меню

Аъмоли ҳаввориён 4 Боб


1 Ҳангоме ки Петрус ва Юҳанно ба мардум сухан мегуфтанд коҳинон, сардори посбонони маъбади Худо ва аъзои мазҳаби саддуқӣ зуд ба онҳо наздик омаданд.

2 Онҳо аз рафтори фиристодагон ба ғазаб омада буданд, чунки фиристодагон мардумро таълим медоданд ва эълон менамуданд, ки мурдагон ба воситаи Исо зинда хоҳанд шуд.

3 Бинобар ин фиристодагонро дастгир карданд ва азбаски аллакай шом шуда буд, онҳоро то субҳ ба дасти посбонон супурданд.

4 Аммо бисёре аз шунавандагони сухани Петрусу Юҳанно имон оварданд ва шумораи ҳамаи имондорон тақрибан ба панҷ ҳазор расид.

5 Рӯзи дигар дар Уршалим сардорони яҳудиён ва пирону устодони шариат ҷамъ омаданд.

6 Ҳамчунин, Ҳонони саркоҳин, Қаёфо, Юҳанно, Искандар ва дигар аъзои хонаводаи саркоҳин ҳозир буданд.

7 Онҳо Петрусу Юҳанноро дар миёнаҷо монда пурсиданд: «Бо кадом қувва ё бо номи кӣ шумо марди лангро шифо додед?»

8 Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда ҷавоб дод: «Роҳбарон ва пирони халқ!

9 Агар имрӯз мо барои кори нек, яъне барои чӣ гуна ин марди лангро шифо доданамон бозпурсӣ шуда бошем,

10 пас шумо ва тамоми халқи Исроил бидонед, ки ин мард ба хотири номи Исои Масеҳи Носирӣ пеши шумо солим меистад. Исои Масеҳ ҳамонест, ки шумо мехкӯб карда куштед, аммо Худо Ӯро зинда кард.

11 Ӯ ҳамон: „сангест, ки шумо бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтед, вале он санги асосии таҳкурсии бино гардид“.

12 Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, чунки дар зери осмон ба одамон ҳеҷ номи дигаре дода нашудааст, ки ба воситаи он наҷот ёбем».

13 Чун ҳозирон далерии Петрусу Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки онҳо одамони одӣ ва бесавод ҳастанд, басе ҳайрон шуданд. Ҳамчунин, дарк намуданд, ки онҳо бо Исо мегаштанд.

14 Аммо дар назди Петрусу Юҳанно истодани марди шифоёфтаро дида, чизе гуфта натавонистанд.

15 Инак, онҳо фиристодагонро аз шӯрои пирон берун карда, бо ҳам чунин маслиҳат намуданд:

16 «Бо ин одамон чӣ бояд кунем? Ба тамоми мардуми Уршалим маълум аст, ки ба воситаи онҳо ин муъҷизаи бузург ба амал омад ва мо инро рад карда наметавонем.

17 Аммо барои дар байни мардум бештар паҳн нашудани ин гап мо бояд онҳоро огоҳ намуда, фармон диҳем, ки дар бораи ин ном минбаъд ба касе даҳон накушоянд».

18 Инак, фиристодагонро боз даъват карда, фармон доданд, ки дигар ҳаргиз ба номи Исо сухан нагӯянд ва таълим надиҳанд.

19 Аммо Петрусу Юҳанно дар ҷавоб гуфтанд: «Худатон фикр кунед, оё дар назари Худо дуруст мешавад, ки мо шуморо бештар аз Худо гӯш кунем?!

20 Мо он чиро, ки дидаему шунидаем, нагуфта наметавонем».

21-22 Сипас онҳо Петрус ва Юҳанноро дубора огоҳ намуда, озод карданд. Синну соли он мард, ки ба таври муъҷизавӣ шифо ёфт, аз чил боло буд ва тамоми халқ Худоро барои ин муъҷиза ситоиш мекард. Бинобар ин онҳо аз мардум тарсида, фиристодагонро ҷазо надоданд.

23 Фиристодагон озод шуда, назди ёрони худ омаданд ва ба онҳо суханони коҳинони калону пирони халқро нақл карданд.

24 Сипас онҳо якдилона бо овози баланд ба Худо дуо карданд: «Эй Молик, Офаридгори замину осмону баҳрҳо ва ҳар он чи дар онҳост!

25 Ту ба воситаи Рӯҳулқудс, бо забони падарбузурги мо – хизматгорат Довуд чунин гуфтаӣ: „Чаро ғайрияҳудиён ба хашм омаданд ва мардум қасди беҳуда мекунанд?

26 Шоҳони замин ба ҷанг омода шудаанд ва раисон ҷамъ омада, бар зидди Худованд ва Масеҳ, яъне Таъиншудаи Ӯ бархостаанд“.

27 Ҳақиқатан ҳам дар ин шаҳр Ҳиродус, Понтиюс Пилотус, ғайрияҳудиён ва мардуми Исроил бар зидди Хизматгори Покат Исо, ки Ӯро барои хизмати Худ интихоб кардӣ, забон як карданд.

28 Онҳо қарори пешакии Туро, ки бо тавоноӣ ва иродаи Худ қабул карда будӣ, нафаҳмида иҷро намуданд.

29 Худовандо, ҳоло ба зӯрии онҳо нигоҳ кун ва ба хизматгорони Худ ёрӣ деҳ, ки каломи Туро далерона баён кунанд.

30 Ту дастатро дароз намуда, ба номи Хизматгори Покат Исо беморонро шифо деҳ ва аломату муъҷизаҳо ба амал овар».

31 Баъди дуо ҷое, ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад. Онҳо ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуда, каломи Худоро далерона эълон мекарданд.

32 Ҳама имондорон якдилу якҷон шуда буданд. Ҳеҷ кас чизеро моли шахсии худ намедонист, балки ҳама чизро умумӣ меҳисобиданд.

33 Фиристодагон бо қувваи бузург дар бораи зиндашавии Худованд Исо шаҳодат медоданд. Ҳамчунин, файзи бузурге бар ҳамаи онҳо буд.

34 Дар байнашон муҳтоҷе набуд, чунки онҳое, ки замин ё хонае доштанд, онро фурӯхта,

35 пулашро пеши пойҳои фиристодагон мегузоштанд ва фиристодагон онро ба қадри даркорӣ ба ҳама тақсим мекарданд.

36 Дар байни онҳо Юсуф ном левизодае аз ҷазираи Қиприс буд. Фиристодагон ӯро Барнаббо, яъне «писари дилбардорӣ» низ меномиданд.

37 Вай заминашро фурӯхта, пулашро ба ихтиёри фиристодагон супурд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28