меню

Аъмоли ҳаввориён 19 Боб


1 Вақте Апуллус дар шаҳри Қуринтус буд, Павлус ба ноҳияҳои болоӣ сафар намуда, ба шаҳри Эфесус омад. Дар он ҷо якчанд шогирдро дида,

2 аз онҳо пурсид: «Оё вақте имон овардед, аз Рӯҳулқудс пур шудед?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Не, мо ҳатто нашунида будем, ки Рӯҳулқудс ҳаст».

3 Павлус гуфт: «Пас, шумо кадом таъмидро гирифтед?» Гуфтанд: «Мо таъмиди Яҳёро ба ҷо овардем».

4 Павлус гуфт: «Таъмиди Яҳё таъмиди тавба буд. Яҳё ба одамон мегуфт, ки ба Ҳамоне, ки пас аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ бовар кунед».

5 Инро шунида, онҳо ба номи Худованд Исо таъмид гирифтанд.

6 Вақте Павлус дастонашро бар онҳо гузошт, шогирдон аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва бо забонҳои дигар гап зада, ба эълони паёми Худо сар карданд.

7 Онҳо ҳамагӣ тақрибан дувоздаҳ кас буданд.

8 Ҳамин тавр, Павлус дар давоми се моҳ ба ҷамоатхона рафта, далерона дар бораи Подшоҳии Худо нақл мекард ва исботу далел меовард, то ки мардум бовар кунад.

9 Лекин вақте ки баъзе касон саркашӣ намуда, имон намеоварданд ва назди ҳама дар бораи Роҳи Худованд бадгӯйӣ мекарданд, Павлус шогирдонро бо худ гирифта, онҳоро тарк кард. Акнун вай ҳар рӯз дар омӯзишгоҳи Тиронус суҳбат меорост.

10 Ин кор ду сол давом ёфт ва ҳамаи мардуме, ки дар вилояти Осиё зиндагӣ мекарданд, ҳам яҳудиёну ҳам юнониён каломи Худовандро шуниданд.

11 Ҳамчунин Худо ба воситаи Павлус муъҷизаҳои аҷоиб мекард.

12 Ҳатто вақте рӯмолча ё пешбандеро, ки ба пӯсти Павлус расидааст, гирифта ба беморон мерасонданд, онҳо шифо меёфтанд ва рӯҳҳои нопок аз одамон берун мешуданд.

13 Баъзе ҷинбаророни дарбадари яҳудӣ низ номи Худованд Исоро бар гирифторони рӯҳҳои нопок хонданӣ шуда, ба ҷинҳо мегуфтанд: «Ба номи Исое, ки Павлус эълон мекунад, амр медиҳам: аз вай баро!»

14 Ин корро ҳафт писари Искиво ном яке аз коҳинони калони яҳудӣ мекардаанд.

15 Аммо рӯзе рӯҳи нопок ба онҳо чунин ҷавоб дод: «Исоро медонам. Павлусро ҳам мешиносам, лекин шумо кистед?»

16 Инро гуфта, шахси гирифтори рӯҳи нопок ба онҳо дарафтода, чунон зад, ки онҳо лучу хунолуд аз хона баромада гурехтанд.

17 Вақте ки ин ҳодиса ба гӯши сокинони шаҳри Эфесус, ҳам яҳудиёну ҳам юнониҳо расид, онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифт ва номи Худованд Исо дар байни онҳо иззату эҳтиром пайдо кард.

18 Шахсони зиёде, ки имон оварда буданд, пеши мардум омада, ба кирдори бади худ иқрор мешуданд ва онро ошкор мекарданд.

19 Шумораи зиёди одамоне, ки ҷодугарӣ мекарданд, китобҳои худро оварда, дар пеши ҳама оташ мезаданд. Вақте ки арзиши он китобҳоро ҳисоб карданд, панҷоҳ ҳазор тангаи нуқра баромад.

20 Ҳамин тавр, каломи Худованд паҳн мешуд ва таъсири он бештар мегардид.

21 Баъди ин ҳодисаҳо Павлус бо ҳидояти Рӯҳулқудс қарор дод, ки аз вилоятҳои Мақдуния ва Охоия гузашта, ба шаҳри Уршалим сафар кунад. Ӯ чунин гуфт: «Баъди Уршалим ба ман лозим аст, ки шаҳри Румро низ хабар гирам».

22 Ҳамин тавр ӯ ду ёвараш – Тимотиюс ва Арастусро ба вилояти Мақдуния равона карда, худаш муддате дар вилояти Осиё монд.

23 Он рӯзҳо ба хотири Роҳи Худованд ошӯби сахте ба миён омад.

24 Димитриюс ном нуқрагаре буд, ки расмҳои нуқрагини парастишгоҳи бути Юнон – Артамисро сохта, бо ин роҳ ба ҳунармандон даромади хуб меовард.

25 Димитриюс онҳоро ҳамроҳи ҳунармандони дигар ҷамъ оварда, чунин гуфт: «Мардум, шумо медонед, ки даромади мо аз пушти ҳамин ҳунар аст.

26 Аммо худатон дидаву дониста истодаед, ки ҳамин Павлус на танҳо дар шаҳри Эфесус, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё „худоёни дастсоз худоёни ҳақиқӣ нестанд“ гуфта, мардуми зиёдеро ба тарафи худ мекашаду аз роҳ мезанад.

27 Ин хатар на танҳо касби моро, балки парастишгоҳи худои бузург – Артамисро низ паст мезанаду ночиз месозад. Павлус обрӯйи бузурги Артамисро, ки мардуми ҳамаи вилояти Осиё ва тамоми дунё ӯро парастиш мекунанд, мерезад».

28 Ин суханро шунида, ҳунармандон ба ғазаб омаданд ва фарёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфесусиён!»

29 Шаҳрро ошӯб фаро гирифт. Мардум ҳама якҷоя ҳамсафарони Павлус – Ғоюсу Аристархусро, ки мақдунӣ буданд, дастгир намуда, бо худ ба намоишгоҳ кашола карда бурданд.

30 Павлус хост ба назди мардум рафта, сухан гӯяд, аммо шогирдон ӯро боздоштанд.

31 Ҳамчунин, баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстони ӯ буданд, одам фиристода, аз вай хоҳиш намуданд, ки ба намоишгоҳ надарояд.

32 Ҷамъомад бетартиб буд. Баъзе як чиз гуфта дод мезаданду баъзе дигар чиз. Бисёриҳо намефаҳмиданд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд.

33 Яҳудиён аз байни тӯда Искандар ном мардеро тела дода, пеши мардум бароварданд, то ки ҳолатро ба одамон фаҳмонда диҳад. Искандар бо дасташ ба онҳо ишораи хомӯшӣ намуда, барои ҳимоя даҳон кушодан хост.

34 Аммо мардум чун фаҳмиданд, ки вай яҳудист, ҳама бо як овоз «Бузург аст, Артамиси эфесусиён!» гӯён фарёд задан гирифтанд ва ин наздики ду соат давом ёфт.

35 Сипас амалдори шаҳр мардумро ором намуда, гуфт: «Мардуми Эфесус! Дар ин ҷо кӣ намедонад, ки шаҳри Эфесус нигаҳбони парастишгоҳи Артамиси бузург ва сурати аз осмон афтодаи вай мебошад?

36 Ин чиз ҷойи баҳс надорад, бинобар ин шумо бояд ором шавед, то ки рафтори беақлонае накунед.

37 Шумо ин одамонро ба ин ҷо овардед, лекин онҳо на парастишгоҳро ғорат намудаанду на худои моро дашном додаанд.

38 Пас, агар Димитриюс ва ҳамкоронаш нисбат ба касе даъво дошта бошанд, дари додгоҳ кушода ва доварон омода ҳастанд. Бигзор рафта дар он ҷо якдигарро айбдор кунанд.

39 Агар боз ягон масъалаи дигаре дошта бошед, онро дар ҷамъомади қонунӣ бояд ҳал кард.

40 Зеро хатари он ҳаст, ки барои ошӯби имрӯза, ки бесабаб аст ва мо онро ҳеҷ гуна асоснок карда наметавонем, ба ҷавобгарӣ кашида шавем». Бо чунин суханон ӯ мардумро ҷавоб дода пароканда кард.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28