каломи Худовандро ситоиш карданд. Онҳое, ки барои ҳаёти абадӣ интихоб шуда буданд, имон оварданд.

49 Ҳамин тавр, каломи Худованд дар тамоми сарзамин паҳн мешуд.

50 Аммо яҳудиён бар зидди онҳо занони худотарсу боломақом ва калоншавандагони он шаҳрро шӯр андохтанд. Дар натиҷа онҳо Павлусу Барнабборо ба танг оварда, аз он ҷо ронданд.

51 Дар ҷавоб Павлусу Барнаббо бар зидди онҳо чангу хоки пойҳояшонро афшонда, ба шаҳри Қуния рафтанд.

52 Ҳамзамон шогирдони антокиягӣ шод шуданд ва пур аз Рӯҳулқудс гардиданд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28