Аъмоли ҳаввориён 2 Боб
1 Дар рӯзи иди Ҳосилот пайравони Исои Масеҳ дар хонае ҷамъ омада буданд.
2 Баногоҳ аз осмон мисли шувваси шамоли сахт садое омада, тамоми хонаро, ки дар он нишаста буданд, пур кард.
3 Сипас онҳо диданд, ки чизе ба монанди шуълачаҳои оташ ҷудо-ҷудо бар ҳар яки онҳо фуруд омад.
4 Рӯҳулқудс онҳоро фаро гирифт ва онҳо бо забонҳои гуногун гап заданро сар карданд. Ин қобилиятро Рӯҳулқудс ба онҳо мебахшид.
5 Он вақтҳо дар Уршалим яҳудиёни худотарс истиқомат доштанд, ки аз кишварҳои гуногун омада буданд.
6 Онҳо тӯда шуда сӯйи садои баланд наздик омаданд ва ҳар яке суханони шогирдонро бо забони модарии худ шунида, хеле ба ҳаяҷон омаданд
7 ва ҳайрон шуда гуфтанд: «Оё ин одамон аз вилояти Ҷалил нестанд?
8 Пас, чӣ тавр ҳар яки мо мешунавем, ки онҳо бо забони модариамон сухан меронанд?
9 Бинед, мо портиён, модиён, эломиён, мардуми Байнаннаҳрайн, Яҳудия, Каппадукия, Понтус, вилояти Осиё,
10 Фриҷия, Памфилия ва Миср ҳастем, вале сухани онҳоро ҳамчун забони худ мефаҳмем. Ҳамчунин аз Либия (ин дар наздикии Қайравон аст), Криту Арабистон ва меҳмонони румӣ,
11 яҳудиёну онҳое, ки дини яҳудиро қабул кардаанд, мебошем. Пас, чӣ тавр мо мешунавем, ки ҳар яки онҳо бо забони модарии мо дар бораи корҳои бузурги Худо шаҳодат медиҳанд?»
12 Онҳо ҳама ҳайрону гаранг шуда, аз ҳамдигар мепурсиданд: «Ин чӣ маъно дошта бошад?»
13 Вале баъзеи дигар масхаракунон мегуфтанд: «Инҳо майи тоза нӯшида, маст шудаанд».
14 Он гоҳ Петрус ва ёздаҳ фиристодаи дигар аз ҷой бархостанд ва Петрус бо овози баланд ба мардум гуфт: «Мардуми Яҳудия ва сокинони Уршалим! Ба сухани ман диққат диҳед.
15 Гумон накунед, ки инҳо маст ҳастанд. Охир, соат нуҳи саҳар аст-ку?!
16 Баръакс, он чи мебинед, иҷро шудани пешгӯйии пайғамбар Юил аст, ки гуфтааст:
17 „Дар рӯзҳои охир, – мегӯяд Худо, – Рӯҳи Худро бар ҳама одамон хоҳам рехт ва писарону духтарони шумо пайғамбарӣ хоҳанд кард. Ба ҷавонмардони шумо чизҳои рӯҳонӣ аён хоҳад шуд ва пиронатон хобҳо хоҳанд дид.
18 Бар ҳамаи ғуломону канизонам Рӯҳамро хоҳам рехт ва онҳо пайғамбарӣ хоҳанд кард.
19 Аз боло дар осмон муъҷизаҳо ва аз поён дар замин аломатҳо, яъне хун, оташ ва дуд нишон хоҳам дод.
20 Пеш аз он ки рӯзи бузургу пурҷалоли Худованд бирасад, Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба ранги хун табдил меёбад.
21 Он гоҳ, ҳар касе ки номи Худовандро ба забон гирифта фарёд кунад, наҷот хоҳад ёфт“.
22 Мардони Исроил, гӯш кунед! Исои Носирӣ Мардест, ки ба воситаи Ӯ Худо дар байни шумо корҳои бузург кард ва муъҷизаву аломатҳо нишон дод. Ин ҳама исбот мекунад, ки Исои Носирӣ аз ҷониби Худо омадааст, чунон ки худатон низ медонед.
23 Ӯ мувофиқи нақшаву пешбинии Худо ба дастатон таслим карда шуд. Шумо Ӯро бо дастони ҷинояткорон мехкӯб намуда куштед.
24 Аммо марг Ӯро боздошта натавонист, чунки Худо Ӯро аз ранҷу азоби марг халос намуда, зинда кард.
25 Шоҳ Довуд низ дар бораи Исои Масеҳ чунин гуфтааст: „Худовандро ҳамеша дар наздам мебинам. Ӯ аз тарафи дасти ростам меистад, то ки устувор бошам.
26 Аз ин сабаб дилам шод ва забонам хуш аст. Ҷисмам низ бо умед хоҳад зист.
27 Зеро Ту намегузорӣ, ки ҷонам дар олами мурдагон бимонад ва Марди Поки Ту дар гӯр бипӯсад.
28 Ту ба ман роҳҳои ҳаётро нишон додаӣ ва дар ҳузурат маро аз хурсандӣ пур хоҳӣ кард“.
29 Бародарон! Рӯйирост ба шумо мегӯям: падаркалони мо Довуд аз олам чашм пӯшид ва ба хок гузошта шуд. Қабрашро ҳам то имрӯз мебинем.
30 Азбаски Довуд пайғамбар буд, ӯ медонист, ки Худо қасам хӯрда ваъда додааст, ки тахташро ба насли ӯ медиҳад.
31 Шоҳ Довуд ояндаро дида, фаҳмид, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо зинда мешавад. Бинобар ин, Довуд мегӯяд, ки Худо Ӯро дар олами мурдагон нагузошт ва намонд, ки ҷисми Ӯ дар гӯр бипӯсад.
32 Ҳамин Исоро Худо зинда кард, ки ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем.
33 Сипас Ӯ ба осмон бурда шуда, ба ҷойи беҳтарин, яъне аз тарафи дасти рости Худо Падар шинонда шуд ва аз Ӯ Рӯҳулқудси ваъдашударо гирифта, бар мо рехт, чунон ки ҳоло худатон ҳам мебинеду ҳам мешунавед.
34-35 Шоҳ Довуд худаш ба осмон набаромадааст, аммо чунин мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, дасти ростам бишин»“.
36 Петрус суханашро давом дода гуфт: «Пас, бигзор тамоми халқи Исроил аниқ бидонад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо мехкӯб кардед, Худованд ва Масеҳ кардааст».
37 Инро шунида дили одамон хеле ғамгин шуд ва онҳо аз Петрус ва фиристодагони дигар пурсиданд: «Бародарон, акнун мо чӣ кор кунем?»
38 Дар ҷавоб Петрус гуфт: «Барои бахшида шудани гуноҳҳоятон ҳар яки шумо тавба карда, ҳамчун пайрави Исои Масеҳ таъмид гиред ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед гирифт.
39 Зеро Рӯҳулқудс ба шумову наслҳоятон ва ба онҳое, ки дур ҳастанд, яъне ба ҳамаи онон, ки аз ҷониби Худованд Худои мо даъват мешаванд, ваъда шудааст».
40 Ҳамин тавр Петрус бо суханони зиёд насиҳаткунон гуфт: «Худро аз ҷазое, ки ба сари ин насли пургуноҳ меояд, наҷот диҳед!»
41 Онҳое, ки сухани Петрусро қабул карданд, таъмид гирифтанд. Он рӯз шумораи ҳамроҳшудагон тақрибан се ҳазор кас буд.
42 Онҳо аз фиристодагон пайваста таълим мегирифтанд ва дар ягонагии бародарона зиндагӣ карда, барои дуову шикастани нон ҷамъ мешуданд.
43 Азбаски ба воситаи фиристодагон аломату муъҷизаҳои бисёр нишон дода мешуд, ҳама ба тарсу ваҳм афтода буданд.
44 Ҳама имондорон якҷоя ҷамъ мешуданд ва ҳар чизро бо ҳам тақсим мекарданд,
45 яъне дороӣ ва чизҳои худро фурӯхта, ба онҳое, ки муҳтоҷ буданд, кумак мекарданд.
46 Ҳар рӯз онҳо якдилона дар маъбади Худо ҷамъ мешуданд. Хона ба хонаи ҳамдигар гашта, нон шикаста, аз таҳти дил шодикунон бо ҳам хӯрок мехӯрданд.
47 Ҳамин тавр онҳо Худоро ситоиш мекарданд ва писанди ҳама мардум буданд. Худованд бошад, ҳар рӯз онҳоеро, ки наҷот меёфтанд, ба гурӯҳи онҳо илова мекард.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28