Аъмоли ҳаввориён 8 Боб
1 Шоул низ тарафдори куштани Истефанус буд. Аз ҳамон рӯз сар карда дар шаҳри Уршалим аҳли ҷамоати имондоронро сахт озор медоданд. Ғайр аз фиристодагон ҳамаи имондорон ба шаҳру деҳоти сарзамини Яҳудия ва Сомара пароканда шуданд.
2 Ҳамзамон, мардони худотарс омада, Истефанусро ба хок супурданд ва барои ӯ мотам гирифта, сахт гиря карданд.
3 Шоул бошад аз пайи нобуд кардани аҳли ҷамоати масеҳиён буд. Ӯ хона ба хона гашта мардону занонро кашола карда, бурда ба зиндон меандохт.
4 Дар баробари ин парокандашудагон, ба ҳар ҷое ки мерафтанд, хушхабар мерасонданд.
5 Филиппуси шогирди Исо низ дар яке аз шаҳрҳои Сомара ба одамон дар бораи Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо гап мезад.
6 Вақте ки мардум суханони Филиппусро шуниданд ва диданд, ки муъҷизаҳо нишон медиҳад, ба суханонаш якдилона ва бодиққат гӯш медоданд.
7 Рӯҳҳои нопок бо доду фиғон аз ҷинзадагон берун мешуданд. Маъюбону шалҳои зиёде шифо меёфтанд ва
8 дар тамоми шаҳр хурсандии бузурге ҳукмфармо буд.
9 Он вақт дар шаҳр Шимъун ном марде буд, ки мардуми Сомараро бо ҷодугарӣ дар ҳайрат мегузошт ва худро чун шахси бузург вонамуд мекард.
10 Ҳама хурду калон ба ӯ бодиққат гӯш мекарданд ва мегуфтанд, ки вай қувваи бузурги Худост.
11 Шимъун солҳои зиёд ҳамаро бо сеҳру ҷодуи худ ҳайрон мекард ва аз ин сабаб мардум ба ӯ бодиққат гӯш мекарданд.
12 Вале чун ба хушхабари Филиппус дар бораи Подшоҳии Худо ва Исои Масеҳ гӯш дода, имон оварданд, мардону занон таъмид гирифтанд.
13 Шимъун ҳам бовар кард. Вай низ таъмид гирифта, аз Филиппус дур намешуд, зеро аз дидани чунин муъҷизаву аломатҳои бузург дар ҳайрат монда буд.
14 Дар шаҳри Уршалим фиристодагон чун шуниданд, ки мардуми Сомара ба каломи Худо имон оварданд, ба наздашон Петрусу Юҳанноро фиристоданд.
15 Онҳо расидан замон барои имондорони сомарӣ дуо карданд, то ба онҳо низ Рӯҳулқудс ато шавад,
16 зеро дар Сомара ҳанӯз Рӯҳулқудс ба касе фуруд наомада буд. Онҳо фақат ба номи Худованд Исо таъмид гирифта буданд.
17 Сипас фиристодагон бар онҳо даст гузоштанд ва ба онҳо Рӯҳулқудс дода шуд.
18 Шимъун чун дид, ки ба воситаи дастгузории фиристодагон Рӯҳ дода мешавад, ба онҳо пул оварда,
19 гуфт: «Ба ман ҳам чунин қудрат диҳед, то ба ҳар кас, ки даст гузорам, Рӯҳулқудс дода шавад».
20 Аммо Петрус дар ҷавоб гуфт: «Пулат аз сарат монад. Ту гумон мекунӣ, ки туҳфаи Худоро бо пул харида метавонӣ?!
21 Дар ин масъала ба ту ҳаққу ҳиссае нест, чунки дилат дар назари Худо сиёҳ аст.
22 Аз бадии кардаат тавба намуда, ба Худованд дуо кун, шояд ин нияти бади дилатро бубахшад.
23 Мебинам, ки дилат пур аз ҳасад ва ту пойбанди гуноҳ ҳастӣ».
24 «Дар ҳаққи ман ба Худованд дуо кунед, – хоҳиш кард Шимъун, – то аз он чи гуфтед, чизе ба сарам наояд».
25 Сипас фиристодагон дар бораи Исои Масеҳ шаҳодат дода, каломи Худовандро паҳн карданд ва гашта ба Уршалим равона шуданд. Онҳо роҳравон дар бисёр деҳоти сарзамини Сомара хушхабар мерасонданд.
26 Фариштаи Худованд ба Филиппус чунин гуфт: «Бархезу бо роҳи биёбон, ки аз Уршалим ба шаҳри Ғазза меравад, ба ҷануб бирав».
27-28 Ӯ бархоста равона шуд. Дар роҳ ӯ марди ҳабашиеро дид, ки барои парастиш ба Уршалим сафар карда, акнун ба ватанаш бармегашт. Он мард хизматгор ва нигаҳбони хазинаи Кандока – маликаи кишвари Ҳабашистон буд. Вай бар аробааш нишаста, китоби пайғамбар Ишаъёро мехонд.
29 Рӯҳулқудс ба Филиппус гуфт: «Ба ароба наздик шуда, баробари он бирав».
30 Филиппус давида ба он наздик шуд ва шунид, ки марди ҳабашӣ китоби пайғамбар Ишаъёро мехонад. Филиппус аз вай пурсид: «Оё маънои он чиро, ки мехонӣ, мефаҳмӣ?»
31 Марди ҳабашӣ ҷавоб дод: «Агар касе ба ман нафаҳмонад, чӣ хел фаҳмам?» Пас аз Филиппус хоҳиш намуд, ки ба ароба савор шуда, бо вай нишинад.
32 Порчае, ки марди ҳабашӣ аз навиштаҷот мехонд, ин буд: «Ӯ чун гӯсфанде, ки ба куштан бурда мешавад, хомӯш буд ва мисли баррае дар назди пашмтарошон даҳонашро накушод.
33 Ӯро паст заданд ва аз рӯйи инсоф ҳукм накарданд. Кӣ метавонад дар бораи насли Ӯ сухан гӯяд? Зеро ҳаёти Ӯ аз замин канда шуд».
34 Хазинадор аз Филиппус пурсид: «Хоҳиш мекунам, бигӯ, ки ин суханро пайғамбар дар бораи худаш гуфтааст ё каси дигар?»
35 Филиппус аз ҳамин порчаи навиштаҷот сар карда ба вай дар бораи Исо хушхабар расонд.
36-37 Инак, роҳравон онҳо ба ҷойи серобе расиданд ва хазинадор гуфт: «Ана об! Чаро таъмид нагирам?!»
38 Сипас ӯ фармуд, ки аробаро боздорад ва ҳар ду – Филиппус ва хазинадор, ба об даромаданд. Филиппус ӯро таъмид дод.
39 Чун аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро гирифта бурд. Хазинадор дигар ӯро надид ва роҳашро хурсандона давом дод.
40 Филиппус бошад, дар шаҳри Ашдӯд пайдо шуд. Ӯ шаҳр ба шаҳр гашта то рӯзе, ки ба шаҳри Қайсария расид, дар ҳама ҷо хушхабар эълон мекард.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28