Аъмоли ҳаввориён 27 Боб
1 Вақте қарор карданд, ки бо киштӣ ба Италия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро ба яке аз мирисадҳои дастаи махсуси шоҳаншоҳ Августус супурданд. Номи мирисад Юлиус буд.
2 Мо ба киштие, ки аз шаҳри Адрамитиюн омада ва ба сӯйи бандарҳои вилояти Осиё равона буд, савор шуда раҳсипор шудем. Аз шаҳри Тасолуникӣ Аристархуси мақдунӣ моро ҳамроҳӣ кард.
3 Рӯзи дигар ба шаҳри Сидун расидем. Юлиус ба Павлус хуб муносибат мекард. Ӯ ҳатто иҷозат дод, ки Павлус рафта, бо дӯстонаш вохӯрад ва ҳама чизҳои заруриро дастрас намояд.
4 Аз он ҷо мо ба баҳр баромада, ба сабаби вазидани боди мухолиф ба тарафи панаҳи ҷазираи Қиприс киштиро рондем.
5 Сипас баҳри кушодро назди соҳилҳои вилоятҳои Киликия ва Памфилия миёнабур намуда, ба шаҳри Мирои вилояти Ликия расидем.
6 Дар он ҷо мирисад киштии шаҳри Искандарияро ёфт, ки ба Италия равона буд ва моро ба он савор кард.
7 Азбаски шамоли муқобил мевазид, мо рӯзҳои зиёд бо суръати паст киштӣ ронда, базӯр ба шаҳри Қнидус наздик шудем. Баъд ба самти гӯшаи Салмӯнии ҷазираи Крит ҳаракат намуда, дар панаҳи он ҷазира киштӣ рондем.
8 Ҳамин тавр, бо душворӣ ҷазираро гузашта, ба ҷое расидем, ки Бандарҳои Нек ном дошт. Ин дар наздикии шаҳри Ласия буд.
9 Мо вақти зиёдро аз даст дода будем. Тирамоҳ ба охир мерасид, айёми рӯзагирии яҳудиён гузашта буд. Боду ҳаво барои давом додани сафари баҳрӣ аллакай хатарнок буд, бинобар ин Павлус чунин маслиҳат дод:
10 «Мардон, мебинам, ки сафарамон хеле хатарнок мешавад. Аҷаб нест, ки на танҳо бору киштӣ, балки ҷонҳоямонро ҳам аз даст диҳем».
11 Аммо мирисад на ба Павлус, балки бештар ба суханони сардор ва соҳиби киштӣ бовар мекард.
12 Азбаски Бандарҳои Нек барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисёриҳо розӣ шуданд, ки ба баҳр бароянд. Онҳо умед доштанд, ки илоҷе карда, ба бандари дигари ҷазираи Крит, ки Финикс ном дошт, бирасанд ва он ҷо зимистонро гузаронанд. Ин бандар рӯ ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ ҷойгир аст.
13 Чун боди сабуки ҷанубӣ вазид, онҳо фикр карданд, ки корашон омад кард ва лангар бардошта, лаб-лаби соҳили Крит шино карданд.
14 Аммо дере нагузашта, аз тарафи ҷазира тундбоди сахте бархост, ки Шимоли Шарқӣ ном дошт.
15 Вақте киштиро фаро гирифт, онро идора кардан номумкин гардид ва таслим шудему тундбод моро гирифта бурд.
16 Сипас ба тарафи паноҳтари ҷазираи хурдакак, ки Клавдо ном дорад, даромада, қаиқи киштиро, ки дар дунболи киштӣ баста буд, базӯр нигоҳ доштем.
17 Баъд онро ба киштӣ бароварданд ва девораҳои киштиро бо арғамчинҳо баста мустаҳкам карданд. Аз тарси ба пастоби Сиртиси Африқо бархӯрдан, бодбонҳоро фуроварданд ва ҳамин тавр мавҷҳои об моро мебурд.
18 Рӯзи дигар, азбаски тӯфон торафт шиддат меёфт, онҳо як қисми бори киштиро ба об партофтанд.
19 Рӯзи сеюм бошад, онҳо бо дастони худ як қисми асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтанд.
20 Рӯзҳои зиёд на офтоб намоён мешуду на ситораҳо, балки тӯфон давом меёфт, оқибат барои наҷот ёфтан ҳеҷ умед намонд.
21 Азбаски касе дер боз хӯрок нахӯрда буд, Павлус бархоста ба миёнаҷо баромад ва гуфт: «Мардон, агар шумо ба гапи ман гӯш дода, аз Крит ба баҳр намебаромадед, аз ин фалокат зарар намедидед.
22 Ҳоло бошад, маслиҳат медиҳам, ки далер бошед, чунки ягонтои шумо намемуред. Фақат киштӣ нобуд мешавад.
23 Имшаб фариштаи Худое, ки ба Ӯ тааллуқ дораму хизмат мекунам, ба пешам омада,
24 гуфт: „Натарс, Павлус! Ту бояд дар пеши шоҳаншоҳи Рум биистӣ ва ба хотири ту Худо ба ҳамроҳонат низ ҳаёт мебахшад“.
25 Бинобар ин, мардон, далер бошед, зеро бовар дорам, ки Худо чунон ки ба ман гуфт, мекунад.
26 Фақат мо бояд ба пастоби ягон ҷазира бархӯрем».
27 Шаби чордаҳум буд, ки дар баҳри Адриё овора будем. Тақрибан нисфи шаб баҳрнавардон пай бурданд, ки замин наздик аст.
28 Онҳо чуқурии обро чен карданд, ки тақрибан чил метр баромад, сипас андак пеш рафта боз чен карданд, ки сӣ метр баромад.
29 Онҳо тарсиданд, ки ба санге дакка мехӯранд, бинобар ин аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва дуо мекарданд, ки тезтар саҳар шавад.
30 Баҳрнавардон хостанд аз киштӣ гурезанд ва бо баҳонаи он, ки аз нӯги киштӣ лангарҳо меандозанд, қаиқи киштиро ба об фуроварданд.
31 Он гоҳ Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар ин одамон дар киштӣ намонанд, шумо наҷот намеёбед».
32 Инро шунида сарбозон банди қаиқро буриданд ва он шино карда рафт.
33 Пеш аз бомдод Павлус аз ҳама хоҳиш намуд, ки хӯрок хӯранд. Ӯ чунин гуфт: «Ҳоло чордаҳ рӯз мешавад, ки шумо дар ташвиш ҳастед ва чизе намехӯред.
34 Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам, ки хӯрок хӯред, чунки ин барои зинда мондани шумо муҳим аст. Зеро тори мӯйе аз сари ҳеҷ яки шумо нахоҳад афтод».
35 Инро гуфта, ӯ нон гирифту дар пеши ҳама Худоро шукр гуфт ва онро пора карда, ба хӯрдан сар кард.
36 Инро дида, ҳама рӯҳбаланд шуданд ва хӯрок хӯрданд.
37 Дар киштӣ ҳамагӣ дусаду ҳафтоду шаш кас будем.
38 Чун хӯрда сер шуданд, гандумро ба об партофтанд, то ки киштиро сабук кунанд.
39 Вақте ки рӯз шуд, баҳрнавардон он заминро нашинохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт ва қарор доданд, ки агар тавонанд киштиро ба сӯи он ронанд.
40 Ҳамин тавр, онҳо лангарҳоро халос карда, дар баҳр гузоштанд. Дар баробари ин бандҳои белҳои дунболаи киштиро кушоданд ва бодбони қисмати пеши киштиро боло кашида, ба сӯи соҳил ронданд.
41 Аммо ба забонаи соҳили қумдоре дакка хӯрданд ва киштӣ дар пастоб истод. Нӯги киштӣ руст монда буд, аммо думашро мавҷҳо зада мешикастанд.
42 Сарбозон хостанд бандиёнро кушанд, то касе шинокунон нагурезад.
43 Аммо мирисад, ки Павлусро наҷот додан мехост, сарбозонро аз ин кор боздошт. Ӯ фармуд, ки аввал одамоне, ки шино карда метавонанд, худро ба об партофта ба соҳил бароянд.
44 Сипас дигарон тахта ва шикастапораҳои киштиро дошта, аз пушти онҳо равона шаванд. Ҳамин тавр, ҳама сиҳату саломат ба замин расиданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28