1 Дар шаҳри Қуния низ Павлусу Барнаббо ба ҷамоатхонаи яҳудиён даромада, чунон сухан гуфтанд, ки мардуми зиёде аз яҳудиёну ғайрияҳудиён имон оварданд.
2 Аммо яҳудиёне, ки имон наоварда буданд, ғайрияҳудиёнро ба шӯр андохта, онҳоро ба Павлусу Барнаббо зид намуданд.
3 Ба ин нигоҳ накарда фиристодагон дар он шаҳр муддати зиёд монданд. Онҳо дар бораи Худованд далерона нақл мекарданд. Худованд бошад, бо дастони онҳо аломату муъҷизаҳо нишон дода исбот менамуд, ки сухан дар бораи файзу меҳрубониаш ҳақ аст.
4 Мардуми шаҳр ба ду қисм ҷудо шуданд. Яке тарафдори яҳудиён буду дигаре тарафдори фиристодагон.
5 Сипас яҳудиёну ғайрияҳудиён бо дастгирии роҳбаронашон забон як карданд, ки ба фиристодагон дарафтода, онҳоро сангсор кунанд.
6-7 Фиристодагон аз мақсади онҳо хабардор шуда, ба ноҳияи Лекония гурехтанд ва дар шаҳрҳои Лустраву Дарбаву гирду атрофашон гашта, расондани хушхабарро давом медоданд.
8 Дар шаҳри Лустра марде менишаст, ки ланги модарзод буда, дар умраш роҳ нарафта буд.
9 Ӯ сухани Павлусро гӯш мекард. Чун Павлус дид, ки вай барои шифо ёфтан имон дорад, бодиққат ба ӯ нигариста,
10 бо овози баланд гуфт: «Бархеста, бар пойҳоят рост ист». Он мард аз ҷояш ҷаста хесту ба роҳравӣ даромад.
11 Гурӯҳи одамон ин кори Павлусро дида бо забони леконӣ фарёд заданд: «Худоён дар шакли одамизод ба назди мо фуромадаанд».
12 Онҳо фиристодагонро худоёни худ гумон карда, Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, чунки Павлус нисбатан зиёд сухан мегуфт.
13 Дар беруни шаҳр парастишгоҳи Зевс воқеъ буд. Инак, коҳини Зевс ба назди дарвозаи шаҳр барзаговҳо ва гулчанбарҳо оварда, хост, ки ҳамроҳи мардум ба фиристодагон қурбонӣ кунад.
14 Аммо фиристодагон, яъне Барнаббову Павлус инро шунида, либосашонро даронданд ва сӯйи он гурӯҳ давида, дод зада гуфтанд:
15 «Мардум, охир шумо чӣ кор карда истодаед?! Мо ҳам мисли шумо одам ҳастем. Ба шумо хушхабар овардем, ки аз ин чизҳои ҳеҷу пуч рӯй гардонда, ба Худои зинда рӯй оваред. Ӯ замину осмону баҳрҳо ва тамоми ҷонваронеро, ки дар онҳост, офаридааст.
16 Дар гузашта Худо вогузошт, ки ҳамаи халқҳо бо роҳи худ раванд.
17 Лекин ба ҳар ҳол бо некиҳояш, яъне бо борон, бо мавсимҳои серҳосил, бо хӯрокворӣ ва ба дилҳоятон хурсандӣ бахшида, дар бораи Худ шаҳодат медод».
18 Ҳатто бо чунин суханон мардумро базӯр аз қурбонӣ намудан боздоштанд.
19 Сипас аз шаҳрҳои Антокия ва Қуния баъзе яҳудиён омаданд. Онҳо мардумро ба тарафи худ кашида, Павлусро сангсор намуданд. Сипас ӯро мурда гумон намуда, кашолакунон аз шаҳр берун бароварда партофтанд.
20 Лекин вақте ки имондорон дар гирдаш ҷамъ шуданд, Павлус бархоста ба шаҳр даромад. Рӯзи дигар ӯ ҳамроҳи Барнаббо ба шаҳри Дарба рафт.
21 Онҳо дар шаҳри Дарба хушхабар расонда, аз бисёр одамон шогирд тайёр карданд. Сипас ба шаҳрҳои Лустра, Қуния ва Антокияи Писидия баргаштанд.
22 Онҳо ба дилҳои шогирдон қувват мебахшиданду насиҳат мекарданд, ки дар имон устувор бимонанд. Онҳо мегуфтанд: «Барои ба Подшоҳии Худо дохил шудан мо бояд азобҳои зиёдро паси сар намоем».
23 Павлусу Барнаббо дар ҳар ҷамоат роҳбаронро таъйин менамуданд. Сипас рӯза гирифта, дуо мекарданду роҳбаронро ба Худованде, ки имон оварда буданд, месупурданд.
24 Ҳамин тавр онҳо ноҳияи Писидияро тай намуда, ба вилояти Памфилия омаданд.
25 Дар шаҳри Пирҷа каломро паҳн намуда, ба шаҳри Аттолия фуромаданд.
26 Аз Аттолия шино карда, ба шаҳри Антокияи Сурия баргаштанд, ки дар он ҷо аз ҷониби ҷамоати имондорон барои хизмати кардаашон ба паноҳи Худо супурда шуда буданд.
27 Баъди бозгашт онҳо аҳли ҷамоати имондоронро ҷамъ карда, дар бораи тамоми корҳое, ки Худо ба воситаи онҳо кард ва чӣ тарз барои ғайрияҳудиён дари имонро кушод, нақл карданд.
28 Дар он ҷо Павлус ва Барнаббо муддати дароз бо шогирдон монданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28