меню

Аъмоли ҳаввориён 18 Боб


1 Сипас Павлус шаҳри Атиноро тарк карда, ба шаҳри Қуринтус рафт.

2 Дар он ҷо ӯ бо Акило ном марди яҳудие шинос шуд, ки аз шаҳри Понтус буд. Ин мард ба наздикӣ ҳамроҳи занаш Прискила аз Италия омада буд, чунки шоҳаншоҳ Клавдиюс фармон бароварда буд, ки ҳамаи яҳудиён аз шаҳри Рум баромада раванд. Павлус ба дидори онҳо рафт.

3 Азбаски онҳо ҳамкасби Павлус буданд, бо онҳо монда, ба кор машғул шуд. Касби онҳо хаймадӯзӣ буд.

4 Ҳамчунин, ҳар рӯзи шанбе ӯ дар ҷамоатхона исботу далел меовард, то ки яҳудиёну юнониён имон оваранд.

5 Вақте ки Силову Тимотиюс аз вилояти Мақдуния ба Қуринтус омаданд, Павлус тамоми вақти худро ба эълон кардани калом бахшид. Ӯ ба яҳудиён шаҳодат медод, ки Исо ҳамон Таъиншудаи Худост.

6 Аммо онҳо ӯро ҳақорат карда, зиддият нишон доданд. Сипас Павлус чанги либосашро афшонда, ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо гуфтам, акнун хунатон ба гардани худатон! Ман дигар ҷавобгарӣ надорам, минбаъд ба назди ғайрияҳудиён меравам».

7 Ҳамин тавр, Павлус аз пеши онҳо баромада, ба хонаи марди ғайрияҳудии худотарсе рафт. Ин мард Титус Юстус ном дошт ва манзилаш дар паҳлӯи ҷамоатхона буд.

8 Сардори ҷамоатхона Криспус бо тамоми хонаводааш ба Худованд имон овард. Инро шунида, қуринтиёни зиёд низ имон оварданд ва таъмид гирифтанд.

9 Шабе Худованд ба Павлус аён шуда гуфт: «Натарс, сухан гуфтанро давом деҳ. Хомӯш набош,

10 чунки Ман бо ту ҳастам ва касе ба ту зарар намерасонад. Зеро дар ин шаҳр бисёр одамон пайрави Ман ҳастанд».

11 Ҳамин тавр, Павлус якуним сол дар он ҷо монда, ба онҳо каломи Худоро таълим дод.

12 Аммо вақте ки Ғолиюн ҳокими вилояти Охоия буд, яҳудиён забон як карда, Павлусро дастгир намуданд ва ба додгоҳ оварда,

13 гуфтанд: «Ин одам мардумро фирефта мекунад, ки Худоро тавре парастиш намоянд, ки бар зидди қонун аст».

14 Павлус ҳанӯз даҳон накушода, ҳоким Ғолиюн ба яҳудиён гуфт: «Яҳудиён! Агар ягон ҷиноят ё кирдори баде ҷой медошт, шикояти шуморо қабул мекардам.

15 Алҳол мебинам, ки баҳс дар бораи калимаву номҳо ва шариати шумо аст, пас худатон онро ҳал кунед. Ман ин чизҳоро ҳал кардан намехоҳам».

16 Инро гуфта, онҳоро аз додгоҳ пеш кард.

17 Дар ҳавлии додгоҳ мардум ба Сӯстиниси сардори ҷамоатхона дарафтода, ӯро калтак заданд. Аммо Ғолиюни ҳоким ба ин ҳеҷ аҳамият надод.

18 Баъд аз ин Павлус муддате дар шаҳри Қуринтус монд. Сипас бо имондорон хайрухуш намуда, ҳамроҳи Прискила ва Акило ба вилояти Сурия шино кард. Дар бандари Канхария ӯ мӯйи сарашро тарошид, чунки мувофиқи расми яҳудиён чунин қасам хӯрда буд.

19 Ҳангоме ки ба Эфесус расиданд, Павлус Прискила ва Акилоро тарк намуда, худ ба ҷамоатхона даромад. Павлус бо яҳудиён суҳбат орост

20 ва онҳо аз ӯ хоҳиш намуданд, ки муддате бо онҳо бимонад, лекин вай розӣ нашуд.

21 Аммо ҳангоми хайрухуш карданаш гуфт, ки «Худо хоҳад боз ба наздатон меоям». Сипас дар шаҳри Эфесус ба киштӣ нишаста, сафарашро давом дод.

22 Дар шаҳри Қайсария ӯ аз киштӣ фаромада, ба шаҳри Уршалим рафт. Дар он ҷо ба аҳли ҷамоат салом расонда, ба шаҳри Антокия равона шуд.

23 Дар Антокия муддате истода, боз ба роҳ даромаду дар ноҳияҳои Ғалотия ва Фриҷия гашта, имони ҳамаи имондоронро устувор намуд.

24 Он замон ба шаҳри Эфесус Апуллус ном марди яҳудие омад, ки зодаи Искандария буд. Ӯ шахси сухандон ва донишманди навиштаҷот буд.

25 Апуллус дар Роҳи Худованд таълим ёфта буд ва бо ҷӯшу хурӯш сухан гуфта, дар бораи Исо дуруст таълим медод. Аммо ӯ танҳо аз таъмиди Яҳё хабардор буд.

26 Ӯ дар ҷамоатхона далерона сухан гуфтанро сар карда буд. Вақте ки Прискила ва Акило суханашро шуниданд, ӯро ба каноре бурданд ва Роҳи Худоро ба ӯ хубтар фаҳмонда доданд.

27 Вақте Апуллус хост, ки ба вилояти Охоия равад, имондорон ӯро рӯҳбаланд намуда, бо вай ба шогирдон номае фиристоданд, то ки ӯро қабул кунанд. Чун ба он ҷо расид, ба онҳое ки бо файзу меҳрубонии Худо имон оварда буданд, кумаки зиёд кард.

28 Зеро ӯ дар пеши ҳама суханони яҳудиёнро рад намуда, аз навиштаҷот далел меовард, ки Исо Таъиншудаи Худост.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28