Аъмоли ҳаввориён 16 Боб
1 Павлус ба шаҳри Дарба расид ва аз он ҷо ба шаҳри Лустра рафт. Дар он ҷо Тимотиюс ном шогирди Исо зиндагӣ мекард. Модараш яҳудии имондор, аммо падараш юнонӣ буд.
2 Имондорони лустрагӣ ва қуниягӣ Тимотиюсро таъриф мекарданд.
3 Павлус хост ӯро бо худ барад. Аз ин рӯ ӯро хатна намуд, чунки ҳамаи яҳудиёни он ноҳия медонистанд, ки падари Тимотиюс юнонӣ буд.
4 Онҳо аз шаҳр ба шаҳр гашта, талаб менамуданд, ки фармони дар Уршалим баровардашудаи фиристодагону роҳбарони ҷамоатро иҷро намоянд.
5 Ҳамин тавр ҷамоатҳо дар имон устувор гардида, рӯз ба рӯз зиёд мешуданд.
6 Павлус ва ҳамроҳонаш замини байни ноҳияҳои Фриҷия ва Ғалотияро тай намуда гузаштанд, чунки Рӯҳулқудс нагузошт, ки хушхабарро дар вилояти Осиё паҳн кунанд.
7 Вақте ба ноҳияи Мисия расиданд, кӯшиш намуданд, ки ба вилояти Битуния равона шаванд, лекин Рӯҳи Исо ба онҳо иҷозат надод.
8 Аз ин сабаб онҳо Мисияро гузашта, ба шаҳри Трӯос рафтанд.
9 Шабона дар назари Павлус аён шуд, ки марди мақдуние истода, аз ӯ чунин хоҳиш мекунад: «Ба вилояти Мақдуния омада, ба мо ёрӣ деҳ».
10 Пас аз аён шудани ин мард, мо дарҳол омода шудем, ки ба Мақдуния равем. Зеро фаҳмидем, ки Худо моро даъват кардааст, ки ба онҳо хушхабарро расонем.
11 Дар шаҳри Трӯос мо ба киштӣ савор шуда, рост ба ҷазираи Сомӯтрокӣ шино кардем ва рӯзи дигар ба бандари Ниёпулис расидем.
12 Сипас аз он ҷо ба шаҳри Филиппӣ рафтем, ки шаҳри асосии вилояти Мақдуния ва зери итоати Рум буд. Дар он шаҳр мо якчанд рӯз истодем.
13 Рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат мо аз дарвозаи шаҳр баромада, ба лаби дарё рафтем. Гумон кардем, ки он ҷойи дуогӯйӣ буд. Чун расидем, нишаста, бо заноне, ки ҷамъ омада буданд, суҳбат кардем.
14 Яке аз онҳо савдогари матои бунафшранги қиматбаҳо аз шаҳри Тиётиро буд. Ӯ зани худотарс буда, Лидия ном дошт. Ӯ ба суханони мо гӯш мекард ва Худованд дили вайро барои қабул кардани суханони Павлус кушод.
15 Баъд аз он ки вай бо аҳли хонаводааш таъмид гирифт, аз мо хоҳиш кард: «Агар маро дар ҳақиқат пайрави Худованд шуморед, омада, дар хонаи ман меҳмон шавед». Ӯ бисёр илтимос кард ва мо розӣ шудем.
16 Рӯзе, вақте ки ба ҷойи дуогӯйӣ мерафтем, канизе ба мо вохӯрд, ки рӯҳи фолбинӣ дошт ва аз фолбинӣ ба соҳибонаш даромади калон меовард.
17 Вай аз паси мову Павлус гашта, фарёдкунон мегуфт: «Ин одамон хизматгорони Худои Таоло ҳастанд. Онҳо ба шумо роҳи наҷотро эълон мекунанд».
18 Вай якчанд рӯз ҳамин тавр мекард. Дар охир ин кор ба ҷони Павлус зад ва ӯ гашта ба рӯҳи фол гуфт: «Ба номи Исои Масеҳ ба ту фармон медиҳам, аз вай баро!» Рӯҳи фол дарҳол аз вай берун шуд.
19 Аммо чун соҳибони каниз диданд, ки умеди даромадашон барбод рафт, Павлусу Силоро дастгир намуда, ба майдони шаҳр, назди қудратмандон кашолакунон бурданд.
20 Онҳоро ба назди сардорони шаҳр оварда, гуфтанд: «Ин одамони яҳудӣ сабабгори нооромии шаҳрамон шудаанд.
21 Онҳо расму ойинеро таълим медиҳанд, ки ба мо – румиён, манъ ва қабулнопазир аст».
22 Тӯдаи одамон ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба Павлусу Сило зид баромаданд. Сардорон фармон доданд, ки либоси Павлусу Силоро кашида, онҳоро калтаккорӣ кунанд.
23 Ҳамин тавр онҳоро хуб кӯфта, ба зиндон партофтанду ба зиндонбон фармуданд, ки онҳоро бодиққат посбонӣ кунад.
24 Зиндонбон чунин фармонро шунида, онҳоро ба зиндони дарунӣ андохт ва пойҳояшонро бо кунда ва занҷир баст.
25 Тахминан нисфи шаб Павлусу Сило дуо мекарданд ва суруд хонда Худоро ситоиш менамуданд. Бандиёни дигар онҳоро гӯш мекарданд.
26 Баногоҳ заминҷунбии сахте шуд, ки таҳкурсии зиндонро ба ларза овард. Ҳамон лаҳза ҳамаи дарҳои зиндон кушода ва занҷирҳои ҳама бандиён канда шуданд.
27 Зиндонбон бедор шуда, чун дарҳоро кушода дид, шамшерашро кашида худро куштанӣ шуд, зеро ба гумонаш бандиён гурехта буданд.
28 Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худ зарар нарасон, ҳамаи мо ин ҷо ҳастем!»
29 Зиндонбон чароғ талаб карда, давон ба зиндон даромад ва ларзон пеши пойҳои Павлусу Сило афтод.
30 Сипас онҳоро берун бароварда пурсид: «Эй оғоён, барои наҷот ёфтан чӣ бояд кунам?»
31 Онҳо ҷавоб доданд: «Ба Худованд Исо имон овар. Он гоҳ бо тамоми хонаводаат наҷот меёбӣ».
32 Ҳамин тавр онҳо ба ӯ ва аҳли хонааш каломи Худовандро гуфта доданд.
33 Худи ҳамон соати шаб зиндонбон захмҳои онҳоро шуст ва дарҳол бо тамоми хонаводааш таъмид гирифт.
34 Сипас Павлусу Силоро ба хонааш бурда, меҳмон кард. Зиндонбон ва аҳли хонаводааш бисёр хурсанд буданд, ки ба Худо имон оварданд.
35 Саҳарӣ сардорони шаҳр ба назди зиндонбон якчанд сарбоз фиристода, фармон доданд, ки он одамонро озод кунад.
36 Зиндонбон суханони онҳоро ба Павлус расонд: «Сардорон фармон додаанд, ки шуморо озод кунам. Ҳоло метавонед бо сулҳ баромада равед!»
37 Аммо Павлус ба сарбозон гуфт: «Онҳо моро, ки шаҳрвандони Рум ҳастем, бе ягон доварӣ дар пеши мардум калтаккорӣ карда, ба зиндон партофтанд. Ҳоло бошад мехоҳанд, ки моро пинҳонӣ сар диҳанд? Ин хел намешавад, бигзор худашон омада, моро озод кунанд!»
38 Сарбозон ин суханонро ба сардорон расонданд. Сардорон шаҳрвандони Рум будани Павлусу Силоро фаҳмида, ба тарс афтоданд.
39 Онҳо худашон рафта, аз фиристодагон узр пурсиданд ва онҳоро аз зиндон бароварда, хоҳиш намуданд, ки шаҳрро тарк намоянд.
40 Аз зиндон баромада, Павлус ва Сило ба хонаи Лидия рафтанд. Дар он ҷо бо имондорон вохӯрданд ва онҳоро рӯҳбаланд намуда, шаҳрро тарк карданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28