меню

Аъмоли ҳаввориён 28 Боб

гузариш зуд:

1 Инак, сиҳату саломат ба соҳил расида, фаҳмидем, ки он ҷазира Малита ном доштааст.

2 Мардуми ҷазира ба мо хеле некӣ карданд. Азбаски ҳаво хунук буду борон меборид, онҳо гулхан даргиронда, ҳамаи моро ба гирдаш даъват карданд.

3 Павлус як бағал ҳезум ҷамъ карда буд ва ҳангоме ки онро ба оташ меандохт, мори заҳрдоре аз гармии оташ гурехта, дасти ӯро газид ва овезон монд.

4 Мардуми ҷазира мори ба дасташ часпидаро дида, ба ҳамдигар гуфтанд: «Воқеан ҳам ин шахс одамкуш будааст, чунки аз баҳр сиҳат баромада бошад ҳам, худои адолат нагузошт, ки зинда монад».

5 Аммо Павлус морро аз дасташ афшонда ба оташ партофту осебе надид.

6 Онҳо интизор буданд, ки ё дасташ варам мекунад ё ӯ якбора афтода мемурад. Аммо чун вақти зиёд гузашт ва бо вай чизе нашуд, фикрашонро дигар карда гуфтанд, ки ӯ яке аз худоён аст.

7 Дар гирду атрофи он ҷо заминҳое буданд, ки ба роҳбари ҷазира Публиюс тааллуқ доштанд. Ӯ моро ба хонааш даъват намуда, се рӯз меҳмондорӣ кард.

8 Падари Публиюс бемор мехобид. Ӯ таби баланд дошт ва шикамрав буд. Павлус наздик омаду дуо кард ва ба вай даст ниҳода, шифо дод.

9 Баъди ин воқеа ҳар беморе, ки дар ҷазира буд, ба назди Павлус меомад ва шифо меёфт.

10 Онҳо моро хеле иззату эҳтиром менамуданд ва ҳангоми рафтанамон бо ҳамаи чизҳои зарурӣ таъмин карданд.

11 Дар ҷазираи Малита се моҳ монда, баъд дар киштии шаҳри Искандария, ки зимистон дар он ҷазира буд, ба баҳр баромадем. Он киштӣ «Худоёни дугоник» ном дошт.

12 Сипас ба шаҳри Сирокуз расида, дар он ҷо се рӯз мондем.

13 Аз он ҷо баромада, ба шаҳри Риғюн расидем. Баъди як рӯз боди ҷанубӣ вазид ва рӯзи дигар мо аллакай дар шаҳри Путюлӣ будем.

14 Дар шаҳр имондоронро ёфтем ва чун хоҳиш карданд, ҳафт рӯз бо онҳо мондем. Сипас роҳамонро ба сӯйи Рум давом додем.

15 Имондорони румӣ дар бораи мо шунида, ба пешвозамон то бозори Опиюс ва «Се меҳмонхона» омаданд. Павлус онҳоро дида, Худоро шукргузорӣ намуд ва рӯҳбаланд шуд.

16 Вақте ки ба Рум дохил шудем, ба Павлус иҷозат дода шуд, ки дар хонаи алоҳида зиндагӣ кунад ва сарбозе ӯро посбонӣ мекард.

17 Баъди се рӯз Павлус роҳбарони яҳудии он ҷоро даъват намуд ва чун ҷамъ шуданд, гуфт: «Бародарон, ман на ба халқамон зиддият кардааму на ба расму ойини падаронамон, аммо дар Уршалим маро дастгир намуда, ба дасти румиён супурданд.

18 Румиён кори маро дида баромада, мехостанд озод кунанд, чунки коре накардаам, ки сазовори марг бошад.

19 Аммо яҳудиён ба ин зид баромаданд ва ман маҷбур шудам, ки доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намоям. Албатта, на барои он ки аз халқам шикоят кунам.

20 Барои ҳамин шуморо даъват намудам, то ки шуморо дида, гӯям, ки ба хотири Масеҳ, ки умеди Исроил аст, бо ин занҷир баста шудаам».

21 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Аз сарзамини Яҳудия дар бораи ту ягон нома нагирифтаем ва бародароне, ки аз он ҷо меоянд, дар бораи ту ҳеҷ хабар наовардаанд ва чизи баде нагуфтаанд.

22 Аммо аз даҳони худат шуниданӣ ҳастем, ки дар бораи он мазҳаби динӣ чӣ фикр дорӣ. Зеро медонем, ки дар ҳама ҷо бар зидди он гап мезананд».

23 Сипас барои вохӯрӣ як рӯз таъйин карданд. Он рӯз дар хонаи Павлус мардуми хеле зиёд ҷамъ омад ва ӯ аз саҳар то бегоҳ ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо нақл кард. Ӯ аз шариати Мусову гуфтаҳои пайғамбарон дар бораи Исо далелҳо оварда, онҳоро бовар мекунонд.

24 Ба суханонаш баъзе одамон имон оварданд, вале на ҳама.

25 Яҳудиён бо ҳам норозӣ буданд ва Павлус пеш аз рафтанашон илова намуда гуфт: «Рӯҳулқудс ба воситаи пайғамбар Ишаъё ба падарони шумо дуруст

26 гуфтааст, ки „Ба пеши ин халқ рафта, чунин гӯй: «бо гӯшҳоятон мешунавед, лекин намефаҳмед, бо чашмонатон мебинед, аммо дарк намекунед,

27 зеро зеҳни шумо кунд ва гӯшҳоятон вазнин шудааст ва чашмонатонро пӯшидаед. Вагарна бо чашмонатон дида, бо гӯшҳоятон шунида ва бо ақлатон дарк карда метавонистеду ба Ман рӯй меовардед ва Ман шуморо шифо медодам»“.

28-29 Бинобар ин бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст ва онҳо гӯш хоҳанд кард».

30 Ҳамин тавр Павлус ду соли пурра дар хонае, ки иҷора гирифта буд, зиндагӣ карда, ҳар одами ба пешаш меомадаро қабул мекард.

31 Ӯ ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад ва бо тамоми далерӣ дар бораи Худованд Исои Масеҳ бемалол таълим медод.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28