меню

Аъмоли ҳаввориён 5 Боб


1-2 Ҳанониё ном марде низ бо ҳамсараш Сафира дороияшро фурӯхта, як қисми пулашро бо розигии занаш пинҳон кард ва қисми боқимондаашро оварда, ба ихтиёри фиристодагон супурд.

3 Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳанониё! Чаро шайтонро ба дилат роҳ дода, як қисми пули заминатро пинҳон кардӣ ва омада, ба Рӯҳулқудс дурӯғ гуфтӣ?

4 Магар заминат пеш аз фурӯхтан аз они ту набуд? Оё пуле, ки барои заминат гирифтӣ, аз они ту набуд? Пас, чаро чунин кардӣ? Охир ту на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ».

5-6 Ҳанониё ин суханро шунида, ҷо ба ҷо афтоду мурд. Ҷавонмардон омада ҷасадашро печонданд ва бароварда гӯр карданд. Ҳар касеро, ки ин хабарро мешунид, тарси бузург фаро мегирифт.

7 Тахминан баъди се соат ҳамсари Ҳанониё Сафира омад. Ӯ аз ин воқеа бехабар буд.

8 Петрус аз вай пурсид: «Ба ман бигӯ, оё туву шавҳарат заминро ба ҳамин нарх фурӯхтед?» Зан гуфт: «Ҳа, ба ҳамин нарх».

9 Петрус ба вай гуфт: «Чаро шумо забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро бисанҷед? Ана онҳое, ки шавҳаратро бурда, гӯр карданд, ба дар наздик мешаванд. Онҳо туро низ мебароранд».

10 Ҳамон лаҳза Сафира пеши пойҳои ӯ афтода ҷон дод. Ҷавонмардон чун даромада диданд, ки ӯ мурдааст, бароварда назди шавҳараш гӯронданд.

11 Ин воқеа ба дили ҳамаи имондорону касоне, ки ин хабарро шуниданд, тарси азиме андохт.

12 Ба воситаи фиристодагон дар байни мардум муъҷизаву аломоти зиёде нишон дода мешуд. Тамоми имондорон дар айвони Сулаймон якдилона ҷамъ мешуданд.

13 Агарчи мардуми Уршалим онҳоро хеле иззату ҳурмат менамуданд, касе ҷуръат намекард, ки ба онҳо ҳамроҳ шавад.

14 Аммо рӯз ба рӯз мардону занони зиёд ба Худованд имон оварда, ба онҳо ҳамроҳ мешуданд.

15 Одамон беморони худро ба кӯчаҳо мебароварданд ва бар бистару катҳо мегузоштанд, то ки ҳангоми гузаштани Петрус ақаллан сояи ӯ ба онҳо афтода шифо бахшад.

16 Ҳатто мардуми гирду атрофи Уршалим беморону онҳоеро, ки аз рӯҳҳои нопок азоб мекашиданд, меоварданд ва ҳама шифо меёфтанд.

17 Инак, саркоҳин ва ҳамаи онҳое, ки бо вай буданд, яъне намояндагони равияи саддуқӣ, ҳасад хӯрданд ва

18 фиристодагонро дастгир намуда, ба зиндони шаҳр андохтанд.

19 Аммо фариштаи Худованд шабона дарҳои зиндонро кушода, онҳоро баровард.

20 Фаришта гуфт: «Равед ва дар маъбади Худо истода дар бораи ҳаёти нав ба одамон пурра нақл кунед».

21 Онҳо ба сухани фаришта гӯш карда, саҳаргоҳон ба маъбади Худо омаданд ва ба таълими мардум сар карданд. Вақте ки саркоҳин бо одамонаш расида омад, шӯрои пирон, яъне ҳамаи пирони халқи Исроилро гирд овард. Сипас фармон дод, ки фиристодагонро аз зиндон биёранд.

22 Аммо посбонон онҳоро дар зиндон наёфтанд ва омада гуфтанд:

23 «Дарҳои зиндон сахт маҳкам буданд ва посбонон пеши дарҳо меистоданд, аммо вақте дарҳоро кушодем, дар дохил касе набуд».

24 Ин суханро шунида, сардори посбонони маъбади Худо ва коҳинони калон ҳайрон шуданд, ки аз ин чӣ мешуда бошад.

25 Ҳамин вақт шахсе омада ба онҳо хабар дод: «Одамоне ки шумо ба зиндон партофта будед дар маъбади Худо истода, мардумро таълим медиҳанд!»

26 Дарҳол сардори посбонони маъбади Худо бо сарбозонаш рафта, фиристодагонро ба шӯрои пирон овард. Лекин на бо зӯрӣ, зеро тарсиданд, ки мабодо мардум худи онҳоро сангсор кунанд.

27 Фиристодагонро оварда, дар пеши шӯрои пирон рост монданд ва саркоҳин ба онҳо гуфт:

28 «Оё мо таълим додани ин номро ба шумо қатъиян манъ накарда будем? Шумо чӣ? Тамоми шаҳри Уршалимро аз таълиматон пур кардед ва боз моро айбдор кардан мехоҳед, ки гӯё хуни он одамро мо рехта бошем».

29 Петрус бо фиристодагони дигар дар ҷавоб гуфт: «Мо на ба одамон, балки бештар ба Худо бояд итоат кунем!

30 Худои падарбузургонамон Исоро, ки шумо ба салиб мехкӯб карда куштед, зинда кард.

31 Сипас боло бурда, Ӯро ҳамчун Сарвар ва Наҷотдиҳанда аз дасти росташ шинонд, то ба исроилиён имкон бошад, ки аз гуноҳҳои худ тавба карда, бахшида шаванд.

32 Ҳамаи мо шоҳиди ин воқеа ҳастем ва Рӯҳулқудс низ, ки Ӯро Худо ба итоаткорони Худ бахшидааст».

33 Аз ин сухан аъзои шӯрои пирон сахт хашмгин шуда, онҳоро куштанӣ шуданд.

34 Аммо Ҷамлиил ном фарисие, ки устоди шариат буд ва дар байни мардум иззату эҳтиром дошт, аз ҷояш бархоста фармуд, ки фиристодагонро ба муддате берун бароранд.

35 Сипас чунин гуфт: «Исроилиён! Хуб фикр кунед, ки бо ин одамон чӣ кор кардан мехоҳед.

36 Пеш аз ин Тавдо ном марде омада буд. Вай худро ким-кӣ гирифт ва тақрибан чорсад кас вайро пайравӣ карданд. Аммо, вақте ки ӯ кушта шуд, пайравонаш пароканда шуданд ва чизе аз ин боқӣ намонд.

37 Баъди вай, ҳангоми саршумории аҳолӣ, аз вилояти Ҷалил Яҳудо омад ва баъзе одамонро аз пасаш бурд. Аммо чун ӯро низ куштанд, ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд.

38 Бинобар ин маслиҳат медиҳам, ки ин одамонро ба ҳолашон гузореду озод кунед. Агар мақсаду корашон аз одамизод бошад, худ аз худ нобуд мешавад,

39 лекин агар аз Худо бошад, шумо онҳоро боздошта наметавонед, балки худро ба Худо зид мекунеду халос». Ин сухани Ҷамлиил ба онҳо писанд омад.

40 Онҳо фиристодагонро дароварда қамчинкорӣ карданд. Сипас амр намуданд, ки дигар ба номи Исо гап назананд, ва баъд озод карданд.

41 Фиристодагон аз ҳузури шӯрои пирон берун рафтанд ва хурсанд шуданд, ки ба хотири номи Исо сазовори беҳурматӣ гардиданд.

42 Ҳамин тавр онҳо ҳар рӯз дар маъбади Худо ва дар хонаҳо таълим дода, хушхабар мерасонданд, ки Исо Масеҳ, яъне Таъиншудаи махсуси Худо аст.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28