1 Шоул шогирдони Худовандро бо куштан метарсонд. Ӯ назди саркоҳин омада,
2 хоҳиш намуд, ки ба вай барои ҷамоатхонаҳои шаҳри Димишқ номаҳо нависта диҳад, то ҳар касеро, ки пайрави ин Роҳ ёбад, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, баста ба Уршалим орад.
3 Ҳангоми роҳ рафтан, дар наздикии шаҳри Димишқ, ногаҳон аз осмон нуре пайдо шуда, Шоулро фаро гирифт.
4 Ӯ ба замин афтода, овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ?»
5 Шоул пурсид: «Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?» Овоз дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳамон Исоям, ки озораш медиҳӣ.
6 Акнун аз ҷоят хеста, ба шаҳр даро. Дар он ҷо ба ту як кас мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ».
7 Ҳамсафарони Шоул мисли гунг меистоданд, чунки овозро мешуниданд, аммо касеро намедиданд.
8 Шоул аз замин бархоста, чашмонашро кушод, лекин чизеро дида наметавонист. Сипас вайро аз дасташ гирифта ба Димишқ оварданд.
9 Дар он ҷо се рӯз нобино монд ва чизе намехӯрду наменӯшид.
10 Инак, дар шаҳри Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд. Худованд ба вай аён шуда гуфт: «Ҳанониё!» Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Лаббай, Худованд».
11 Худованд гуфт: «Бархез ва ба кӯчае, ки Рост ном дорад, бирав! Дар он ҷо хонаи Яҳудоро ёфта, мардеро аз шаҳри Тарсус бипурс, ки Шоул ном дорад. Вай ҳозир дуо мекунад,
12 ва ба ӯ аён шуд, ки Ҳанониё ном марде омада, бар ӯ даст гузошта, чашмонашро бино мекунад».
13 Ҳанониё гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисёр касон шунидам, ки дар Уршалим ба пайравони Ту хеле бадӣ кардааст.
14 Дар ин шаҳр низ ӯ аз коҳинони калон иҷозат дорад, ки ҳамаи онҳоеро, ки номи Туро ба забон мегиранд, дастгир намояд».
15 Аммо Худованд гуфт: «Бирав! Зеро Ман вайро ҳамчун асбоби Худ интихоб кардаам, то ки номи Маро назди ғайрияҳудиён, подшоҳон ва исроилиён эълон намояд.
16 Ман ба ӯ нишон медиҳам, ки ба хотири номи Ман бояд чӣ қадар азоб кашад».
17 Ҳанониё рафта, он хонаро ёфту даромад ва бар Шоул даст гузошта гуфт: «Бародар Шоул, Худованд Исо, ки дар роҳ ба ту зоҳир шуд, маро ба наздат фиристод, то ки чашмонат бино шаванд ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ».
18 Ҳамон лаҳза аз чашмони Шоул гӯё пардае гирифта шуд ва ӯ бино гардид. Сипас Шоул бархеста, таъмид гирифт ва
19 хӯрок хӯрда, қувват ёфт. Шоул якчанд рӯз бо шогирдони Исо дар Димишқ монд.
20 Вай дарҳол ба ҷамоатхонаҳои яҳудиён рафта, дар бораи Исо гап зад, ки Ӯ Писари Худост.
21 Шунавандагон ҳайрон шуда мегуфтанд: «Ин ҳамон одам нест, ки дар Уршалим пайравони ин Шахсро нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ барои ҳамин наомадааст, ки онҳоро дастгир намуда, назди коҳинони калон барад?»
22 Шоул рӯз ба рӯз дар эълон кардани хушхабар пурзӯртар мешуд. Вай ба яҳудиёни Димишқ Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо будани Исоро чунон исбот менамуд, ки онҳо дар ҷавоб чизе гуфта наметавонистанд.
23 Баъди гузаштани якчанд рӯз яҳудиён қасд карданд, ки Шоулро бикушанд.
24 Аммо Шоул аз нияти онҳо хабардор шуд. Азбаски онҳо бо ин мақсад шабу рӯз назди дарвозаи шаҳр истода, ӯро мепоиданд,
25 ҳамроҳонаш шабона ӯро ба сабаде гузошта, аз сӯрохии девори шаҳр поён фуроварданд.
26 Шоул ба шаҳри Уршалим омада, хост, ки ба шогирдони Исои Масеҳ ҳамроҳ шавад, аммо онҳо аз ӯ тарсиданд. Онҳо бовар намекарданд, ки Шоул шогирди Масеҳ шудааст.
27 Лекин Барнаббо ӯро ба назди фиристодагон оварда, ба онҳо нақл намуд, ки чӣ тавр Шоул дар роҳ Худовандро дидаасту Худованд бо ӯ гап задааст ва чӣ гуна вай дар шаҳри Димишқ дар бораи Исо далерона гап мезад.
28 Ҳамин тавр Шоул бо шогирдон дар Уршалим рафтуомад карда, дар бораи Худованд далерона гап мезад.
29 Вай бо баъзе яҳудиёни юнонизабон гуфтугӯ ва баҳс менамуд, аммо онҳо аз пайи куштани ӯ буданд.
30 Имондорон аз ин бохабар шуда, ӯро ба бандари шаҳри Қайсария бурданд ва аз он ҷо ба шаҳри Тарсус гусел карданд.
31 Он рӯзҳо аҳли ҷамоати имондорон дар тамоми сарзамини Яҳудияву Ҷалилу Сомара оромӣ ёфта, худотарсона зиндагӣ мекарданду бо ёрии Рӯҳулқудс пурзӯр ва зиёд мешуданд.
32 Петрус тамоми ноҳияро гашта, ба назди имондорони шаҳри Лудда омад.
33 Дар он ҷо Аниёс ном мардеро дид, ки ҳашт сол боз шал дар ҷойгаҳаш мехобид.
34 Петрус ба вай гуфт: «Аниёс, Исои Масеҳ туро шифо медиҳад. Бархезу ҷойгаҳатро ҷамъ кун». Марди шал дарҳол аз ҷояш хест.
35 Мардуми шаҳри Лудда ва дашти Шорӯн ӯро сиҳат дида, ба Худованд рӯй оварданд.
36 Ҳамчунин, дар шаҳри Ёфо Тобито ном шогирди Исо зиндагӣ мекард, ки маънои номаш «ғизол» аст. Ӯ зани некӯкор буда, хайроти зиёд мекард.
37 Рӯзе вай бемор шуда мурд. Ҷасади ӯро шуста, дар болохона гузоштанд.
38 Шогирдон чун шуниданд, ки Петрус дар шаҳри Лудда аст, ки ба шаҳри Ёфо наздик буд, ду касро ба наздаш фиристода, хоҳиш намуданд, ки зуд ба пеши онҳо биёяд.
39 Петрус дарҳол бо онҳо рафт. Чун расид, ӯро ба болохона бароварданд. Дар болохона бевазанон Петрусро иҳота намуда, гирякунон, ҷомаву куртаҳои дар зиндагияш дӯхтаи Ғизолро ба ӯ нишон медоданд.
40 Лекин Петрус хоҳиш намуд, ки онҳо берун бароянд. Сипас зону зада, дуо кард ва ба ҷасад нигариста гуфт: «Тобито, бархез!» Тобито чашмонашро кушода, Петрусро дид ва аз ҷояш хеста, нишаст.
41 Петрус ӯро аз дасташ гирифта ба по хезонд ва имондоронро ҳамроҳи бевазанон даъват карда, ӯро зинда нишон дод.
42 Ин воқеа дар тамоми Ёфо овоза шуд ва одамони бисёре ба Худованд Исо имон оварданд.
43 Петрус муддате дар шаҳри Ёфо монд ва дар хонаи Шимъуни чармгар зиндагӣ кард.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28